ИФТИТОҲИ ГАНҶИНАИ ИЛМУ АДАБ

878

Имрӯз (02.04.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ҳамчун махзани илму адаб, баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода М.С., раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ва дигар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Вобаста ба ин масъала дар толори Ганҷина бо иштироки меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ нишасти хотирмон доир гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳиммияти азнавтаъмиркунии Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода суханронӣ намуда, афзуд, ки: “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” дастранҷи адабиётшиносони барҷастаи факултети филологияи донишгоҳ дар тули солҳо буда, ифтитоҳи такрорӣ ва азнавсозии он, табиист, ки дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, туҳфаи арзандаест ба аҳли илму адаби кишвари фарҳангофар ва китобдӯсти мо, ки ба ҳайси миллати соҳибкитоб ва соҳибмаърифат шинохта мешаванд. Солҳо боз адибону шоирон ва классикони мо тавассути омӯзиш ва истифода аз китобхонаҳои бошукӯҳи дарбори шоҳон тавонистанд, илму ҳикматро аз насл ба насли оянда, яъне ба мо мерос гузоранд ва дар навбати худ мо барои ба наслҳои ояндаи хеш расонидани ин анъана вазифадорем. Тасдиқи ин гуфтаҳо бузургтарин китобхонаи давлати бузурги Сомониён «Сивон-ул-Ҳикма»-и Бухоро ва «Ганҷи Шопур»-и Сосониён мебошад, ки сарчашмаи омӯзиш ва таҳқиқи адибону шоирони мо ҳисобида мешавад. То кадом андоза барои миллат ва ҷомеа ин кохи пур аз ганҷу ҳикмат, ки айни ҳол мавриди истифодаи такрорӣ қарор гирифт, зарур буданаш дар осори пурғановати адибони гузашта хеле хуб таъкид гардидааст:

Баргу созу мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст».

Сипас Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода М.С., раиси Иттифоқи нависандагон Н. Қосим ва чанде аз устодон, аз ҷумла М.Солеҳов, Б.Мақсудов, М.Нарзиқул, Ваҳҳобзода Р. дар бораи муҳиммияти омӯзиши китобҳои нодири “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки Ганҷина дар аввал “Толори ба номи А.Ҷомӣ” ва “Толори ба номи Ш.Ҳусейнзода” ном дошт. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши осори нодири гирдовардаи профессор Ш.Ҳусейнзода имрӯз бо унвони “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” номгузорӣ шуд. Гуфта шуд, ки захираи дастнависҳои Ганҷина дар ибтидо хеле андак буд, вале бо мусоидату ёрии шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода миқдори дастхатҳо тадриҷан афзун гардид.

“Мавсуф (Шарифҷон Ҳусейнзода) барои такмили захираи дастнависҳо ва чопҳои нодир аҳаммияти бештар медод. Бо ҳидояту роҳнамоии профессор Ш. Ҳусейнзода кормандони Ганҷина дар вақтҳои муайян ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ экспедитсияҳо ташкил карда, аз миёни аҳолӣ китобҳои нодирро ҷамъоварӣ менамуданд. Масалан, дар интиҳои солҳои 60-ум кабинети мазкур аз сокини ш. Конибодом Малоҳат Тӯрахоҷаева ба маблағи 275 сум китобҳои дастхат ва чопҳои сангиро харидорӣ кардааст, ки дар миёни онҳо «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Куллиёт»-и Бедил, «Бурҳони қотеъ», «Матлаъ-ул-улум», «Таърихи Табарӣ» ва «Кашф-ул-луғот» будааст. Ё худ, тирамоҳи соли 1980 аз тарафи сокини ноҳияи Ленин (ҳоло н. Рӯдакӣ) Қ.Қирғизбоев ва ҷиянаш Аҳтам 52 номгӯй китобҳои гуногунмавзӯи асримиёнагӣ ба захираи Ганҷина ҳадя карда шудааст. Ин амали хайр бо эҳтиром ва нуфузи бузурги профессор Ш. Ҳусейнзода ба амал омадааст. Дар миёни осори ҳадякардаи ашхоси зикршуда нашрҳои нодири литографӣ, сангӣ ба забонҳои форсии тоҷикӣ, туркӣ ва арабӣ мавҷуданд» -афзуд М.Солеҳов.

 Тавре декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар суҳбат бо мо афзуд: «Соли 1962 кафедраи адабиёти тоҷик ба ду кафедра тақсим мешавад: кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик. Аввалин мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва муассиси Ганҷина (он вақт кабинет)- и адабиёти назди кафедра Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода буданд. Азбаски профессор Ш. Ҳусейнзода ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани осори хаттии ниёгон буданд ва дар нуқоти гуногуни Осиёи Марказӣ бо китобфурӯшони сершумор ошноӣ доштанд, сари чанд вақт онҳо ба суроғи профессор Ш. Ҳусейнзода меомаданд ва китоб меоварданд ва дар натиҷа Ганҷина ба макони бузурги мероси бузургон табдил ёфт. Имрӯз дар байни осори дастнавис, ки дар захираи Ганҷина нигоҳдорӣ мешаванд, девонҳо, куллиёти шуарои асримиёнагӣ, ҳамчунин, осори туркиву арабӣ, тазкираҳо, баёзу ҷунгҳо, осори таърихӣ, динӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, фалсафӣ мавҷуданд, ки таҳқиқоти алоҳидаро мехоҳанд».

Дар нишаст гуфта шуд, ки китобҳои «Ҷамшеднома», «Ғазалиёти Бедил», «Чаҳор девон. Навоӣ», ««Юсуф ва Зулайхо»-и А.Ҷомӣ», ««Нафоҳатулунс»-и А.Ҷомӣ», «Китоб-ал-мусабеҳ», аз ҷумлаи китобҳои нодирест, ки дар ин Ганҷина нигоҳдорӣ шудаанд.

Дар ҷараёни нишаст чанде аз донишҷӯёни факултети филология дар мавзӯи муаллиму китоб ва илму маърифат порчаҳои шеърӣ қироат намуда, пешниҳод гардид, ки минбаъд маҳфилҳои илмӣ ва чорабиниҳои адабӣ дар ин Ганҷина гузаронида шавад ва ҷиҳати рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию эҷодии ДМТ бо Иттифоқи нависандагон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба раиси Иттифоқи нависандагон, устод Н.Қосим «Ифтихорномаи донишгоҳ» супорида шуд.