ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

138

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ки барои муттаҳид намудани ҷавонон ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдориву бунёдкории он замина мегузорад, вохӯрии ҷавонон, аз ҷумла Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷавонон ва кормандони КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” баргузор гардид.

Дар вохурӣ масоили тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан намуданд.

Мақсад аз вохӯрии мазкур омӯзиши суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо буд. Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Пешвои миллат атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дастовардҳои назарраси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ба даст овардаанд, ки далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегарданд.

Дар зимн ба намояндаи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии мазкур “Сипоснома”-и КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” дода шуд.