АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

413

Дар таърихи давлатдории ҳар халқу миллат воқеаҳои нотакрор ва рӯзҳои фаромушнашаванда мавҷуд аст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон, ки аз Империяи Ҳахоманишиён то Сомониёну давраи Истиқлоли давлатӣ дар назар дошта мешавад, ҳазорҳо дастовардҳо ва санаҳои таърихӣ мавҷуд аст. Масалан: – санаи 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид; – санаи 31-уми августи соли 1991 Иҷлосияи Шурои Олии ҷумҳурӣ ба номи ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуда, эълон кард, ки Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шавад; – санаи 4-уми сентябри соли 1991 пленуми кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия намуд; – санаи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд; – санаи 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид. Аммо санаи 16-уми ноябри соли 1992, яъне баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Раиси Шуро интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, шахси инсондӯст, бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо санаи фаромушнашаванда балки Иҷлосияи тақдирсоз ва Пешвои ояндасоз дар зеҳну шуури ҳар фарди ҷомеа ҷой гардида, чун ҷашни бузурги миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 баргузор гардидааст, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда, дар натиҷа 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Санаи 27-уми ноябр бошад, ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Ҳукумати иҷроияи ҷумҳурӣ ҳамон вақт иборат аз 20 вазоратҳо ташкил ёфт. Рафти фаъолияти иҷлосия нисбатан мӯътадил буд. Ин ҳам аз он гувоҳӣ медод, ки ҳар ду тарафи муқобил майли сулҳро доранд. 26-уми ноябр ҳатто барои иштирокчиёни иҷлосия оши оштӣ ташкил карда шуд.

Умуман ин иҷлосия, ки то 2-юми декабри ҳамон сол кори худро давом дод, тамоми масъалаҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуда, оиди онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҳама муҳимтаринаш, ин иҷлосия ҳукумати қонунии Тоҷикистонро бунёд намуд, ки онро ҳар ду тараф ҳам эътироф намуданд.

Аз ин рӯ, ҳамасола санаи 16-уми ноябр якбора ду руйдоди муҳими тақдирсоз – яке Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин ду ҷашн бо ҳам тавъам буда, барои бунёди давлатдории миллӣ ва халқи Тоҷикистон аҳамияти баръало бузург дорад, зеро Тоҷикистон соҳибистиқлол маҳз баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Раиси Шуро интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу инкишоф ёфта, ба дастовардҳои нодир дар ҳамаи самтҳо ноил гардид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Бинобар ҳамин, аз санаи 16-уми ноябри соли 2016 инҷониб мардуми шарафманди тоҷик ба хотири арҷгузори ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат рӯзи Президенти маҳбуби худро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Воқеан ҳам, кору пайкори ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шоистаи офаринҳо ва намунаи ибрат аст.

Ҳамин тавр метавон бо ифтихор гуфт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдории миллии тоҷикон басоҳам бузург мебошад, зеро вобаста ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо китоб, мақолаҳои илмӣ, асарҳо нашр гардидаву садҳо семинару, конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардидааст. Бо назардошти заҳматҳои беқиёс ва босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик Президенти худро – Ифтихори худ медонад ва шукурзор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол акнун нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо ва дар амну осоиш мебошад.

Шарифзода Саъдӣ Шариф,мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент