ДАСТОВАРДҲОИ ЧАНДЕ АЗ ОЛИМОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

672

Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ ба даст оварда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) дар алоқамандӣ ба таҳаввулоти сохтории дунёи муосир дар самти таълим ва тарбияи насли бомаърифат, худогоҳ, ояндасоз ва таъсири илмҳои табиатшиносӣ ва табиию риёзӣ дар тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ чунин таъкид намудаанд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шаклу моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд». Ба хотири боз ҳам бештар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмаҳсули дар наздаш гузошташуда саъю кӯшиши беандоза намудааст. Муваффақиятҳои дар тӯли 56 сол ба даст овардаи факултет басо назаррас мебошанд ва боиси зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон эътибору мавқеи факултети механикаю математика дар байни дигар факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва умуман макотиби олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ боз ҳам афзун гардид. Ҳоло дар ҷумҳуриамон ягон мактаби олӣ ва таҳсилоти миёна, пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, вазорату идораи давлатӣ ва дигар корхонаҳою сохторҳоро номбар кардан мумкин нест, ки дар онҳо хатмкардагони факултет сарбаландона фаъолият надошта бошанд. Дар байни хатмкардагони факултет шахсоне кам нестанд, ки онҳо боиси ифтихори на танҳо донишгоҳ, инчунин, тамоми ҷумҳуриамон ва берун аз он мебошанд. Аз ҷумла, дар бахшҳои гуногуни илмҳои математикӣ дастовардҳои академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҷабов Н., Илолов М.И., Шабозов М.Ш., Раҳмонов З.Ҳ., аъзо-корреспондентони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Стетсенко В.Я., Муҳаммадиев Э., профессорон Бобоев Ғ., Собиров Т. дар сатҳи ҷаҳонӣ маълум ва эътироф гардидаанд.

Академик Н. Раҷабов муаллифи зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ ва 11 монография буда, таълифоташ дар нашрияҳои илмии бонуфузи ҷаҳон – Академияи илмҳои Россия, Word Scientific, Kluwer Academic Publishers, Longman, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ ва русӣ нашр шудаанд. Натиҷаҳои илмии ӯ аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ низ қадр шудаанд. Ӯ гирандаи стипендияи Академияи илмҳои Олмон (DAAD, 1985), стипендияи маҷории Кумитаи илмии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (NATO) доир ба илм ва технология (2001), инчунин, гирандаи стипендияи давлатии ба номи Фулбрихт (Fulbright Fellow)-и ИМА (2006) мебошад.

Пажӯҳишгоҳи ҳолномавии Амрико солҳои 2004, 2005 ва 2007 ӯро ҳамчун шахсияти маъруфи сол интихоб намуд. Соли 2004 бо медали тиллои «Шараф»-и Пажӯҳишгоҳи ҳолномавии Амрико сарфароз гардидааст. Маркази байналмилалии биографии Кембриҷи (Kambridge) Британияи Кабир ӯро соли 2007 ба китоби «2000 нафар шахсони машҳуртарини интеллектуалии асри XXI» (2000 Outstading Intellectuals of the XXI st Century) дохил намудааст. Инчунин, Пажӯҳишгоҳи ҳолномавии Амрико ӯро соли 2007 ба китоби «500 нафар бузургтарин шахсони болаёқати асри XXI» (500 Greatest Geniuses of the XXI Century) ворид намуд. Бо роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар олимони ҷавон рисолаи номзадӣ ва се нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.

Ӯ аввалин шуда муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралиро, ки дорои коэффитсиентҳо ва ядроҳои махсусияти дараҷаи баланддошта мебошанд, омӯхта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Натиҷаҳои илмии бадастовардаи худро ӯ дар се конгресси умумиҷаҳонии математикон (Варшава, 1983; Сюрих, 1994; Берлин, 1998), Конгресси 2-юми ISAAC (Япония, 1999), Конгресси 6-юми ISAAC (Анқара, 2007), Конгресси сеюми математикони Аврупо (Барселона, 2000), якумин конференсияи математикони мамлакатҳои Осиё (Гонконг, 1990) ва зиёда аз 80 конференсия, симпозиум ва семинарҳои байналхалқӣ, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардидаанд, муаррифӣ намудааст.

Академик Н. Раҷабов солҳои 2000-2005 ба ҳайси академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия ва геологияи АИ ҶТ адои вазифа намудааст. Солҳои 2000-2005 инчунин ӯ намояндаи Тоҷикистон дар кумитаи илмии NATO, солҳои 2002-2004 ба сифати Котиби генералии Ассотсиатсияи академияи илмҳои мамлакатҳои Осиё (AASA – Association of Sciences in Asia) фаъолият намудааст.

Доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики АМИТ Мамадшо Илолов яке аз олимони маъруфи математика ва мутахассиси сатҳи баланди соҳаи назарияи муодилаҳои эволютсионӣ ба шумор меравад.

Дар заминаи тадқиқот оид ба муодилаҳои эволютсионӣ М. Илолов рисолаи илмиро соли 2001 нашр намуд, ки ин дар математика уфуқҳои нави таҳқиқотиро боз намуд.

М. Илолов мутахассиси соҳаи муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи идораи оптималӣ ва таърихи илм буда, муаллифи зиёда аз 200 рисолаву мақолаҳо мебошад, ки аксарияти онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба табъ расидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ чор нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

М. Илолов дар доираҳои илмии берун аз ҷумҳурӣ низ маъруф аст. Ӯ узви Академияи миллии илмҳои қазоқистон ва Фарҳангистони улуми ҷумҳурии Исломии Эрон низ мебошад. Бо ордени «Шараф» дараҷаи I, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи XIV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Пушкин» (Федератсияи Россия) ва дигар мукофотҳо сарафроз гардидааст.

Мактаби дигар ин мактаби илмии академики АМИТ, профессор Мирганд Шабозов мебошад. Он яке аз ҷавонтарин мактабҳои илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ба тараққиёти техника ва технологияҳои муосир иртиботи қавӣ дорад. Силсилаи корҳои иилмие, ки солҳои 1992-1996 дар маҷаллаҳои илмии Украина, Россия, Австрия, Германия, Болгария нашр шудаанд, асосан ба муайян кардани қимати аниқи қутрҳои Колмогоров, Бернштейн ва Гелфанд бахшида шудаанд.

Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирганд Шабозов барои ҳиссагузорӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Top Springer author-2015» гардидааст. Олими тоҷик дар нашриёти Springer (Олмон) оид ба масъалаҳои математика ба забони англисӣ беш аз 40 мақола ба табъ расонидааст. “Springer” яке аз калонтарин ва куҳантарин нашрияҳои илмии ҷаҳон буда, аз соли 1842 фаъолият менамояд.

Академик М. Шабозов дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конгресси математикони дунё (Германия, 1998), Конгресси математикони Аврупо (Испания, 2000), Конгресси математикони Ҳиндустон (Амритсар), конференсия оид ба назарияи функсияҳо (Париж, 2003), конференсияии соҳаи омори Аврупо (Женева, 2006), конференсия оид ба такмили ҳисобкуниҳои омории мушаххас доир ба баланд бардоштани ҳисоби дақиқи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (Москва, 2007), конференсияи байналмилалӣ оид ба назарияи функсияҳо ва наздиккунии беҳтарини онҳо ба ифтихори ҷашни 90-солагии академик Н.П. Корнейчук (Киев, 2010) бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.

Даспарвари дигари факултет академики АМИТ Зарулло Ҳусенович Раҳмонов мебошад. Ӯ дар соҳаи назарияи аналитикии ададҳо яке аз мутахассисони барҷаста маҳсуб мешавад. Натиҷаҳои бадастовардаи ӯ хеле олӣ буда, онҳо натиҷаҳои аксар олимони машҳурро умумӣ мегардонанд. Ба ғайр аз ин, З.Ҳ. Раҳмонов мутахассиси забардасти соҳаҳои алгебра, таҳлил ва назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ буда, аз ин фанҳо барои донишҷӯён дарс мегӯяд, аз назарияи аналитикӣ ва алгебравии ададҳо курсҳои махсус мехонад. Академик Раҳмонов З.Ҳ. сарвари мактаби илмии назарияи аналитикии ададҳои тоҷик мебошад. Ӯ анъанаҳои илмии асосгузоштаи математикони маъруфи тоҷик, мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо – Ғафур Бобоев ва Нуъмон Ғафуровро идома дода, пайваста ташаккул медиҳад. Дар зери роҳбарии ӯ 19-то рисолаҳои номзадӣ омода гардида, бомуваффақият ҳимоя карда шуданд.

Факултети механикаю математика имрӯз ба яке аз факултетҳои бонуфузи ДМТ табдил ёфтааст. Дар он зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд. Ба шогирдон зиёда аз 100 нафар устоди варзида, ки дар байни онҳо 4 нафар академики АМИТ, 11 нафар доктори илм ва зиёда аз 50 нафар номзади илм ва саромӯзгорон ҳастанд, нозукиҳои илми математикаи муосирро омӯзонда истодаанд ва факултет дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ ба муваффақиятҳои шоён ноил гаштааст.

С.Н.Исматов,

мудири кафедраи методикаи таълими математика

ва геометрия, дотсент