ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

734

Имрӯз (21.11.2020) дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ дар мавзӯи «Нақши забоншиносии муқоисавӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ» мизи гирди илмию назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р.А. оғоз ёфт. Баъдан номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи мазкур О. Иқболов дар мавзӯи «Хусусиятҳои семантикии зарбулмасалу мақолҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» ва муаллимаи калони кафедра Н. Ёралиева оид ба мавзӯи «Услуби истифодаи истилоҳи «Сарв» дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (Муқоиса)» суханронӣ намуданд. Нишаст бо суолу ҷавоб хотима ёфт.