ҶАВОНОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

87

Бардошт аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони кишвар, Кохи Борбад, 21.05.2021

Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти хеш зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфт, зеро такя бар неруи ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои аслии пешрафти ҷомеаҳо будаасту хоҳад монд. Ба ҳамин тартиб, дар кору пайкори қишри аз ҳама нерумандтарини ҷомеа, яъне ҷавонон тағйироти куллие ба вуҷуд омад ва ин дигаргунӣ, хушбахтона, тавонист, ки дар пешрафт ва рушди ҷомеа заминаҳои хуби ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалиро ба бор оварад.

Дар солҳои истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳимми ҷавонони кишвар аз он иборат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намудаанд. Пешвои миллат ба вазъи мураккаби овзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти навбатӣ, ки санаи 21-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23-юми май баргузор гардид, таъкид дошт: “Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем”.

Таъкид кардан ба марвид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Далели мазкур бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегӣ меҳисобад.

Дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ва дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, қабул ва амалигардонии барномаҳои соҳавии давлатӣ, баргузории мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир, эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” беҳамтост.

Нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир зиёд аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд”.

Имрӯз ҷавонон бояд дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакатро қадр намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ҳамон нафаре метавонад устувор бошаду фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нагардад, ки аз донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ бархурдор бошад ва дар баробари ин тафаккури солим ва иродаи мустаҳкам дошта бошад. Маҳз ноогоҳии сиёсӣ, дур будан аз фарҳанги ҳуқуқӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинӣ имрӯз дар давраи бархурди манфиатҳо як гурӯҳ ҷавонони моро ба сангарҳои гуногуне кашидааст, ки суду зиёни он то ҳол на ба худашон маълум асту на бо дигарон. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд. Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад”.

Пас, биёед биандешем, ки кадом роҳ моро ба ояндаи дурахшон раҳсипор менамояд? Ҷавоб ин аст, ки оромӣ ва субот ҳастии ҳар як миллат аст ва насли ҷавони миллатро ба ояндаи дурахшон мебарад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат пайваста дар ин самт тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ менамоянд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд: “Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки “Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад”.

 Имрӯз дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мо низ ба фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, саҳми насли ҷавонро дар рушди донишгоҳ хеле хуб эҳсос мекунем ва дар коргузории хеш ба неруи созандаи ҷавонон бештар авлавият медиҳем. Аз ин рӯ, кулли ҷавонони кишвар, донишҷӯёну наврасонро даъват менамоям, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу суннатҳои милливу мазҳабии тоҷикон, бо ҳифзи аслу насаби худ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат баҳри гулгулшукуфоӣ ва ободӣ, таҳкиму пойдории давлату Ватан неруву тавоноии хешро дареғ надошта, ҳамчун ояндасози миллат дар рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон қадами устувор бимонанд.

Фаромӯш набояд кард, ки мо таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллии худро танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин карда метавонем ва дар ин кор ҷавонони кишвар бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Пас, ҷавононро зарур аст, ки зери парчами истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин созанд.

 Хушвахтзода Қ.Х.,

 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон