ФИЛОЛОГИЯИ АРАБ ВА ЗАМОНИ МУОСИР

68

Таҳти ин унвон имрӯз (28.10.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба 75-солагии Арбоби илму техника, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи забони арабии Ҷумҳурии Мисри Араб, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмию – назариявӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт, устод Сайидраҳмон Сулаймоновро ба 75-умин солгарди баҳри умр бо Ифтихономаи донишгоҳ қадрдонӣ намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки муҳимтарин осори илмии классикони мо, аз қабили асарҳои Форобиву Берунӣ, Ибни Сино, Хоразмию Фарғонӣ ва садҳо донишмандони дигари тоҷик маҳз бо забони арабӣ навишта шудаанд ва тарҷумаи ин осор ба забони тоҷикӣ ишора ба он мекунад, ки тоҷик дар гузашта соҳиби илму тамаддун буд ва хидматҳои ҷовидонаи фарзандони ин миллат дар ҳама давру замон барои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ равона будааст. Рисолати асосии арабшиносони тоҷик низ маҳз тарҷума намудану ба мардум расонидани андешаву афкори донишмандони гузашта мебошад.

Гуфта шуд, ки солҳои 60-уми асри гузашта дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи филологияи араб таъсис дода шуда, дар заминаи ин кафедра бузургтарин арабшиносони тоҷик таълиму тарбия гирифтаанд. Бе муболиға метавон гуфт, ки махзани асосии арабшиносии тоҷик маҳз дар Донишгоҳи миллӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки яке аз арабшиносони варзида, устоди гиромӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов мебошанд. Устод яке аз устодони соҳибмактаби донишгоҳ буда, дар тарҷумаи бузургтарин осори илмӣ-фалсафӣ, таҳияи фарҳангҳои дузабонаву сезабона ва тарбияи кадрҳои илмӣ – педагогӣ муваффақ мебошанд. Устод беш аз шаст дар сади таълифоти Ибни Синоро ба забонҳои тоҷикиву русӣ тарҷума кардаанд. Аз ҷумла, ду китоби Ибни Сино: «Гиёҳнома» ва «Ҷонварнома»-ро ба забонҳои тоҷикиву русӣ тарҷума намуданд, ки воқеан, ҷойи таҳсин аст. Таҳияи шомилтарин «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ» ва нахустин «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русӣ» худ бузургтарин далел ба хидматҳои заҳматталаби ин устод аст.

Дар идомаи кори конференсия муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақирзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки профессор Сайидраҳмон Сулаймонов ҳамчун омӯзгор ва донишманди арабшиноси тоҷик дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми назаррас гузошта, китобҳои таълифнамудаи ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудааст.

Дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Русия ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илми арабшиносӣ маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфренсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар бахшҳои забоншиносии Шарқ ва адабиётшиносии Шарқ таҳия шуда, дар он зиёда аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.