Таҳти ин унвон имрӯз (23.04.2025) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1160- Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси факултети химия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Дар ҳамоиш қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳё ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик корҳои шоёне карда истодаанд, ки намунааш таҷлили 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ мебошад. Вобаста ба эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои илму адаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд кардаанд: омӯхтани зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи илму адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.
Гуфта шуд, ки Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аз зумраи он нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ, аз ҷумла кимиё саҳми калон гузоштааст. Дар идома аз ҷониби олимони соҳаи химия Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо, Каримзода Маҳмадқул Бобо, Раҷабзода Сироҷиддин Икром, Файзуллозода Эркин Фатҳулло, Давлатшоева Ҷаҳонгул Асанхоновна, Бобокалонов Тоҷиддин Баротмаҳмадович ва Ҷурабеков Убайдулло Маҳмадсафиевич маърӯзаҳои мурмуҳтаво оид ба мавзуҳои “Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ”, “Андешаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ оид ба таснифоти моддаҳои кимиёӣ”, “Саҳми Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми кимиё”, “Нақши Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми тиб ва кимиё: таҷассуми нобиғаи илмии асри миёна” ва “Муҳаммад Закариёи Розӣ – кимиёшиноси барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ” ироа шуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илми кимиё пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардан ва истифодаи кислотаи сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро бо буғронии маводи қандӣ ва нишоиста ва кислотаи сулфатро бо таҷзияи зочи сабз, яъне сулфати мис ба даст овард. Закариёи Розӣ нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигар бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият дода, барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хубе гузоштааст, бинобарин ҳам ӯро падари илми кимиёи амалӣ мегӯянд.
Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Асари машҳуртарини ӯ дар ин самт «Китоб – ул асрор» ва ё “Розҳои санъати кимиё” ва «Ал Мадхал ат таълимӣ» ва ё “Роњнамои омўзиши санъати кимиё” ба ҳисоб мераванд. Закариёи Розӣ дар таҳқиқотҳои худ дар масъалаи тақсим кардани металҳо саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз метал сохтани асбобҳоро барои таҷрибаҳои кимиёӣ ва баъдан гудохтани маъданҳоро дар онҳо баён доштааст. Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун низ пешниҳодҳои судманд кардааст.
Абубакри Розӣ ҷараёнҳои кимиёӣ, ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсияро дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок кардааст. Ӯ аввалин шахсе буд, ки спиртро дар тиб истифода кардааст.
Ҳамчунин Закариёи Розӣ тариқаҳои тоза кардани моддаҳо, софкунии моеъҳо, ҳал кардани металл дар симоб (ба даст овардани амалгама) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати сахт якбора ба газ табдил ёфтани модда, яъне тасғия ва ё сублиматсияро кашф кардааст. Ӯ аввалин шуда моддаҳои кимиёиро ба узвӣ (органикӣ) ва ғайриузвӣ (ғайриорганикӣ) ҷудо кардааст. Дар мавриди омӯзиши илми кимиё Розӣ фикрҳои ҷолиби диққат пешниҳод намудааст. Ӯ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми кимиёро ба се зина ҷудо менамояд: омӯзиши моддаҳо, асбобҳо ва равандҳо. Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи кимиё олимони Ғарб дар асри 17 истифода бурдаанд. Масалан, кимиёдони ҳолландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои кимиёӣ»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир равандҳои кимиёӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар зимн оид ба масъулаҳои мубрами маърӯзаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.



