Дар доираи Нақша – чорабиниҳои бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси навбатии курси омӯзишии «Зан – сарвар» дар мавзуи «Этикаи роҳбарӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода доир шуд. Мавсуф вобаста ба самти фаъолияти корӣ, таҷрибаҳои роҳбарӣ ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеа рӯз то рӯз тақвият ёфта, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.
Ҳамчунин, зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба одоби роҳбарӣ, муоширати касбӣ, масъулиятшиносӣ ва тарзи дурусти муносибат бо ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифт.
Курси мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллӣ ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2030» роҳандозӣ гардидааст.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои роҳбарӣ, одоби муошират ва рушди фаъолияти касбӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.











