ВОХӮРӢ БО ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ

278

Имрӯз раёсати илми ДМТ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М. бо донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ омодагиҳо мебинанд, вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ба дастаи олимпӣ дар самти мустаҳкам намудани донишҳои илмӣ-амалӣ ва пайваста иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дода шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён-ҷавонони лаёқатманду илмдӯстро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи донишҷӯёни донишгоҳ пайваста дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.