ТАВАҶҶУҲИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

886

Имрӯз (02.02.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва наздик ба 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ соли 2020-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2021-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисон ҷамъбаст намоянд.

 Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, инчунин, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар ва ташкил намудани боздиди рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Зимни нишаст рӯзноманигорон роҷеъ ба Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ саволҳои зиёд доданд ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иттилоъ доданд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот – 11-уми март боздиди рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ ва шароити илму таълим дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ташкил карда мешавад.