20-СОЛИ СҲШ: НИГОҲЕ БА ТАЪРИХ, ДИРӮЗ ВА РУШДИ ИМРӮЗИ ОН

527

Созмони ҳамкории Шанхай соли ҷорӣ 20-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта босуръат рушд кунад.

Таърихи ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ба солҳои 90-уми асри ХХ бар мегардад, вақте ки муаммои ҳалли масъалаҳои сарҳади байни собиқ давлатҳои Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш омаданд барои ҳалли он фармати “Паҷгонаи Шанхай” ташкил ёфт. Соли 2001 роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шанхай ҷамъ омадаанд ва аз таъсиси як ниҳоди нави байналмилалӣ хабар доданд. Дар тӯли 20 соли фаъолият бо саъю кӯшишҳои роҳбарони кишварҳои аъзо Созмони ҳамкории Шанхай ба яке аз муътабартарин Созмон табдил ёфта, дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минтақавӣ нақши калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалӣ маҳсуб меёбад, тавонистааст муносибатҳои нек ва ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун ба роҳмонад.

Панҷгонаи Шанхай. Оғози рушди саҳифаи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ба моҳи апрели соли 1996 рост меояд, ки аввалин ҷаласаи солонаи роҳбарони Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Шанхай оғоз гардид, ки дар таърих бо номи “Панҷгонаи Шанхай” маълум аст. Дар ибтидо, рӯзномаи ин ҷаласаҳо танҳо бо доираи танги масъалаҳои сарҳадӣ маҳдуд буд. Ҳангоми бомуваффақият ҳалли онҳо, доираи мавзӯъҳои дар ҷаласаҳо баррасишуда васеъ гардиданд. Раванди оғозшудаи гуфтушунидҳо на танҳо ба истифодаи формати нави муколамаи бисёрҷониба оғоз бахшид, балки дар асл низоми нави ҳамкориҳои минтақавиро ба вуҷуд овард. Дар миқёси ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани созмоне, амсоли Созмони ҳамкории Шанхай, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи Шарқи ҷаҳон мусоидат намуда, дар фазои стратегию геополитикии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти босамари “Панҷгонаи Шанхай” дар ин минтақаи Авруосиё эътимод ва эҳтироми тарафйн афзуда, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба заминаҳои мусоид гузошта шуд. Ҳамаи аъзоҳои “Панҷгонаи Шанхай” дар таъмини амнияти минтақавӣ мавқеи ягона дошта, истифодаи силоҳро дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта тарафдори намекарданд. Баъди пайваст шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин созмон «Панҷгонаи Шанхай» ба «Шашгонаи Шанхай» табдил ёфт. Масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти сарони давлатҳо (5 июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе ба миён гузошта шуд. Дертар дар Шӯрои сарони давлатҳои аъзо,15 июни соли 2001, Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай. Созмони ҳамкории Шанхай созмони байниҳукуматии доимамалкунанда буда, 15 июни соли 2001 Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расонида шуд. Қароргоҳи доимии Созмон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин мустақар буда, забонҳои расмию кориаш русиву чинӣ мебошанд. Шӯрои сарони давлатҳо дар сохтори Созмони мазкур нақши калидиро бозида, самтҳои фаъолияти Созмони мазкурро муайян мекунад. Шӯрои Сарони ҳукуматҳову Вазирони корҳои хориҷӣ низ дар татбиқ ва амалигардии сиёсатҳои вобаста ба СҲШ нақши муҳим доранд. Ҳамчунин Котиботи Созмони мазкур доимамалкунанда буда, роҳбариашро Котиби генералӣ ба зимма дорад. Мутобиқи Оинномаи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ҷониби давлатҳои аъзо қабул шудааст, вазифаҳои асосии ин Созмон чунин аст:

– мусоидат барои рушди муносибатҳои тарафайни дустона байни кишварҳои узв;

– густариши хамкорихои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амнияти минтака;

– муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва эксиремизм;

– муборизаи дастаҷамъона алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ярок, дигар навъҳои фаъолияти фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

– хавасмандгардонии ҳамкориҳои минтакавии босамари сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молиявӣ ва дигарсоҳаҳо;

 – мусоидат ба рушди иқтисоди ҳаматарафа, инкишофи минтака тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо;

– мавзунгардонии муносибатҳо дар рафти ҳамгароӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

– мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи уҳдадориҳои қонунгузории миллии давлат-аъзоён;

– дастгирӣ ва густариши равобит бо дигар созмонхои байналхалкӣ ва кишварҳои хориҷӣ.

Алҳол созмон дорои ҳашт давлати аъзо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, чаҳор давлати нозир: Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка мебошад.

СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои азнуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳад.

Аз замони узвият дар созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасеро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, раёсати Шӯрои сарварони давлатҳои Созмонро дар солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 – 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд. Соли равон, ки аз таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур мешавад, мутобиқи муқаррароти иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли 2021 – ум дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҳанӯз дар соҳои аввали ташкилёбии ин Созмон яке аз аввалин Котиби генералии он ҷаноби Чжан Дэгуаки дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар он хусис, ки оё 10 солагии ин Созмон ҷашн мегирифта бошанд? бо бовари чунин посух додааст: “20 солагӣ, 50 солагӣ ва ҳатто 100 солагии ин созмон ҷашн гирифта хоҳад шуд”. Дар тӯли солҳои арзи ҳастӣ намудани Созмон 26 ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзо (1 ҷаласа-11 ноябри соли 2020 тариқи видеоконференсия баргузор шуд) доир гардид, ки дар онҳо умдатарин масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳими вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Ҳабибҷон Мирзоев, устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ