ТАШРИФИ САФИРИ СЛОВАКИЯ БА ДОНИШГОҲ

466

Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Борӣ бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., ки имрӯз (29.03.2022) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илму фарҳанг, мустаҳкам намудани робитаҳо ва табодули устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Словакия буд.

Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро бо вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва неруи илмии донишгоҳ муфассал ошно намуда, афзуд, ки донишгоҳ бо чандин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.  

Сафири Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон дар навбати худ роҷеъ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳирии Словакия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои илмию таълимӣ такмил дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.