ВОХӮРӢ: ОМОДА НАМУДАНИ МЕНЕҶЕРОНИ КАСБӢ

1006

Тағйирёбии ҷаҳони муосир ва талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалии соҳаи иқтисод нишон медиҳанд, ки мунтазам ба ҷараёни таълим ва сифати касбомӯзии мутахассисон бознигарӣ карда шуда, давоми ҳар сол усулҳои нави кориро пеш бояд гирифт. Яъне, дар асри XXI иттилоот ва вақт ба яке аз омилҳои муҳимми истеҳсолӣ мубаддал гаштаанд. Бо талаботи замон қадам ниҳодан, истифода бурдани воситаҳои ҳозиразамони иртиботиву иттилоотӣ, дониш афрӯхтан аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, донистан ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар хусусияту сифат барои менеҷер дар шароити иқтисоди бозорӣ муҳим мебошад. Маҳз ҳамин гуна сифатҳоро дар қалби идоракунандагон ё худ менеҷерони ояндаи мамлакат ҷойгир кардан вазифаи коллективи устодону кормандони факултети иқтисод ва идора мебошад.

Ин нукта зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети иқтисод ва идора садо дод.

Зимнан ректори донишгоҳ дар самти пешбурди корҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию байналмилалии факултет дастурҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки дар фаъолияти факултет чанде аз мушкилиҳо, аз қабили дуруст ба роҳ намондани ҳимояҳои номзадию докторӣ, пайваста нагузаронидани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва истифода накардан аз усулҳои муосири низоми таълиму тарбия дида мешавад, ки ҳалли онҳо ниҳоят муҳим буда, дар самти омода намудани идоракунандагон ё худ менеҷерони касбӣ мусоидат менамоянд.