ҶАВОНОНИ САОДАТМАНД

995

(Бардошт аз мулоқоти Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат (21.05.2021))

Дар замони Истиқлол сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта истодааст. Сабаб, имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, 70 %-и аҳолии мамлакатро, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург, аз ҷумла олимон ва муҳақиқони ҷавон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки ин қишри ҷомеа неруи фаъол буда, дар ҳалли аксарияти мушкилот қувваи пешбаранда мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошт, зеро пас аз 6 моҳи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро бозҳам болотар бурд. Воқеан ҳам ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон роҳандозӣ мешавад дар татбиқи он пешоҳанг бошанд.

Баъд аз Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфта буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон вохӯрӣ доир гашт ва минбаъд ин мулоқоту вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Суханронии Роҳбари давлат 17-уми марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳлили васеъи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин анҷуман Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳамаи ин имкониятҳоро ба назар гирифта, Сарвари давлат дар Паёми худ рӯзи 22.12.2016 ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намуда буданд: бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Дар ҳақиқат ҳам қабули барномаву нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар мамлакатамон тавонист чандин чеҳраҳои нав ва соҳибистеъдодҳоро кашф намуда, ба давлату миллат пешниҳод намояд.

Дар даврони Истиқлолият аз 13 ба 41 расидани шумораи муассисаҳои олии касбӣ ва даҳҳо маротиба афзудани шумораи донишҷӯён, сохтану таъмири зиёди муассисаҳои миёнаю умумии таълимиву маҷмааҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангиву фароғативу майдончаҳои варзишӣ ва имконоти таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯён дар хориҷи мамлакат, бешубҳа аз хизматҳову раҳнамоиҳои Президенти мамлакатамон дар самти стратегияи давлатии рушди нерӯи ҷавонон ва баланд кардани иқтидори нерӯи кадрӣ дар ҷумҳуриамон мебошад, ки дар Вохӯрии мазкур ин нукта шунида шуд. Таъкиди махсус дар масъалаи рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ муҳимтарин масоиле буд, ки Сарвари давлат дар вохӯрӣ қайд намуданд. Дар воқеъ ҳам дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми Ватанӣ – ғанигардонии қудрати давлат ва обрӯи он аст. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни неруи инсонӣ муассиртарин гомгузорист дар бунёди давлати пешрафта ва муваффақ. Таъкиди дигаре, ки Ҷаноби Олӣ дар вохӯрӣ намуданд, ин ба сифати боло бурдани нишондодҳои илму маориф ва дар баробари омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва донистани забони хориҷӣ буд, ки мутахассиси пурра ба талаботи имрӯзаи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ бударо бе инҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Воқеан ҳам имрӯзҳо Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар баробари ин моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо фаровон истифода намуда, барои ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои бузурги миллиамон софдилона хизмат намоем. Зеро имрӯзу фардо мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».

Дар ҳақиқат ҳам илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Имрӯзҳо чуноне ки огоҳем ҷавонони боистеъдод дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ кор ва фаъолияти пурсамар намуда истодаанд, ки дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Асри 21, ки асри технология ном мебаранд, ҳамаи моро водор месозад, ки дар ҷараёни машғулиятҳо технологияи навро истифода барем, зеро барои ноил шудан ба сифати баланди таълим дар замони имрӯза танҳо бо истифода аз техналогияи муосир метавон шароит фароҳам овард. Он донишҳое, ки ҷавонони мо тавассути технологияи иттилоотӣ, махсусан аз шабакаи Интернет ба манфиат мегиранд, барои ҷаҳонбиниашон нақши муҳим мебозад. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва нақши ҷавонон дар ин фазо чунин қайд намуда буданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Имрӯзҳо афроди зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки бештари вақти худро дар шабакаи иҷтимоии интернетӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дӯстони хуш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад. Ҷиҳати мусбати интернет дар он аст, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботҳои ниёзманди худ бароварда созад, ҳамзамон, барои сайқал ва вусъати тоза бахшад ба ақлу фаҳмиши хеш заминаи мусоид фароҳам оварад. Шабакаи ҷаҳонии Интернетро метавон маҳсули дунёи воқеии дуқутба номид, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбатро дар бар доштанаш, инчунин, дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ кам нестанд.

Мақсад аз эълон намудани 20 солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар кишвар суръат бахшидан ба низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои амалӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки вобаста ба масъаи мазкур низ дар вохурӣ махсус қайд карда шуд. Мутахассисони соҳаи мазкур бар рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ки мақсади асосии Президенти мамлакат мебошад, амалишавӣ ва пиёда намудани ин масъалаҳоро зарур ва лозим медонанд: мутамарказонидании неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бо мақсади афзун гардонидани таъсири илм ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти амалӣ, тавсиаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ, наздик кардани муассисаҳои таълимӣ вобаста ба самт ва таҳқиқоташон бо корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди пояҳои моддию техникии озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ, нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ, ҷалб намудани манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, таъмини дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, ҷалби бештари ҷавонон ва дастгирии давлатии кадрҳои илмии ин соҳа, давра ба давра зиёд намудани маош ва андозаи стипендияи мутахассисони ин соҳа, ҷорӣ намудани низоми шартномавии пардохти музди меҳнат дар соҳаи илм, аз ҷумла кормандоне, ки бо маводи химиявӣ ва таҷҳизоти ба саломатии инсон зараррасон кор мекунанд, таҷдиди назар намудан ба нақшаву барномаҳои таълимии марбут ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзию техникӣ мебошад.

Дар ҷумҳурӣ айни замон ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмии тахассуси олӣ ва махсусан кормандони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ мусоидат мекунад ва ин ҳолат ба рушди илм, сифати таҳсилот ва ниҳоят ба ташаккули неруи ақлонии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, бе ҳамгироии самаранокии илм ва маориф рушди неруи илмию техникӣ ва кадрии мамлакат имкон надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба илмомӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.

Файзуллозода Эркин Фатҳулло,

номзади илмҳои химия,

 дотсент, декани факултети химияи ДМТ