ТОҶИКОН ДАР ЗАМОНИ ҲУКУМАТИ СУЛОЛАИ АШТАРХОНИҲО (1598-1753)

637

Имрӯз (22.06.2023) дар маҳфили “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” дар асоси фасли 5-ум боби дуюми китоби “Тоҷикон”- и академик Б. Ғафуров мавзуи “Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Ҷониён” (асри 17 – нимаи аввали асри 18) аз ҷониби н.и.т., дотсент Шарипов Ҷамолиддин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки мавзуи мазкур дар китоби “Тоҷикон” аз лиҳози мазмуну муҳтаво дар доираи се зербоб шарҳу тавзеҳ дода шудааст: таърихи сиёсӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маданияти моддӣ ва маънавӣ.

Сарравал оид ба вазъи сиёсии сарзаминҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳру Хуросон дар аҳди ҳукумати аштархониҳо сухан рафта, қайд гардид, ки дар зери таъсири муборизаҳои дохилӣ ва ҳаракатҳои марказгурезӣ мақоми ҳокимияти хонҳои Бухоро хеле коста гардида буд. На ҳама хонҳои аштархонӣ тавонистанд, зимоми ҳукуматро самаранок ба даст гиранд. Ҷанҷолҳои дохилӣ сабаби ба амал омадани моҷароҳои сиёсӣ ва даргириҳои шадид дар минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин мегардид. Давлати Аштархониён дар умум нотавон буда, аксаран ҳудудҳои худро дар натиҷаи мубориза муқобили Сафавиёни Эрон ва Темуриёни Ҳинду Хева аз даст дод. Аз лиҳози сиёсӣ ҳаёти халқи тоҷик хеле тирра буд.

Ҷангу ситезаҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии манотиқи тоҷикнишин таъсири манфӣ расонида боиси буҳронҳои зиёд гардида буд. Ҳамчунин дар зери таъсири руҳониёни мутаассиб ва заминдорону феодалони ҷоҳил марказҳои илмӣ ва фарҳангии тоҷикон дар Мовароуннаҳру Хуросон аҳаммияти худро аз даст доданд. Аз маълумоти сарчашмаҳои таърихие монанди “Таърихи Саид Роқим”. “Убайдулономма”, “Таърихи Муқимхонӣ” ва ашъори Сайидои Насафӣ бармеояд, ки ҳаёти иҷтимоии тоҷикон дар ҳоли хеде мураккаб қарор гирифт.

Новобаста ба ситезаҳои дохилии аёну ашрофи аштархонӣ ба тоҷикон муассар гардид, ки фарҳангу асолати худро то ҷое ҳам бошад ҳифз намоянд.