ВАЗИРИ МАОРИФИ УКРАИНА ДАР ДОНИШГОҲ

541

Дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳо ва рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни Донишгоҳи миллӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овард. Сергей Шкарлетро сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк Василий Николаевич, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ҳамроҳӣ намуданд.

Меҳмонон аз «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода», Маркази тестӣ, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ боздид намуданд. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз боздиди меҳмонон шиносоӣ аз ҷараёни таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дӯстона буд.