Иди Тиргон – 1-уми июл, (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025, №2147)
Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бузурги миллии мо ҷойгоҳи хоссае дошт ва имрӯз ҳам дорад. Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ Ҷашни Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир, баробар ба ҳафтаи аввали моҳи июл, ки он рӯзро низ, Тир меномиданд, баргузор мегашт. Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориашро 1 июл ҳисобидаанд. Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Тиргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар аксари онҳо омадааст, ки ҷашни мазкур дар рӯзи сенздаҳуми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Барои расиши гандум ва гузаронидани кишти такрории зироат ба кишоварзон ҳатман об лозим буд. Аз ин лиҳоз, мардум бо шодию нишот ҷашни Тиргонро баргузор намуда, хоҳишманд буданд, ки борон бошад ва аз хушксолӣ нишоне набошад. Бинобар ин, парастиши об дар байни мардуми тоҷик решаи қадима дорад. Агар ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин, Меҳргон ба рӯшноию ҳаво, ҳосили зироат вобаста бошад, ҷашни Тиргон бевосита ба об иртибот дошта, онро ҷашни расиши гандум ва ҷашни об гуфтан мумкин аст. Яъне ҷашнҳои мавсимии кишоварзони тоҷик ба чор унсури ҳаётовар – об, ҳаво, хок ва оташ бевосита иртибот дошта, асоси табиӣ доранд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “дастбанди тиру бод” иҷро мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Аслан, Ҷашни Тиргон ба фарорасии фасли тобистон, моҳи июн рост омада, дар ин рӯз Офтоб ба қуллаи баландтарини худ расида, рӯзи аз ҳама дарозтарин ҳисобида мешавад. Гармиҳои тобистон акнун шуруъ мегарданд. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд.
Мо бояд ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои миллии хеш таҷлил намоем. Чуноне, ки Президенти кишвар гуфтаанд: “Ин оинҳои бостонии ориётаборон бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.
Дар ҳақиқат, бо гузашти замон расму оинҳо, аз ҷумла ҷашнгирии Тиргон, тағйир ёфт. Дар шароити рушди технологияи муосир ба кишоварзони мо лозим аст, ки дар арафаи Ҷашни Тиргон чорабиниҳо, аз ҷумла таъмири иншооти об, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, омода кардани замин ба кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳои зудрас ва кишти саривақтии онҳоро, ба сомон расонанд. Ҳамзамон, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироатҳо, омодагӣ барои сари вақт ҷамъоварии ҳосилу коркарди он ва ғайра мувофиқ ба ин Ҷашни муҳим аст.
Дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросимҳои даъвати борон ба монанди: ашаглон, сусхотун, чиллахотун ва ғайра гузаронида мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешуморид. Бинобар ин, дар байни халқ то ҳол ақидаи «Обу ҳаёт» мавҷуд аст. Пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, самаранок ва оқилона истифодабарии он, қабули даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ба расму оинҳои ҷашни қадимаи миллии мо – Тиргон иртибот доранд.
Ин маросимҳо унсурҳои аслии ҷашни Тиргон, ки яке аз ҷашнҳои бошукуҳи ниёгонамон ориёиҳо мебошад. Аз ин рӯ дар шароити имрӯза, ки авҷи раванди ҷаҳонишавиро дар пай дошта, боиси азбайн рафтани арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ ба нестшавии фарҳанги миллатҳо оварда расонидааст, ҳифзи ин арзишҳои миллӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон мебошад хеле зарурӣ мебошад. Ин нуктаро дарк карда ҳукумати кишвар бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ бо қабули барномаҳои гуногун мекӯшад, то ин арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷикро аз нав эҳё ва ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гардонад.
Таҳияи Шарифзода Ҷ.А.