ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ДОИРАИ ШӮРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

533

23-25-уми марти соли равон дар доираи татбиқи бандҳои дахлдори Комиссияи 17-уми байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия гурӯҳи кории Федератсияи Русия барои баррасии масъалаҳои лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

24-уми марти соли равон меҳмонон аз Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ва Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, аз ҷумла Пахомов Сергей Иванович –сардори Депортаменти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Горожанкина Елена Михайловна – муовини роҳбари Дирексияи байналмилалӣ, Матскевич Игор Михайлович – саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ ва Моловтсева Олга Дмитриевна–муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдулҳаким Розиқзода – раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода – муовини вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва Маъруфи Расул – мудири шуъбаи аттестатсияи илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ байни кишварҳо муколамаи созанда сурат гирифт. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҷониби Русия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи Созишномаи алоҳида ба таври мукаммал тасдиқ мекунад. Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки барои омӯзиши минбаъдаи ин масъала, аз ҷумла, заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва имконоти имконпазири ҳамкории зич дар самти эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Дар робита ба ин масъала дар бинои асосии Донишгоҳи миллӣ меҳмонон ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Д.Б., ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. бо аъзоёни шӯроҳои диссертатсионии КОА-и ФР дар ҶТ амалкунанда вохӯрӣ анҷом доданд. Меҳвари вохӯриро баррасии мушкилоти шӯроҳои диссертатсионӣ, бартараф намудани монеаҳо дар ин самт ва рушд бахшидани ҳамкории шӯроҳо ташкил намуд.