ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

952

Имрӯз (24.02.2021) дар доираи нақша-чорабиниҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи миллӣ вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳиммияти мавзӯи нишаст ва нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, афзуд, ки «Паём муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи ҷумҳурӣ, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд. Дар Паёми Президенти мамлакат масъалаҳои пешрафти маорифи кишвар хеле назаррас буда, имконият медиҳанд, ки боварии кормандони соҳаи маориф ба ояндаи дурахшони кишвар ва фардои он таҳкиму тақвият ёфта, моро ба фатҳи нав ба нав дар ҷодаи касби хеш ҳавасманд менамояд».

Сипас М.Муинӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат ироа гардидани Паём ва муайян гардидани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат яке аз рукнҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистонро нишон медиҳад». Таъкид намуд, ки соли равон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузории барномаҳои зиёди дохилию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, хусусан ҷавонон уҳдадоранд, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор шудани ин гуна чорабиниҳо саҳми арзанда гузоранд ва обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд бардоранд.

Дар идомаи вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худдорӣ аз амалҳои ифротӣ ва тақвият додани  зиракии сиёсӣ андешаҳои ҷолиб сурат гирифта, нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ махсус арзёбӣ гардид.