ВОХӮРӢ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ”

931

Бо ибтикори роҳбарияти ДМТ давоми соли ҷорӣ озмунҳои донишгоҳии “Соли 2021 – Соли рушди сифати таҳсилот дар ДМТ”, “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол” ва “Донишҷӯи сол” эълон гардида буд. Аз ҷониби намояндагони раёсати донишгоҳ ва устодони соҳибтаҷриба комиссия ташкил шуда, номзадҳои пешниҳодшуда мавриди омӯзиш қарор доранд.

Чанде қабл дар толори хурди бинои асосии донишгоҳ масъулин бо донишҷӯёни пешниҳодшуда ба озмуни “Донишҷӯи сол” вохӯрӣ анҷом доданд. Дар озмуни мазкур аз чордаҳ факултет садоратҳо донишҷӯёни намунавиро пешниҳод намуданд. Аммо, дар вохӯрӣ бо аъзои комиссия намояндаи ёздаҳ факултет иштирок намуд.

Тибқи иттилои масъулин нафарони пешниҳодшуда ва иштирокнамуда ҳамаҷониба омӯхта шуда, дар рӯзҳои наздик ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол дар ДМТ – 2021” эълон мегардад.