ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ АКАДЕМӢ БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

266

Барои натиҷагирӣ аз нимсолаи таҳсили сипаригашта вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети физика доир гардид.

Дар вохӯрӣ самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан дар робита ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) садорат ва мудирони кафедраҳо дастуру супоришҳо мушаххас гирифта, таъкид шуд, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ва гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки таъсиси гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ дар факултети физика талаботи замон аст.

Дар охир таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултет бояд чораҳои зарури андешанд.