ҲАМКОРИҲОИ МОЛИЯВИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

508

Барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва судманди муштарак бо мамлакатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ  яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳошия, яке аз мамлакатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 оғоз гардидаанд. Дар марҳилаи аввали барқарорсозии соҳибистиқлолии Тоҷикистон давлати Чин якчанд маротиба кумаки софдилонаро ба Тоҷикистон арза дошта, сиёсати оқилонаи роҳбарияти мамлакатро дастгирӣ намудааст. Муносибатҳо миёни ду мамлакати ҳамсоя дар кулли соҳаҳо сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври устувор дар заминаи дустӣ, шарикии боэътимод ва боварии муштарак тараққӣ ёфта истода, шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба манфиатҳои халқҳои ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ мебошад. 

Тиҷорати дуҷониба заминаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб меравад. Тиҷорати муштарак дар давоми солҳои сипаришуда аз муҳлати барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ тараққӣ ёфтааст. Агар дар соли 1993 гардиши тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Чин  – 8,9 млн. $ ташкил дода бошад, он гоҳ дар соли 2019 гардиши тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо  660,91 млн. $ ё 14,6% гардиши тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намудааст. 

Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои нахустин дар минтақа ба ҳисоб меравад, ки сармоягузориҳои чиниро мавриди истифода қарор дод, ки тамоюли зерин дар миёнаи солҳои 2000-ум қавӣ гардида буд.  ҶМЧ кумакҳои молиявии худро барои рушди иқтисодии Тоҷикистон, ҳам тариқи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳам дар ҳошияи ҳамкориҳо дар СҲШ пешниҳод намуда, қарзҳои дарозмуддати ба Тоҷикистон пешниҳод гардида бо фоизҳои паст ҷудо гардидаанд. Дар соли 2019 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 655,5 млн. $ сармоягузориҳои хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз ин маблағ 330,5 млн. $ ё 51,3% -ро сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҶМЧ ташкил намудааст. ҶМЧ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кумакҳои молиявии худро дар шакли сармоягузориҳои мустақим ё қарз пешниҳод месозад. Аз соли 2008 то соли 2019 ҶМЧ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 580,2 млн. $ сармоягузорӣ намудааст. Сармоягузориҳои чинӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, таҳқиқотҳои геологӣ ва кӯҳӣ, саноат ва дигар соҳаҳо равона гардидаанд.  

Ҷониби Чин мароқи ҷиддӣ ба маблағгузории лоиҳаҳои калон ва миёна дар сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои обӣ-барқӣ ва шабакаҳои интиқоли қувваи барқ зоҳир менамояд. Тавассути сармоягузориҳои Чин дар мамлакат корхонаҳои муштарак бунёд гардидаанд, ки ба истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот машғул мебошанд, ки дар натиҷа талаботи дохилӣ нисбат ба маҳсулотҳои зерин то андозае қонеъ карда мешавад.  Сохтмони шабакаи интиқоли қувваи барқи  500 кВ «Ҷануб-Шимол», шабакаи интиқоли қувваи барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» ва таъмир ва барқарорсозии  шоҳроҳи    Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чораҳои хеле дурандешона ва хирадмандона буданд, ки дар ҳошияи СҲШ, тавассути дастгирии ҶМЧ ба нақша гирифта шуда буданд.   Бояд тазаккур дод, ки арзиши умумии ин созишномаҳо  639 млн. $ ташкил додааст. Ҳангоми ба тасвиб расонидани созишномаҳо, қайд гардида буд, ки маблағи ишорагардида дар доираи имтиёзҳое, ки аз ҷониби ҶМЧ ироа гардида буданд, амалӣ хоҳанд шуд.  Ҳиссаи ҷониби Тоҷикистон дар татбиқи ин лоиҳаҳо   36 млн. $ ташкил додааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо аҳамияти муҳимро барои сохтмони инфрасохтори муосир барои интиқоли қувваи барқ ва пайвастсозии маркази мамлакат бо минтақаҳои шимолии он доро буда, аз ин рӯ, роҳандозии он фавран шурӯъ гардид. Дар ҷараёни ташрифи худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо-аъзоёни СҲШ ба Шанхай, 14–16 июни соли 2006, дар радифи дигар созишномаҳо бо ҶМЧ, инчунин, масоили рушди ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва маблағгузории се лоиҳаи муштараки сармоягузории чинӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта буданд. Созишнома бо маблағи 603,5 млн. $ ба имзо расид. Дар радифи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика,  сармоягузориҳои чинӣ, инчунин, ба дигар соҳаҳо низ равона гардидаанд. Аз ҷумла, ба соҳаи саноат (корхонаҳои муштараки тоҷику-чин «Zarafshon», ширкати истеҳсолии байналхалқии «Jungtsai Mohir Cement», ҶСК «Hu Hu Ghayur Industrial», ҶСК «Huaxin Ghayur Cement», ҶСП «Juntai Dangara Sin Silu Textile», нақлиёт (нақби «Озодӣ», нақби автомобилгарди  «Шаҳристан»), энергетика (МБГ Душанбе-2) ва дигар соҳаҳо. 

Дар шароити кунунӣ, ба андешаи мо, соҳаҳои нисбатан ҷолиби диққат барои сармоягузорон дар Тоҷикистон энергетика, саноати истихроҷи маъдан, саноати кимиёвӣ, сохтмон ва истеҳсоли  маводҳо, саноати сабук ва хӯрокворӣ, соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Дар умум, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Ҷонибҳо ҳамкориҳоро барои ноилгардии ҳадафҳои судманди муштарак қавӣ хоҳанд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ чор ҳадафи стратегиро гузоштааст (раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат). Аз ин рӯ, ҷалби сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар оянда дар ноилгардии ҳадафҳои гузошташуда таъсири мусбии худро хоҳад гузошт. 

Хушвахтзода Қ. Х., д.и.и., профессор, ректори ДМТ,

Иброҳимзода И.Р., академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ,

Бобоев Ф., н.и.и., дотсент, муовини декани факултети молиявию иқисодии ДМТ оид ба илм ва инноватсия