ТАВАҶҶУҲ БА ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

321

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандону омӯзгорони ҷавони факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтӣ, инчунин, кормандони Институти илмию тадқиқотӣ ва Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ фаъолияти кормандону омӯзгорони ҷавон дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан гуфта шуд, ки омӯзгорони ҷавон бояд ба низоми таълим, тарбия ва илм таваҷҷуҳи бештар дошта, ибтикороту дастовардҳои тозаеро рӯйи даст гиранд. Кормандоне, ки рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд, ба корҳои илмӣ – таълимӣ ҷалб гардида, дар якҷоягӣ бо садорату мудирони кафедраҳо дар рушди донишгоҳ саҳми назаррас гузоранд.

Интизоми меҳнат, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ, сайқал додани дониш ва маҳорати забондонӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, саҳм гузоштан дар корҳои тарбиявию таълимӣ, фаъолона иштирок намудан дар нашри мақолаҳои илмию омавӣ, иштирок дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба аз ҷумлаи масъалаҳои дигари вохӯрӣ буданд, ки аз ҷониби Ректори донишгоҳ мавридӣ таҳлил қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки тамоми фаъолияти кормандону омӯзгорон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, минбаъд кормандону омӯзгороне ки фаъолияти назаррас нишон медиҳанд, аз пештара бештар дастгирӣ меёбанд.