ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

21

Аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки охири соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор шуда буд, 30 сол сипарӣ мегардад. Таърих собит намуд, ки Иҷлосия барои ҳастии миллат, ҳифзи якпорчагии давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, оромию осудагии шаҳрвандони Тоҷикистон, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар воқеан тақдирсоз будааст. Иҷлосия дар вазъияте баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва муқовимати мусалаҳонаи қувваҳои даргир оғоз шуда, кишвар ба буҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ фурӯ рафта буд. Маҳз натиҷаҳои Иҷлосия ба раванди Ваҳдати миллӣ, сарҷамъ кардани қувваҳои марказгурез, хотима бахшидани ҷанги таҳмилии нанговарӣ шаҳрвандии бародаркуш, раҳоии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон аз ҳолати “аномия”, беқонунӣ ва “хаоси сиёсӣ”, бартараф намудани хатари азбайнравии давлати ҷавони Тоҷикистони соҳибихтиёр, пешгирии парокандашавии миллат ва роҳ надодан ба тақсим шудани марзу буми Ватан оғоз бахшиданд. Муҳимтарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар Иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҷасорати шахсӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити хеле мушкил, беҳокимиятӣ, беқонунӣ, “аномия”, бархурдҳои мусаллаҳона, террори шахсони сиёсӣ ва равшанфикру озодандеш, иқтисоди фалаҷшуда, ояндаи норушан ва вазъияти хатарноки сиёсӣ идораи мамлакатро ба уҳда гирифтанд. Ҳол он ки аксарияти роҳбарони сиёсии собиқ ба хотири амнияти шахсӣ ва оилавӣ худро аз сиёсат ва масъулияти сиёсӣ дур гирифтан мехостанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсӣ Пешвои миллат тамоми кушишу талошҳои хешро баҳри ҳифзи миллат ва якпорчагии давлат, барқарорсозии сулҳу суботи кишвар ва Ваҳдати миллӣ, барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими давлатдорӣ, мустаҳкам намудани низоми қонунгузорӣ ва рушди вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона намуданд. Бо гузашти 30 соли баргузории Иҷлосия дарк менамоем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба вазъи мушкилу мураккаби он замон содиқона тамоми қарорҳои қабулшуда, ваъдаҳо, вазифаҳо ва масъулияти ба зиммаи хеш гирифтаашонро саривақт, барзиёд ва босифат дар амал татбиқ ва иҷро намудаанд.

Бо шарофати соҳиби ҳувияти таҳаммулпазир ва сулҳофар будани мардуми Тоҷикистон ва хираду ҷасоратмандӣ ва тавонмандию ҷонфидоиҳои Пешвои миллат – Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон раванди бебозгашти Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, ба ин рӯзҳои орому осуда, аёми фаровонӣ, ободкорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, шоҳкориҳо ва ҳаёти шоистаю сазовор омада расидем. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи дурахшони таърихи миллат, санаи муҳиму сарнавиштсоз ва ҳодисаи хотирмони сиёсии кишвари соҳибихтиёри Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин сабаб, бояд ҳар як лаҳзаи Иҷлосия аз тарафи муҳаққиқон ва аҳли зиё мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирад, аз нуқтаи назари илмӣ ва адолати таърихӣ баҳогузорӣ гардад, аҳамияти таърихӣ ва тақдирсоз будани Иҷлосия дар ҳастии миллат ва давлат ба ҳар як насли нав фаҳмонида шавад, ҳамчун саҳифаи фаромӯшнашаванда ва хотирмони таърихи Ватан боқӣ монад.

Ба тамоми ҳамватанони азиз – мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод мегӯям ва таманно дорам, ки ин оромию осоиштагӣ, Ваҳдати миллӣ ва муваффақияту бурдбориҳо воқеияти доимии зиндагии мо – шаҳрвандони Тоҷикистон бошад!

Миров Фирӯз Сафаралиевич – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон