ИБРАТОМӮЗ. МАКТАБИ БУЗУРГИ ОЛИМИ ШИНОХТА

390

Ҳар як инсон дар зиндагӣ кушиш менамояд, ки бо ҳар роҳу усул дар дафтари хотираҳо нақш бандад ва маҳбуби ҳамагон гардад. Яке ҳамчун сиёсатмадор, дигаре тавассути фаъолияти хеле волои худ дар соҳаҳои гуногун ва сеюмин бошад, ҳамчун олим ва роҳбар ба қалбҳо ҷой шуда, дар хотир боқӣ мемонад. Ин гуфтаҳо ба ҳаёт ва фаъолияти Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, академики Академияи илмҳои иқтисодии АвруОсиё, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дӯстмурод Ӯроқов тааллуқ дорад.

 Дӯстмурод Ӯроқов 5-уми майи соли 1942 дар шаҳри Ҳисор дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (Ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Фаъолияти меҳнатияш аз ҳамин донишгоҳ шурӯъ шуда, дар вазифаҳои гуногун адои вазифа намудааст. Солҳои 1969-1974 муаллими калон, 1974-1991 дотсент, солҳои 1998-2003 мудири кафедра баҳисобгирии бухгалтерӣ ва соли 1981 декани факултети баҳисобгирии иқтисодӣ буданд. Мавсуф дар ҷодаи таълиму тарбия ва илму истеҳсолот мактаби хосаеро соҳиб шудаанд.

Мактаби илмии Арбоби илму техникаи Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дӯстмурод Ӯроқов яке аз мактабҳои бонуфузи соҳаҳои муҳосибот, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар қаламрави пасошӯравӣ маҳсуб мешавад. Мавсуф рисолаи номзадиашро соли 1969 дар аспирантураи Академияи молияи Москва ва рисолаи докториашро соли 1989 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дифоъ кардааст.

Д. Ӯроқов аввалин олимест, ки рисолаи докториро дар ин соҳаи мушкил дар Осиёи Миёна дифоъ карда, зери роҳбарии профес¬сорон А.Д. Шеремет ва А.Ф. Аксёненко ӯ назарияи баҳисобгирии идоракунӣ аз рӯи фаъолиятро таҳқиқ намуда, тавсияҳои муфиди илмӣ пешниҳод намудааст. Ин пешниҳод аз ҷониби аксар олимони мамолики гуногун мавриди эътироф қарор гирифт. Дар давраи таҳсил дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун мушовири илмӣ ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон дар соҳаҳои иқтисодиёт барои кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст. Натиҷаи корҳои илмии Д. Ӯроқов оид ба ташкили баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ дар низоми идоракунии субъектҳои хоҷагидорӣ аз рӯи фаъолият дар бузургтарин корхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар ширкати «АвтоВАЗ», заводи дастгоҳбарории “Красный пролетарий” (Москва), “Тоҷиктекстилмаш” (Душанбе), саноати сабуки Тоҷикистон (қолинбофӣ, трикотажбарорӣ, бофандагӣ, истеҳсоли семент) ҷорӣ карда шудаанд. Аввалин рисолаи илмии Д. Ӯроқов оид ба баҳисобгирии идора¬кунӣ бо теъдоди 50 000 нусха дар нашриёти “Финансы и статистика”-и шаҳри Москва аз чоп баромад.

Дар мактаби илмии Д. Ӯроқов беш аз 20 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Аз ин мактаб як нафар унвонҷӯ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва як нафар аз Тоҷикистон дар Маскав рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд. Таҳти роҳбарии ӯ устодони факултетҳои иқтисодии ДМТ дар коркарди стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) фаъолона иштирок карданд ва қисми зиёди онҳо соҳиби шаҳодатнома шудаанд. Д. Ӯроқов борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Туркия, Олмон, Эрон, Булғория, Голландия, Боку, Санкт-Петербург ва дигар минтақа аз дастовардҳои илмиаш маърӯза кардааст.

Саҳми ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳаҳои иқтисодӣ калон аст. Солҳои 1981-2010 вазифаи мудирии кафедраи яке аз факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллиро ба уҳда дошт. Аз соли 1992 то соли 2008 сарвари факултетҳои молиявию баҳисобгирӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ буданд. Имрӯзҳо шогирдонаш ба сифати дотсент ва профессор дар сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доранд.

Д. Ӯроқов аз соли 2000-ум раиси Ассотсиатсияи муҳо¬сибон ва аудиторони ҷумҳурӣ буданд. Бо ташаббуси устод солҳои 2000-2008 гранти ширкати “Прагма” барои ташкили омӯзиш ва ҷорӣ кардани СБҲМ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд. Ҷиҳати омӯзиш ва ҷорӣ кардани стандартҳои нави муҳосибавӣ аъзои ҷамъият бо роҳбарии Д. Ӯроқов ба Фаронса, Туркия, Голландия, Ирландия, Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карда буданд.

Шодравон муаллифи зиёда аз 200 китоби тадқиқотӣ, дарсӣ, илмию методӣ ва мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ буда, «Учёт затрат по сферам деятельности» (1991), «Развитие рынка ценных бумаг в Таджикистане» (2001), «Аудит» (2002), «Назарияи ҳисобгирии бухгалтерӣ» (1990,1991, 2007) аз ҷумлаи он асарҳост.

Барои саҳми шоиста дар рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисон ӯ бо нишони «Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ» (1985), унвони «Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) сарфароз шудааст. Узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1995), академики Академияи илмҳои иқтисодии АвруОсиё (2003), узви Иттифоқи журналистон (2011) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014) мебошад.

Инчунин, Дӯстмурод Ӯроқов бо тахаллуси “Самимӣ” чандин роман, девони шеърҳо ва очеркҳои таърихӣ (Повести «Мерган» (2007), «Қиссаҳои марғуби зиндагӣ» (2008), романи «Овора» (2008), шеъру достонҳои «Води сабзи сухан» (2015)) низ иншо кардааст.

 Умр вафо менамуд имрӯз Д. Ӯроқов ба синни мубораки 80 қадам мемонданд. 15 январи соли 2021 риштаи умри иқтисодчиии варзида ва олими шинохта Дӯстмурод Ӯроқов дар синни 79-солагӣ канда шуд.

Кас китоби рӯзгорнома, яъне фаъолияти роҳбарӣ ва илмию омӯзгории профессор Дӯстмурод Ӯроқовро варақ гардонад, ба соҳибистеъдодӣ, ташкилотчигӣ, пуртаҷрибагӣ, накӯкорӣ, хоксории ӯ қоил мешавад ва ин мактаби бузурги олими шинохтаро ибратомӯз дар меёбад. Ба қавли шоир:

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Ёди неки устод Дӯстмурод Ӯроқов чун олими шинохта ва роҳбари кордон дар дили ҳар як шогирду ҳамкор ва ҳамкасбу дӯстон абадӣ хоҳад монд.