ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА

222

Имрӯз (29.12.2020) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

 Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, беҳтар намудани барномаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.