ИҶЛОСИЯ ВА ТАШАККУЛЁБИИ ФАРҲАНГИ СИЁСӢ

449

Сӣ сол муқаддам, 16-уми ноябри соли 1992-юм, дар он рӯзҳое, ки ба давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тоҷик хатари ҷиддии азбайнравӣ таҳдид мекард, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Агар мо аз нуқтаи назари имрӯз ба рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ватанамон назар афканем, хуб дарк карда метавонем, ки маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи навини халқу кишварамон оғоз бахшид. Вай барои таҳкими истиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризояти миллӣ таҳкурсии мустаҳкам гузошт.

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пурихтилоф буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хосси худро дорад. Ин марҳалаҳо метавонад орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Зеро онҳо натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам оварда шуда буд, мақсаднок истифода баранд. Имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст.

Нимаи дуюми садаи XX ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён доир ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ эълон намояд. Аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад, вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт.

Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории наву мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои нави давраи инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор сохт.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоиву сиёсии кишварро тағйир дод. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷаи фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ ба ном “неруҳои демократӣ» авҷ гирифта, вазъи сиёсиро мураккаб намуданд. Тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат ба миён омада, маҳалгароӣ ва зӯроварӣ ба авҷи аъло расиданд. Бесарусомонию саргардониҳо ба вуҷуд омаданд. Чунин буд авзои сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта.

Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шурои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллат ба зиммаи худ гирифта, кафили таъмини сулҳу осоиш ва пойдории давлат гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Аҳаммияти таърихии он дар муайян намудани сохтори давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани аслҳои асосии давлатдорӣ бениҳоят калон аст.

Иҷлосия роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ–бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию идеологӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд.

Эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявю ягона, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдор буданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститусионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда зад. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гашта, минбаъд дар Конститусия низ таҷассуми худро ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз, маҳз иродаи қатъии сиёсии Сарвари давлат ба ҳама баҳсу мунозираҳо атрофи ин масъала хотима гузошта, имкон дод, то ҷомеаи аз кашмакашҳо хасташудаи Тоҷикистон аз вартаи порашавӣ раҳо ёбад.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин Иҷлосия дар радифи муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд. Аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии қабул шудани рамзҳои давлатиро ба назар гирифта, Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буд: «Тоҷикистон ҳамчунин соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ гардид, ки онҳо волотарин рамзҳои истиқлолияти кишвари мо мебошанд. Шояд ин падидаҳо аз нигоҳи аввал оддию сода ҷилва кунанд, вале дар қиёс бо он ки дар чӣ вартае будем, аз куҷо оғоз кардем, ҳар кадоме аз ин рӯйдодҳо аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ пайдо мекунанд».

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамин Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба арзишҳои башардӯстона нишон дод. Яке аз аввалин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шурои Олии мамалакат доир ба масъалаҳои баргардонидани гурезаҳо буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муҳиммияти масъаларо бо тамоми ҳастиаш эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргаштани гурезаҳо ба Ватан ин маънои обод кардани хонаю деҳаҳои сӯхта, киштзорҳои поймолшуда, марҳами захмҳои ғарибӣ ва азобу кулфатҳои мусофириро дошт.

Муҳимтар аз ҳама маҳз тавассути бозгаштан ба Ватан имконияти дарки хатои содиршуда ва бахшиши гуноҳи якдигар ба даст меомад, ки омили муҳимми таъминсозандаи сулҳу салоҳ мегашт.

Дур аз Ватан қарор доштани гурезаҳо ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат таъсири бевоситаи худро мерасонд. Пеш аз ҳама, мардуми ғарибгашта, ки аслан гуноҳе надоштанд, метавонистанд барои қувваҳои манфиатдор ҳамчун воситаи ба даст овардани мақсадои ғаразнок истифода гарданд. Махсусан, ин ҳолат дар Афғонистон, ки вазъи сиёсии нооором дошт, барои мардуми мо мушкилоти вазнинро пеш овард.

Иҷлосияи 16-ум ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд. Хусусияти фарқкунандаи фарҳанги нави сиёсӣ дар он буд, ки марҳилаи ноороми инкишоф дар роҳи таҳкими он метавонист мушкилиҳои зиёдеро ба бор орад. Аммо таҷрибаи сиёсӣ нишон дод, ки пайдоиши фарҳанги нави сиёсиро дар ҷомеа зарурати таърихӣ ба миён овардааст. Зеро бархӯрди ҳамаи он ақидаҳо, ки сабаби асосии даргириҳо гашта буданд, натавонистанд, ки манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, чунин арзишҳоеро тарғибу ташвиқ намоянд, ки воқеан ҳам ҷавобгӯи талаботи ҷомеа бошанд.

Чун имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, набояд фаромӯш кард, ки принсипи асосии сулҳофарӣ маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муайян шуд. Маҳз ҳамин принсипи асосгузор тавонист дар марҳилаҳои минбаъда зина ба зина амалӣ гашта, ба ҷаҳониён модели нави сулҳофариро тақдим намояд.

Имрӯзҳо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он ифтихор дорад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омӯхта мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна низоъ роҳи ҳалли худро дорад, агар тарафҳои даргир сари вақт мақсади ҳал кардани онро дар миён гузошта бошанд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурати таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад.

Ғаффорзода Шоҳрух, директори Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ