ФАЗОИ СУЛҲИ МОРО НАБОЯД ФИКРУ ҒОЯҲОИ БЕГОНА ГИРАНД…

72

Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), ки дар кулли нишастҳо бо вожаи ихтисоршудаи русии «СССР» ёд мешавад, ҳачун давлати абарқудрат баъд аз 70 соли мавҷудияташ дар даҳаи охири қарни бистум завол ёфт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи таърихӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон ва дар низоми муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ тағйиротҳои назаррасе зуҳур карданд. Яке аз ин тағйиротҳо ба ҳайси давлатҳои соҳибихтиёри узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани собиқ ҷумҳуриҳои пасошуравӣ буд. Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви собиқ ИҶШС Истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили нави иқтисодиёти ҷаҳонӣ эътироф гашт.

Албатта, баъди ҳазор сол барпо кардани давлати нави тоҷикон, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар саҳифаи таърих бо хатҳои заррин нигошта мешавад. Бо оғози ин саҳифаи таърихӣ, ки ба 9-уми сентябри соли 1991 рост меояд, мутаассифона, давра ба давра, рӯз ба рӯз авзоъи сиёсии ҷумҳурӣ ноором мегашт. Ба андешаи ин ҷониб, бо оғози раванди демократикунонии ҳаёти хоҷагидорӣ ва гузариш ба сохти нави идоракунии иқтисодиёт (ду принсипи асосии гузаронидани бозсозии горбачёвӣ дар ИҶШС), ки тайи солҳо барои мардуми Шуравӣ вожаҳои бегона маҳсуб меёфтанд, мардуми Шуравӣ ва махсусан мардуми шарифи Тоҷикистон моҳияти аслии онҳоро дуруст дарк накарда, саросемавор ба ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ба ном мардумӣ, вале дар асл суръатбахшандаи раванди маҳалгароӣ даст заданд, ки дар ниҳоят фазои ноустувори сиёсиро дар ҷомеа муҳайё карданд.

Қувваҳои дохилию берунии сиёсӣ шояд аз ноогоҳии сиёсии аҳолӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ истифода карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ниҳоят, аз 5-уми майи соли 1992 дар сар то сари Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ, навоҳии вилояти Хатлон муноқишаҳои сиёсии «пасипардагии аз ҷониби аҷнабиён дастгириёбанда» ба зиддиятҳои ошкорои ҳарбӣ мубаддал гашта, нахустин қурбониҳо ба қайд гирифта шуданд. Ин аллакай аз сар шудани муқовиматҳои ҳарбӣ-ҷанги бародаркушӣ ва оғози саҳифаи «талху сангин»-и тоҷикон ҳушдор дод. Дар натиҷа, низоми идоракунӣ дар тамоми бахшҳои фаъолияти мақомоти давлатию ғайридавлатӣ ба пуррагӣ фалаҷ гашта, корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ новобаста аз шакли моликияташон аз фаъолият бозмонданд. Тайи чанд муддат низоми идоракунӣ аз даст ба дасти гурӯҳҳои мухолиф гузашта, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мегирифт. Вале ба ҳеҷ яке аз ин «гурӯҳҳои ҳукуматхоҳ» имкон даст намедод, ки назму тартибро барқарор ва аз ҷанги бемаънии бародаркушӣ пешгирӣ намоянд. Рӯз то рӯз сафи қурбониён, ятимон афзун гашта, инфрасохтори иқтисодӣ пурра хароб гашт ва ба иқтисоди миллӣ миллиардҳо доллар хисорот ворид гардид.

Маҳз дар ин замина, аз ҷониби вакилони халқ ва намояндагони қишри фаъоли ҷомеа пешниҳод гардид, ки ҷиҳати ба низом даровардани вазъ, нигоҳ доштани тамомияти арзӣ ва ҳифзи Истиқлолитяи давлатӣ бо истифода аз ҳуқуқҳои ягона ниҳоди дар он шабу рӯз фаъолмонда, яъне мақоми қонунбарор – Шурои Олӣ, ҷаласаи навбатӣ дар яке аз минтақаҳои амни Тоҷикистон, вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) баргузор карда шавад. Ҳамин тавр, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид ва дар рафти он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо касби 186 овоз (аз 197 вакилон) ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ Сарвари давлат интихоб гардид. Маҳз ин интихоб боз ҳам як саҳифаи навро дар ҳаёти мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи нави давлатсозии тоҷикон ва таъмини тамоми арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ боз намуд.

Бо назардошти вазъи ба амаломада, яке аз нахустсуханони раиси Шурои Олӣ, ҷавони корозмудаю сарсупурдаи ин миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо «Ман ба Шумо сулҳ меорам…» оғоз шуд, ки ҳикмати баландро соҳиб буд. Зеро роҳбари давлат, ки аз рӯзҳои аввали вакили Шурои Олӣ буданашон шоҳиди воқеаҳои нангин гашта буд, бе ваҳдату якдигарфаҳмӣ таъмини амнияту Истиқлолияти давлатиро тасаввур карда наметавонист. Ин иқдоми роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз азми қавии эшон дарак медод. Роҳбари башардӯсти Тоҷикистон дарк карда буданд, ки танҳо Ваҳдати миллӣ метавонад, ки моро аз тамоми мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ-сиёсӣ наҷот дода, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии мамлакат таъмин карда шавад.

Албатта, ваҳдату истиқлолият беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон аст. Ваҳдати тоҷикон, пешравии кишвари биҳиштосо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои ҷаҳонро дар ҳайрат гузошта, ин таҷриба мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз Истиқлолият, самимият нисбат ба Ватан ва Сарвари воломақому дурандеши давлати тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Албатта, ин боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва амалияи сулҳофарӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад…» Мусаллам аст, ки Истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар танҳо дар якҷоягӣ метавон таъмин кард. Танҳо дар сурати таъмини истиқлоли комил душвориҳо паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Дар воқеъ, Истиқлолияти давлатӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте Ватани азизамон соҳибистиқлол аст, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад. Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷ миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.

Дастовардҳои замони Истиқлолиятро нодида гирифта, доираҳои муайяни ба ном сиёсии зери ҳимояи хориҷиён мунтазам дар пайи иғво буда, талоши кофтани «чирки зери нохун»-ро доранд. Ин табақа бар он мекушанд, ки ин ҳама пешравию сулҳу суботи сартосарии Ватани азизамонро сарфи назар карда, бо фитнаю иғво бо ҳар васила вазъи ороми мамлакат ва зиндагии осудаи мардумро халалдор созанд. Агар худи онҳо дар пешравии давлати соҳибистиқлоли тоҷик то имрӯз саҳме надошта бошанд, ҳам аз хориҷи мамлакат худро «ҳомию дилсӯз» муаррифӣ карда, зери чатри ноаёни аз хориҷа дастгириёбанда бар он мекушанд, ки номи давлату миллати тоҷикиро дар назди ҷаҳониён доғдор нишон диҳанд. Вале ин тири онҳо пайваста хок мехӯрад ва ба ягон ҳадафи нопоки худ мушарраф намешаванд. Зеро ки халқи бузурги Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон худ шоҳиди ин ҳама сулҳу пешравиҳо ҳастанд ва намегузоранд, ки боз ба хатогӣ роҳ диҳанду фирефтаи ақидаҳои носолими чунин шахсону гурӯҳҳои худкома ва дастпарвари мактаби аҷнабиёни иғвоангез гарданд. Барои мардуми азияткашидаи тоҷик, ба қавли устод Садриддин Айнӣ барои миллати “сахтҷон” воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта сабақи якумрӣ гаштаанд ва халқи бузурги Тоҷикистони азиз дид, ки думравони мансабталошу хурофотпараст, нимчамуллову “қориён”-и аз тафсири Қуръони Карим фарсахҳо дур аз минбарҳои баланд чӣ гуна вазъ мегуфтанд ва моро то ба куҷо оварда расониданд.

Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар давлати соҳибихтиёрамон тақвият бахшем. Моро мебояд, ки Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд.

Мо бар он назарем, ки фазои Ватани соҳибихтиёри моро имрӯзҳо набояд фикру ғояҳои бегонаи ҷудоиандоз, балки ваҳдати маънавӣ, яъне ягонагӣ аз ҷиҳати фикру ақида, ягона будани мафкура, ки асоси онро низ созандагию бунёдкорӣ ташкил медиҳад, фарогир бошад. Бояд аз пештара бештар бар он саъй кунем, ки дар партави фазилати ибратоини Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати соҳибистиқлоли дунявӣ, ваҳдатободу ваҳдатистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ҳама якҷоя дар зери шиори “Истиқлолияти давлатӣ – меваи беназири ҳаёт” кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоем.

Саидмуродова М.А. н.и.и.,

дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТ Тағоев М.Р.

н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТ