АҲАМИЯТИ СИЁСИИ ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧАҲОРЧУБАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

406

Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаи мулоқоти сарварони давлатњои аъзо дар сатҳи олӣ таъсис дода шудааст. Зуҳури ин созмон заминаҳо ва омодагиҳои қаблӣ дорад, ки дар он саҳму нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили таъкид мебошад. Сарфи назар аз омодагиҳо қаблӣ, 4 июни соли 2000, ҳангоми сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар радифи масоили дигари ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, роҳбарони ду давлати ҳамсоя масъалаи таъсиси чунин як созмони байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати Чин Зян Земин афзоиши нуфузи панҷгонаи Шанхайро дар минтақа ва ҷаҳон махсус таъкид намуданд. Маҳз дар эъломияи ҳамин мулоқоти сатҳи олӣ бо таклифи тарафи Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки минбаъд «Панҷгонаи Шанхай» ба «Форуми Шанхай» табдил дода шавад ва ҷаласаи ояндаи он, моҳи декабри соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин баргузор карда шавад. Дар идомаи форуми Душанбегии «Панҷгонаи Шанхай» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии Россия, Ўзбекистон, Қирғизистон мулоқотҳои алоҳида анҷом дода, дар радифи масоили гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаи такмил ва боло бурдани нуфузи байналмилалии созмони «Панҷгонаи Шанхай»-ро баррасӣ намуд. Ин ҳамоиши сарони давлатҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» барои рушду тақвият ва боло бурдани нуфузу эътибори ин созмони байналмилалӣ мусоидат кард. Роҳбарияти олии Тоҷикистон бо дарки моҳияти сиёсию иқтисодӣ ва минтақавию байналмилалии созмони номбурда, дар доираи фаъолиятҳои босамари он бо як қатор ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созанда, ки ба нафъи ҳамаи кишварҳои узв буд, баромад кард. Эксперти маъруфи масоили байналмилалӣ Л.Ю.Гусеев бо дарназардошти иқдомҳои зикргардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосгузори Созмони Ҳамкориҳои Шанхай номида буд. Вай аз ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон дар мавриди ташкили фонди сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти СҲШ дастгирӣ намуда, моҳияти ин иқдомро барои кишварҳои узви созмони мазкур махсус таъкид карда буд. Зуҳури СҲШ-ро бисёре аз сиёсатшиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ ҳамчун омили муҳимми иртиботи судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин, омили муҳимми таъмини бехатарӣ дар минтақа арзёбӣ намуданд.

Ин нукта дар эъломияи Душанбе, бори дигар зикр гардид ва таъкид шуд, ки танзиму ҳамкорӣ дар самти мубориза ба муқобили хавфу хатарҳои муосир аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои созмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки кишварҳои минтақа дар доираи барномаҳои СҲШ бояд фаъолияти худро дар ҳалли қазияи Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва барқарор кардани низоми иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвари азияткашида бештар намоянд. Тарафи Тоҷикистон амиқ дарк менамояд, ки ҳалли қазияи Афғонистон барои аз байн бурдани бисёре аз хавфу хатарҳои имрӯзии ба минтақа таҳдидкунанда мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки марҳила ба марҳила фаъол гардидани СҲШ барои баррасӣ ва ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва сатҳи байналмилалӣ роҳи васеъ кушод. Дар ин самт аз ҷаласаи СҲШ дар моҳи июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин бояд ёдовар шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13 июн бо мақсади иштирок дар ҷаласаи СҲШ ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар намуд. Дар ин сафар Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Чин мулоќот намуда, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Сарвари Тоҷикистон дар ин мулоқот оид ба дурнамои фаъолияти СҲШ пешниҳодҳои мушаххасе дар робита ба ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомӣ пешниҳод намуд, ки онҳо баъдан дар ҷаласаҳои расмӣ аз тарафи кишварҳои аъзо дастгирии ҳаматарафа пайдо намуд. Дар натиҷа дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 14-15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили тероризм, сепаратизм ва экстремизм ба имзо расид, ки он бевосита ташаббуси тарафи Тоҷикистон буд.

Баъдан, дар заминаи санади мазкур дар доираи барномаҳои СҲШ ба хотири тақвият ва танзими муборизаҳои дастаҷамъона ба муқобили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ сохтори минтақавии мубориза ба муқобили терроризм таъсис ёфт, ки он аз соли 2002 ба баъд ба ҳайси яке аз сохторҳои муҳими СҲШ амал менамояд. Дар таъсиси ин сохтор ташаббус ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус бояд зикр кард. Вазифаҳои ин сохтори СҲШ, ки таъсиси он аз тарафи ҳамаи кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт, иборат аст аз: таҳия ва пешниҳоди дастури мубориза ба муқобили тероризм, экстремизм ва сепаратизм барои сохторҳои СҲШ ва кишварҳои узви он; гирдоварӣ ва ташкили бонки иттилоотӣ барои кишварҳои аъзо дар самти мубориза ба муқобили хавфу хатарҳои имрўза; ҳамкорӣ ва кӯмакрасонӣ ба сохторҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ дар мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва сепаратизм; баргузор намудани машқҳои омӯзишии низомӣ; ҳамкорӣ дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва амалҳои дигари марбут ба мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва сепаратизм; ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои дигари байналмилалии муборизабаранда ба муқобили хавфу хатарҳои муосир.

Дар солҳои охир воқеан эътибору нуфузи СҲШ дар сатҳи байналмилалӣ ба маротиб афзуд ва он дар ҳилла як қатор масъалаҳои доғи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши худро гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 2 сентябри соли 2003 ҳангоми ба ҳузур пазируфтани Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Чжаосин ба фаъолиятҳо ва ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Чин баҳои баланд дода, таъкид намуда буд: “Ман боварӣ дорам, ки СҲШ ҳоло омили муҳимми таъмини оромию субот дар минтақа гардидааст, дар оянда ба омили муассири сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил меёбад.

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи барномаҳои СҲШ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Бо ибтикори Тоҷикистон таъсис гардидани фонди сармоягузориҳои иқтисодӣ барои рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзо дар самти сармоягузорӣ, тиҷорат, роҳу истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ роҳи васеъ кушод. Ташкили Хартияи энергетикӣ, Биржаи энергетикӣ ва ғайра асосан, пешниҳодҳои тарафи Тоҷикистон буданд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Шӯрои сарварони Академияи илмҳои кишварҳои узви СҲШ таъсис дода шавад ва ҳадафи ин пешниҳод рушди ҳамкориҳо дар самти пажўҳишҳои илмӣ буд. Аксари кишварҳои узви ин созмон дорои ниҳодҳои пурқуввати илмӣ, пужўҳишгоҳҳои сатҳи баланд ва дастовардҳои бузурге дар соҳаи илм буданд. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои аъзо дар самти илм барои ҳамаи кишварҳо аз аҳамият холӣ нест.

Бояд таъкид кард, ки СҲШ дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ пайваста сайъ менамояд, ки ин ҳамкориҳо гуногунҷабҳа ва фаррохтар бошанд. Дар равобити иқтисодии байналмилалӣ, манфиатҳои кишварҳои аъзо ба назар гирифта шавад. Имрӯз дар доираи СҲШ равандҳои ҳамгироии кишварҳои узв ба мушоҳида мерасад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолони ин раванд маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали фаъолияти СҲШ тарафдори муносибатҳои дӯстонаю воқеӣ дар ҳалли масоили марбут ба самтҳои ҳамкорӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар маросими панҷсолагии фаъолияти СҲШ дар мавриди ташкили ниҳоди иҷроияи СҲШ пешниҳоди судманде карда буд, ки он баъдан дар амали сохтани барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ин созмон нақши калидӣ бозид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамоишҳои СҲШ борҳо масъалаи Афғонистон ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли дурусти онро ба миён гузошта буд. Бояд гуфт, ки қазия Афғонистон фарохтар аз қазияи як кишвар аст. Ин масъала тадриҷан дар тӯли даҳсолаҳо ба мушкилии муҳим ва доғи геополитикии минтақа табдил ёфтааст, ки худи кишвари Афғонистон дар танҳої аз уҳдаи ҳалли он намебарояд. Ғайр аз ин, баъзе кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ба қавли сиёсатшиноси маъруфи рус И.А.Василенко кӯшиши тағйири мавқею мақоми бозингарони асосии минтақаро пайгирӣ менамоянд, ки ҳадафаш бештар дастёфтан ба идоракунии захираҳои дохилии кишварҳои минтақа ва хоса Афғонистон мебошад.Аз ин рӯ, СҲШ бояд имрӯз аз ҳарвақта дида дар ҳалли қазияи Афғонистон фаъол бошад. Ин зарурат ва муҳимияти таърихию геополитикиро Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба миён гузоштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори иқдомҳои СҲШ ва СҲАД дар самти ҳалли қазияҳои минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мебошад.

Айни замон, рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ тавассути Меморандиуми байниҳукуматии кишварҳои аъзо танзим карда мешавад. Солҳои 2003 дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои СҲШ барномаи бисёртарафаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ қабул гардид, ки он асоси ҳамкориҳои иқтисодиро ташкил дода, самтҳои ояндаи рушди онро то соли 2020 муайян карда буд. Нақшаи иҷрои ин барнома соли 2004 дар мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо дар Бишкек ба имзо расид. Бояд гуфт ки дар таҳия, қабул ва амали намудани санадҳои зикргардида Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдор ва ташабускори муносибатҳои судманд бо кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Ташаббусҳои ӯ низ дар доираи барномаҳои фаъолияти ин созмони бонуфузи минтақавӣ асосан, бо дар назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои аъзо тарҳрезӣ ва пешниҳод мешавад. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ, эътибор ва нуфузи кишвари моро ҳам дар сатҳи СҲШ ва ҳам дар сатҳи созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ меафзояд.

Фарзонаи Ш., омўзгори факултети муносибатҳои байналҳалқии  ДМТ