ВОХӮРӢ: ҶАВОНОН БОЯД ҲУШЁРУ ЭҶОДКОР БОШАНД

575

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ бо мақсади пешгирӣ, мубориза ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯён вобаста ба террозиму экстремизм оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вӯхӯрӣ бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Нишастро мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Н. оғоз намуда, афзуд, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо шуморида шуда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа ҳушёриву зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таъмини амнияти шахсии ҳар шаҳрванд, мубориза бо терроризму экстремизм, ки ба амнияти милливу ҷамъиятӣ хатар доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати муҳим қабул намудааст».

Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбек Ғуломзода, доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ диққати асосиро ба ҷилавгирии ҷавонон ҷиҳати напайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва баргардонидани ҷавонони гумроҳ, ки дар хориҷи кишвар ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ пайвастаанд, равона намудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд.