ТАВСИЯҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ СОҲАИ ТИБ

85

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалиро ташкил кунанд ва ҷомеаро ба мутахассисони соҳибкасби тиббӣ таъмин созанд.

Боиси хушнудист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб зиёд гардида, дар ин самт ибтикороти назаррасеро рӯйи даст гирифта мешавад.

Ин масъала зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҳайати устодону хатмкунандагони факултети тиббӣ, ихтисоси кори табобатии Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба хатмкунандагон тавсияҳои муфид дода, изҳор дошт, ки ҳамчун ворисони асили Ибни Сино дар самти беҳдошти солимии ҷомеа камари ҳиммат банданд.

Зимнан гуфта шуд, мутахассиси соҳаи тиб бояд дорои рафтору гуфтори нек ва дониши намунавӣ бошад. Ба қавли Пешвои муаззами миллат: “Табиб бояд дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошад”.

Омодагиҳо ба имтиҳонҳои хатм ва ҷараёни таҷрибаомӯзӣ масъалаҳои дигари вохӯрӣ буданд, ки дар ин самт дастурҳои мушаххас дода шуд.