30 НУҚТАИ ДАВОМДОР ДАР ПАРТАВИ 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

763

1. Тоҷикистон як роҳбари давлатсоз ва як роҳи созандагӣ дорад, ки онро аҳли башар шоҳид аст…

2. Тоҷикистон давлати ташаккулёфтааст ва он зинаҳоеро, ки алҳол дигарон дар он дармондаву овораанд, сӣ сол қабл паси сар кардааст…

3. Тоҷикистон ҳар нафареро, ки нияти неку хайру созанда дорад (худиву бегона), ба оғӯш мегирад. Бадкешро дар ҷомаи хеш буғӣ месозад…

4. Тоҷик ҳаваси суфраи дигаронро накардааст ва намегузорад, ки булҳаваси баднияте ҳаваси суфраи ӯро намояд. Таърих мегӯяд, ки тоҷик дар ягон аср дузду ғосиб набудааст…

5. Тоҷик артиши корозмуда дорад, ки аз байни обу оташ раҳидаву дар ҳифзи нангу номуси миллат омодаву устувор аст…

6. Тоҷик бо кишваре ҳамсоя аст, ки онҷо (Афғонистон) қариб ним аср боз ҷангу оташу даргирии шадид ҷараён дорад ва бо ин ҳамсоя боре ихтилоф надоштааст. Яъне тоҷик моҷарописанду ҷангҷӯ нест ва доимо оромии хонаи ҳамсояро хостааст…

7. Тоҷик ҳамсояҳои худро доим ба равобити ҳасана даъват менамояду ҷонибдори сулҳу оромист. Зеро, қадри оромиву суботро беш аз дигарон медонад…

8. Тоҷик аз “табартақсимҳо” бештар аз дигарон ранҷу захм бардоштааст, аммо ҳувияти ин миллатро касе нест карда натавонистааст…

9. Тоҷик дигаронро эътироф менамояд ва тоҷикро ҷаҳон эътироф менамояд. Тоҷик ба ангушти ишоратӣ ниёз надорад. Агар чунин мебуд, солҳои навадум мулкаш пора-пора мегардид…

10. Тоҷик аз дарди таҳмилии маҳалгароӣ азият мекашид. Хушоянд аст, ки ин дард имрӯз нест. Ба ҳам омадани хатлониву суғдӣ ва бадахшониву раштонӣ дар рӯзи нанг нишони ваҳдату ягонагии тоҷик аст…

11. Тоҷик зиёиёну қаламкашоне дорад, ки дар партави афкори Айниву Ғафурову Турсунзода фикри худро ранг медиҳанду миллатро ба ҳам меоранд…

12. Тоҷик ба олам нишон дод, ки тасмимгузор аст ва ало рағми ҳасудон хонаи тоҷик меҳмонхонаи оламиён гардид.

13. Тоҷик чун куҳсоронаш сарбаланд аст ва боке аз боду тӯфон ва чанги афрохтаи саҳрогардон надорад…

14. Тоҷик аз азал бунёдкору соҳибтамаддун мебошад ва ин устухоне дар гулӯи нотавонбинон аст…

15. Тоҷик Роҳбару Пешвоеро соҳиб аст, ки ҳар қадамаш ҳазор ҳадафу мантиқи созанда дорад…

16. Тоҷик Худоро мешиносад ва дар ин роҳ худнамо нест…

17. Тоҷик ғурур дорад, ки он ғурури баланду шоистаи инсонист…

18. Тоҷик тоҷдор аст ва ин тоҷ ҳазорсолаҳо сипари ӯст. Ин шиноснома мушти гароне бар сари курдилон аст…

19. Тоҷик имрӯз тоҷики ҳазорсола қабл нест. Болои ҳазорсолаҳо нанг имрӯз ҳазорсолаҳо нанги дигар зам кардааст…

20. Тоҷик то дирӯз “ҳар чӣ аз моли дунё дошт, дод”. Аз ин баъд рӯзи “кафанталабу кафангадо” сияҳ мегардад…

21. Тоҷик дирӯзро дониста, имрӯзро омӯхта фардои худро сохта метавонад…

22. Тоҷик ватандӯсти ватансоз аст ва таҳаммулгароест, ки ба касе озор додану аз касе озор диданро намеписандад…

23. Тоҷик аз сӯхтанҳо доимо сохтанҳо дорад ва ин дардаш ба ҳазорсолаҳо тӯл кашидааст. Меросу ганҷи ин миллат бо сад забон дар осорхонаҳои ҷаҳон ҳикояти аҳвол аз асолати миллӣ доранд. Сӯхтанду бурданду валангор карданд, аммо тоҷик фано нагардид…

24. Тоҷик аз дасти фарзанди нохалаф кам ранҷ надидааст ва ранҷи гаронтар ба дӯши он хоинонест, ки дирӯзу имрӯз зери хок бо ҳасратҳо хуфтаанд. Тоҷик дили бузург дорад ва шояд гуноҳи нохалаффарзандони худро дар тӯли таърих авф ҳам намуда бошад…

25. Тоҷик аз имтиҳони қазову тақдир ҳамеша сарбаландона гузаштааст ва аз ин баъд бо таҷрибаҳо осонтар хоҳад гузашт. Дар ҷаҳон чандин ҳазор забон аст ва танҳо зиёдтар аз 200 забон соҳибмулку соҳибватан мебошад. Аз минбари СММ баланд гаштани лаҳни шевои тоҷикӣ хушбахтиву саодати ҳар як тоҷики имрӯза аст, ки ҳастии онро замоне ҳасудони курдил инкор мекарданд…

26. Тоҷик баъди ҳазор сол бо ҳазорон ситам давлаташро пойбарҷо сохт. Аммо марзу буми ин давлат фаротару бузургтар аз он аст, ки дар харитаи қоғазӣ

мебинем. Забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷик хатҳои марзро хеле барвақт дар харитаи дилҳо кашидааст,

ки он абадист…

27. Тоҷик он чизеро бидуни оина мебинад, ки онро хасм дар оинаи румӣ дидааст…

28. Тоҷик дар масири истиқлолияти худ корҳоеро анҷом дод, ки онро абарқудрати шӯравӣ накарду натавонист. Роҳ сохт, нақб бунёд кард, нур офарид, фарзандонашро бо ҳам қарин гардонид…

29. Тоҷик баъди ҳазор сол боз истиқлолият ба даст овард. Истиқлол барояш роҳро ба арсаҳои байналмилалӣ кушод, минбар ёфт, соҳибэътибор гардид. Ин кафили он гардид, ки наслҳои баъд меросбари мулку диёри тоҷик бошанд…

30. Тоҷик бо истиқлоли худ соҳиббахт гардид. Парчамашро афрохт, қонун таҳия кард, артиши мустақил сохт, тамаддуни аҷдодиро эҳё намуд, илму фарҳангу маорифи миллиро ташаккул бахшид, кошонаву корхона бунёд кард, соҳиби асъори миллӣ гардид, марзу буми худро мушаххас гардонид…, садои қарнҳо хомӯши як миллати куҳанбунёдро дар ҷаҳон танинандоз сохт…

Бахтиёри Қутбиддин,

дотсенти ДМТ