ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

225

(Мақолаи ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., дар саҳифаҳои АМИТ “Ховар”)

Сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой натиҷаи татбиқи сиёсати сулҳофарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва шарафу шони халқи тоҷик аст.

Мураккабшавии авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, андешаи солим ва дурандешонаро барои таъмини сулҳу субот ва амнияту осоиши сартосарӣ дар минтақа ва ҷаҳон тақозо мекунад. Дар ин раванд, талошҳои хастанопазири шахсиятҳои барҷастаи миллатҳо намоёнтар хоҳад шуд, ки метавонад халқеро аз вартаи муҳлик бираҳонад ва ҷомеаро ба сӯйи осоишу эминӣ раҳнамун созад. Чун сухан аз мардони хоссаи сиёсат меравад, воқеаҳои чанд соли охир собит карданд, ки шахсияте ба танҳои метавонад бори масъулият бикашад, авзоро комилан тағйир бидиҳад ва амалаш сазовори омӯзиш бигардад. Дарназар дошта мешавад, Иҷлосияи XVI-уми таърихии тақдирсоз, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб ва муаррифӣ кард. Аз рӯзҳои нахусти ба арсаи сиёсат ворид шудан, Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Масири таърих нишон дод, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои халқи тоҷик роҳи дурусти расидан ба ояндаи дурахшон ва бунёди сулҳи сартосарӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Айни ҳол, мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои суботу оромӣ ва амнияти дастаҷамъӣ пайи амалисозии мақсаду мароми худ мебошанд. Аз баршумурди ҳаводиси таърихӣ барои миллати тоҷик метавон натиҷа гирифт, ки дар замири Пешвои миллат бунёди сулҳу субот, осоиш ва ҳамгироӣ азалист. Фазилатҳои хуҷастаи Пешвои миллат мувофиқ ба андарзи хирадмандонаи ниёкон аст: “Ҳар киро фикрати саҳеҳ бувад, нутқи ӯ аз сидқ бувад амали ӯ аз ихлос”.

Дақиқтар бингарем, сиёсатмадорон ва сиёсатшиносони ҷаҳон хидматҳои Пешвои миллатро аз пиндори мо фаротар тавзеҳ медиҳанд. Корномаи Роҳбари давлатро на танҳо мо – тоҷикон, балки халқҳои ҳамзабону ҳамҷавор ва сиёсатмадорони ҷаҳон эътирофу арҷ мегузоранд. Дар шуҷоат ва сарсупурдагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳ, дар хориҷи кишвар навиштаҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, дар китоби В. Сухомлинов ва Г. Шалаев зери унвони “Роҳ ба сӯйи созиш” аз мулоқоти 11 декабри соли 1996 дар деҳаи Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон манзараи аҷибе ёд мешавад. Бинобар навиштаи рӯзноманигорон, вақте аз ҷойи мулоқот, ки ғайричашмдошт ва ба қавле иродаи Президентро озмудани буданд, хабар доданд, бе ягон дудилагӣ розӣ шуд: – Ман таёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст ки вохӯрӣ судманд бошад. Рӯзноманигорон чанд нуктаи ҷолиби дигарро ёдовар мешаванд. Дар сарҳад пешвозгирӣ ба вуқуъ напайваст ва вобаста ба авзои Афғонистон масъулон Президенти кишварро огоҳ ва ба исрор талаб мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешааш собит буд, ки ҳар лаҳза ғанимат аст, то созишномаи умумии оташбас имзо нагардад ҷавонони зиёди тоҷик аз ҳарду тараф талаф мешаванд. Бо қатъият ба идомаи парвоз амр дод.

Агар дар навиштаи муҳаққиқони замон ва адибон, аз ҷумла Л.Н. Толстой ҷанг “бузургтарин бадбахтӣ” ва “куштор – гуноҳи азим” алайҳи хирад ва табиати башар маънидод мешавад, пас аз фитрати Пешвои миллат ҷанг фоҷиаи халқҳо, шикасти сарнавишт, тахриби иҷтимоъ ва заъфи рӯҳонию равонист, ки дар ҳар суханронӣ ва ташаббусҳояшон дар минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳанд. Ҳама ташаббусҳои Пешвои миллат ба беҳбудии рӯзгор, сулҳ ва саодати халқҳо нигаронида шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тимсол ва рамзи сулҳу субот аст. Аз ҳамин буд, ки дар ин муддати роҳбарӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барандаи бисёр ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд.

Қадрдонӣ шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой нишонаи равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.

Дар асл Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстойро шахсиятҳое сазовор мешаванд, ки дар пешгирии муноқишаву бархурдҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвари бидуни зуроварӣ ва рушди фаъолияти сулҳҷӯёна саҳми назаррас доранд. Корнамоӣ ва хизматҳову талошҳои роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ сохтани масъалаҳои болозикр баланд арзёбӣ мегардад.

Воқеан сулҳу субот, ваҳдат ва оромӣ, ки имрӯз аз дастоварди бузург ба ҳисоб мераванд, маҳз бо иродаи сиёсӣ ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба вуқуъ пайваст. Дар ин замина, таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.

Ҳамин таҷриба ва дастоварди таърихӣ дар самти побарҷо намудани сулҳ ва амнияти сиёсӣ заминаи устувори татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллатро ташкил менамояд. Ҳамзамон, воқеияти ҷомеаи имрӯза бозгӯйи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Сарвари давлат бо мақсади ободиву ояндаи дурахшони диёри маҳбубамон сарҷамъ шудаанд. Истифодаи таҷрибаи иттиҳод ва ягонагӣ барои аксар давлатҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар шароити рӯзафзуни муноқишаҳои минтақавию байналмилалӣ муҳим ва судманд ба шумор меравад.

Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз роҳбарони муваффақи минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти давлатдорӣ тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ манфиатҳои миллӣ ва умумибашариро ҳифз намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон дар чаҳорчӯби нишондодҳои санадҳои байналмилалӣ борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ суханрониҳо ва пешниҳодҳо ироа намуда, дар ин масир, мавқеи сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муассир муаррифӣ намудаанд.

Маҳз пешбурди дипломатияи муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он водор намуд, ки масъалаҳое, ки давоми солҳои тӯлонӣ ҳамчун масоили таҳдидомез дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ мегардиданд, роҳи ҳалли худро пайдо намуданд. Аз ҷумла, вусъати ҳамкориҳои густурда бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.

Ҳамчунин, ҷанбаи дигари муҳимми талошҳои Сарвари давлатро дар масоили таъмини амният – муқовимат бо шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ташкил менамояд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳое мебошад, ки барои таъмини амният дар минтақа талош меварзад ва яке аз ташаббускорони мубориза бо терроризм ва экстремизм ба шумор меравад, ки дар ин самт, маҷмуи чорабиниҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва амалиро роҳандозӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, қадрдонӣ аз ҷониби Фонди сулҳи Русия бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой аз эътирофи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бар пояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки ин дастоварди муҳимми сиёсию дипломатӣ бори дигар ифодагари он мебошад, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи устувори ҷаҳонӣ пайдо намудааст.

Заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Л.Н. Толстой

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Николаевич Толстой – ҷоизаи ҷамъиятии байналмилалӣ аст, ки барои нақши мондагор дар таҳкими сулҳ, бунёди андешаҳои инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, муколамаи фарҳангҳо ва ҳалли осоиштаи низоъҳо дода мешавад. Вазифа ва ҳадафи асосии Ҷоиза мусоидат ба ҳамгироии ҷомеаи байналмилалӣ дар атрофи ғояи нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳ, фаҳмиш ва эътимоди байни миллатҳо мебошад. Ҷоиза ба ифтихори классики адабиёти ҷаҳонӣ, нависандаи бузург ва мутафаккир Лев Николаевич Толстой (1828-1910) таъсис ва номгузорӣ шудааст. Л.Н. Толстой ҳамчун афсар дар Қафқоз хизмати ҳарбиро анҷом дода, дар Ҷанги Қрим иштирок намуда, барои дифои Севастопол бо Ордени Сент Анна дараҷаи 4 бо навиштаҷоти «Барои ҷасорат» ва дигар медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Солҳои ҷанг ба ҷаҳонбинӣ ва эҷодиёт, ташаккули назариёти ӯ дар бораи мубориза бо ҷанг ва зӯроварӣ ва талош барои маърифати сулҳпарварона таъсир расонанд. Ин боис гардид, ки асари худро бо номи “Ҷанг ва сулҳ” таълиф намуда, сулҳро зиндагӣ ва зебоии табиӣ, муҳаббат ва пайванди инсонҳо, камолоти рӯҳии инсон ва пирӯзии воқеӣ эътироф намуд. Аз ин рӯ, номи Л.Н. Толстой, мерос ва шахсияти ӯ ба таври пурра ба ғоя ва ҳадафҳои Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мутобиқ буда, тақдими он ба шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар назар аст. Ва низ ҷиҳати анҷоми корҳои зерин дода мешавад:

хизматҳои бузург дар фаъолиятҳое, ки ба муқовимат ба хатари оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ва пешгирии фалокати ҳастаӣ равона шудаанд;

саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, қатъи рақобати силоҳнокшавӣ, бунёди ҷаҳони бисёрқутба ва ғайризӯроварона, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо;

дастовардҳои назаррас дар самти демилитаризатсия, демократикунонӣ ва инсондӯстӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, дар асоси меъёрҳои умумии ахлоқ ва ҳуқуқ, инчунин ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир;

ташаббусҳои фаъоли сулҳҷӯёна ва муборизаи пайваста ба нафъи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ғ.

Ҷоизаро «Фонди Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Николаевич Толстой» месупорад. Ба ҳайати ҳакамон шахсиятҳои барҷаста аз қитъаҳои гуногуни ҷаҳон шомиланд. Дар Оинномаи ташкилот имконияти дар як вақт супоридани Ҷоиза ба якчанд номзад низ пешбинӣ шудааст. Дар чунин ҳолат, ҳар кадоме аз барандаи Ҷоиза бо диплом ва медали тиллоии номӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Медал бо тиллои маҳакаш 585, рӯйпӯши тиллои маҳакаш 999, андозаи диаметраш 65 мм ва дар вазни 200 грамм дар Осорхонаи сиккасозии шаҳри Москва сохта шудааст. Ба медали тиллоӣ сертификат замима карда мешавад.

Аввалин Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Иттиҳоди Африқо супорида шуд ва Ҷоизаи дуюми байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой санаи 9 сентябри соли 2025 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми онҳо дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақдим гардид.

Ёдовар бояд шуд, санаи 31 марти соли 2025 санадҳои муҳимми таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид. Ба имзо расидани санадҳои мазкур барои таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмию ваҳдат, оромию субот, таҳаммулпазирии халқҳо, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар яке аз минтақаҳои стратегӣ – Осиёи марказӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Дар ҳамин раванд, санаи 21 декабри соли 2025 маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков доир гашта, дар фазои тантанавӣ ба сардори давлати мо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи мазкур тақдим гардид. Тақдими ин Ҷоиза яке аз ҳодисаҳои фараҳбахши ҳаёти сиёсии мамлакат ба шумор рафта, нишони эътирофи ташаббусу иқдомҳои беназири Пешвои миллат ва хиради азалии миллати тоҷик дар ҳалли масъалаҳои глобалии саёса, аз ҷумла сулҳу субот ва ҳамҷавории нек дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат заминаи устувори ҳамгироӣ ва таҳкими сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ

Воқеан, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва таҳкими амнияти умумибашарӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст ва мавриди баррасии дақиқ қарор гирифта, аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли ин масъалаҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд.

То ин муддат, чандин ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии амиқ пайдо намудаанд. Дар ин масир, Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умдаи ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи вижа ба масоили обу иқлим ва дар ин самт, пешниҳод намудани як қатор таклифҳои созандаву саривақтӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти таъмини сулҳу амният дар ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва кишварҳои ҷаҳонро барои расидан ба иқдомҳои созандаву муҳим ба вуҷуд овард.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “… кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд”. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият ба шумор меравад. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб меёбад.

Қобили тазаккур аст, ки пешниҳоди нави Президенти мамлакат дар Ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ вобаста ба дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳоди олимону донишмандони кишвар роҳҳои хубтару беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кӯмак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Сарвари давлат аст, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо муаррифӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои асосии бартараф кардани мушкилоти умумиҷаҳониро қайд карда, муттаҳидии тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои созандаву бисёрҷониба муҳим мешуморанд. Президенти мамлакат, аз ҷумла иброз медоранд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад”.

Ҳамин тариқ, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хавфу хатар ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ пешниҳоди нави роҳбари давлат «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад.

Таҷрибаи сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кофи Аннан, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба маврид иброз медорад, ки “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад”.

Воқеан, сулҳу амният, ки гаронарзиштарин сармояи инсонӣ ба шумор меравад ва маҳз бо талошу кӯшиш ва заҳматҳои муттаҳидкунандаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ба даст меояд. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз низ, ки бо паси сар намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои хастанопазир ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсатмадори ҷаҳонӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад.

Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист, ки на танҳо барои тоҷикон балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон дастоварди арзандаест. Зеро, амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳамин аст, ки имрӯз ин механизми сулҳофарии тоҷиконро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои хомӯш намудани даргириҳои гуногун истифода мебаранд. Воқеан, ба даст овардани сулҳ бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ дар шакли гуфтушунид ва муколамаҳо ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, то ақидаи худро оид ба сулҳу амният ва роҳҳои ба даст овардани он тағйир диҳанд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиҳатомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати муҳимми давлатдорӣ мубаддал гардидааст. Дар ин ҷо, баёни гуфтаҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба маврид мебошад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамоянд ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳояшон нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд, дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

Дар ҷои дигар, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин қайд менамояд, ки таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст овард. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо ҷиддият таъкид мекунад, ки сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Яке аз шахсиятҳои маъруфи адабиёти ҷаҳон, шоири халқии Доғистон Расул Ғамзатов дар васфи Пешвои миллат андешаҳои худро чунин баён намудаанд: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳу ҷанги бародаркушро ёбад”.

Ҳамин аст, ки бо заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат кишвари мо дар масири 34 соли истиқлол ба сулҳу ваҳдати миллӣ шарафёб гардида, таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф шуда, дар ин раванд, қонунгузории миллии худро бунёд намуда, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам карда шуданд.

Воқеияти имрӯзаи кишвар бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми неруҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри маҳбубамон ҷамъ омадаанд. Саҳифагардонии авроқи рангини таърихи мо низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бисёр мушкилот ва монеаҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон таъмин намудааст. Ба даст овардани сулҳ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти Тоҷикистон амалӣ намуданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён гардидааст. Ҳамчунин, боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст, ки барои наслҳои имрӯз ва фардои миллатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу суботи офаридаи Пешвои миллати тоҷикон ояндаи дурахшони ҳамзистии осоиштаи дарозмуддат дар заминаи муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоякишварҳоро муқаррар намуд.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон