ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИНТИХОБОТ

212

25 феврали соли 2021 дар толори асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон видеоконференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки онро Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар мавзӯи “Интихоботи демократӣ ва интихоботи озод дар ҷамеаи иттилоот” ташкил намуда буд.

Дар оғоз ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. дар робита ба муҳиммияти мавзӯи ҳамоиши онлайнӣ суханронӣ намуд. Сипас Сафарзода Б. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии стандартҳои интихобот”, Диноршоҳи А. М. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мавзӯи: “Баҳсҳои интихоботӣ ҳамчун як навъ баҳсҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ”, Садизода Ҷ. – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент дар мавзӯи “Мазмун ва моҳияти принсипи овоздиҳии пинҳонӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Дар видеоконференсия олимон ва мутахассисон аз Федератсияи Русия, Арманистон, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ширкат варзиданд.

Дар охир вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён мубоҳиса сурат гирифт.