ВОХӮРӢ: БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУТОБИҚ НАМУДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

53

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони қисми таълими донишгоҳ нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди шарҳ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва умуман фаъолияти сохторҳои тобеъи раёсати таълим баррасӣ гардид.

“Масъулини самти таълим барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобасдагии зиёд дорад. Назорати давомоти донишҷӯён, фаъолияти сарпарастони факултетҳо, корбарии масъулини бахши тестҳо ва технологияи иттилоотӣ, самти ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми сохторҳо, ҳамзамон, назорати фаъолияти магистрантону таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ бояд аз пештара бештар назорат гардаду қисман таҷдиди назар шаванд” –гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки дар робита ба амали гаштани нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат оид ба рушди сифати таҳсилот ва дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки технология дар низоми таълим ба таври беназир инкишоф ёфтааст, омода ва ҷалб намудани кадрҳои баландихтисос муҳм ва саривақтӣ мебошад. Ин иқдом дар самти мутобиқ намудани сифати таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи ҷаласа муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н. ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Э.Тавқиев дар самти бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки масъулин бояд ба фаъолияти хеш аз пештара бештар масъулият эҳсос намояд.