ИНЪИКОСИ ҒОЯҲОИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР

885

Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши II Кабир ҳанӯз дар давлатҳои дунёи қадим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буд. Бинобар ин, муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки Лулаи Куруши Кабир нусхаи ягона набуда, он дар ҷадвалчаҳои зиёди дигар низ навишта шуда будааст ва чунин ҷадвалчаҳои гилини пурмондаро бостоншиносон аз ҷойҳои гуногуни Шоҳаншоҳии Байнаннаҳрайн пайдо мекунанд. Лулаи Эъломияи Куруши Кабир низ дар як нусха набудааст. Масалан, бостоншиносони чиноии муосир яке аз нусхаҳои Лулаи Куруши Кабирро дар Чин меёбанд ва он ҳоло дар Осорхонаи пӯшидаи Пекин маҳфуз мебошад. Қисме аз муҳаққиқон бовар доранд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба Юнону Руми Қадим роҳ ёфта будааст. Яъне ҳуқуқи Рум низ дар асоси татбиқи ғояҳои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва қонунгузории Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба миён омадааст.

Имрӯз Эъломияи Куруши Кабир бо номи «Лулаи Куруши Кабир» боиси таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи умумибашарӣ қарор гардида, он дар таҳияи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки онро Иҷлосияи III Кулли СММ бо қатъномаи худ зери рамзи 2200 А аз 10 декабри соли 1948 қабул кардааст, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи ташхис ва таҳлили Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маълум гардид, ки дар он беш аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст:

  1. Шоҳ кафили ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ мебошад. 2. Шоҳ кафили амнияти раият мебошад. 3. Шоҳ кафили тартибу низом дар ҷомеа мебошад. 4. Шоҳ кафили ҳуқуқу озодиҳои раият мебошад. 5. Шоҳ кафили дахлнопазирии манзили раият аст. 6. Шоҳ кафили ҳифозати шаклҳои гуногуни моликият аст. 7. Шоҳ дахлнопазирии ибодатгоҳҳо ва шоҳҳоро таъмин менамояд. 8. Шоҳ кафили таъмини ҳуқуқ ба эътиқодҳои динӣ мебошад. 9. Шоҳ дар мамлакат пуштибони асосии расму оинҳо мебошад. 10. Кас ҳақ дорад манзилашро тарк кунад ва ба он баргардад. 11. Шоҳи золим бояд ба ҷазои сахт гирифтор карда шавад. 12. Шоҳ бояд зулмро дар мамлакати хеш аз байн бардорад. 13. Шоҳ набояд нисбат ба халқ худсарона рафтор кунад. 14. Ҳоким ва шоҳ бояд адолатпеша ва бо раҳму шафқат бошанд. 15. Мардук ба вазифаи шоҳ адолатпешаро интихоб мекунад. 16. Муқаддасгоҳҳо бояд дар зери ҳимояи давлат бошанд. 17. Шоҳи ҳақиқӣ касест, ки сазовори эҳтироми раият шудааст. 18. Мардуми Бобул баробарҳуқуқ мебошанд. 19. Ҳокимияти шоҳ на барои он аст, ки халқ аз он тарсад. 20. Ёдгориҳои таърихиро бояд шоҳ ҳимоя кунад. 21. Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати ғуломӣ қарор дошта бошад. 22. Ҳар кас ҳуқуқи истифода аз ёдгориҳои маданиятро дорад. 23. Касе ҳақ надорад раиятро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум созад. 24. Мардум ҳақ доранд ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд. 25. Куруш ҳимоятгари манфиатҳои мардуми Бобул мебошад. 26. Қонунҳо бояд баробарҳуқуқии ҳамаро таъмин намоянд. 27. Қӯшун аз ҷумлаи кафилони таъмини осудагии раият мебошад. 28. Давлат кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум мебошад. 29. Шоҳ ҳақ надорад дар давлати худ ба қонуншиканӣ роҳ диҳад. 30. Шоҳ ҳақ надорад касеро маҷбуран аз як ҷо ба дигар ҷо кӯчонад. 31. Шоҳ ҳақ надорад раиятро аз мамлакат пеш кунад. 32. Шоҳ бояд арзу шикояти раиятро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд. 33. Шоҳ бояд дар назди худоҳо ва раият масъулият дошта бошад. 34. Шоҳ бояд барои раият аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошад. 35. Шоҳ бояд ба корҳое машғул шавад, ки халқро ба некрӯзӣ биёранд. 36. Шоҳ кафили асосии ҳуқуқу озодиҳо ва беҳдошти зиндагии раият аст. 37. Шоҳ бояд амнияти мардуми давлатҳои истилокардаро таъмин намояд. 38. Шоҳ бояд ғамхори беҳдошти зиндагии мардуми давлати истилошуда бошад. 39. Қонунҳо бояд дар пояи адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дошта бошанд. 40. Дар муносибатҳои байналмилалӣ на ҷанг, балки дипломатия афзалият дорад. 41. Зарурати ба назар гирифтани нақш ва мақоми эътиқодоти динӣ дар ҷомеа. 42. Инсон ҳуқуқҳои азалӣ дорад ва онҳоро касе ҳақ надорад шиканад. 43. Пуштибони олии ҳуқуқҳои азалии инсон дар Бобул худоҳо ва махсусан Мардук мебошад. 44. Ҳамаи нажодҳо баробарҳуқуқанд. 45. Ибодатгоҳҳо ва моликияти онҳо дахлнопазиранд. 46. Хориҷиён дар Бобул ҳуқуқи ҳимоят доранд. 47. Бобул моликияти хориҷиро аз они худ намекунад 48. Ҳамаи халқҳо ҳуқуқи истиқ-лолияти худро доранд. 49. Касе ҳақ надорад инсонро ба қатл расонад. 50.Ҳар кас ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 мавриди он ғояҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши II Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадаанд. Дар баробари ин, дар Эъломияи ҳуқуқи башар ғояҳои башардӯстонаи зиёде ҳам ҷой доранд, ки аз доираи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар берун мондаанд, чунки онҳо масъалаҳои хос ба Бобул ва воқеияти сиёсию иҷтимоӣ ва динию эътиқодии ба ҳамон замон мувофиқбударо ифода мекунанд.

Аз тафовут дар байни Эъломияи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеояд, ки қонунҳо, дар баробари талаботи умумӣ, бояд махсусиятҳои ҷомеаи мушаххасеро низ ифода намоянд, ки барои он навишта мешаванд, бо истиснои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва асноди дигари ҳуқуқи байналмилалие, ки дар замони мо барои давлатҳои аъзо аз тарафи СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ навишта ва қабул карда шудаанд. Бояд гуфт, ки қабули қонунҳо ва санадҳои дигари байналмилӣ ва минтақавии ҳуқуқию меъёрии замони мо дар шакл ва усули дастаҷамъонаи намояндагони давлатҳои аъзои созмон сурат мегирад ва аз тасдиқу бақайдгирӣ (ратификатсия) дар мақомоти қонунгузор мегузаранд.

Эъломияи ҳуқуқи башар аз тариқи андешаҳои Куруши Кабир дар сатҳи хеле баланди ғояҳои башардӯстона, соддаю бо забони равон ва нақлӣ таҳия карда шуда, қариб ҳамаи он масъалаҳоеро инъикос кардааст, ки барои инсоният натанҳо дар Бобулу тамоми Шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва аксарияти давлатҳои дунёи қадим, балки дар асрҳои миёна ва ҳатто дар асрҳои нав ва замонҳои таърихи навину муосир ҳам хос ба назар мерасанд. Албатта он ғояҳои ахлоқию ҳуқуқии Эъломияи Куруши Кабир, ки дар боло оварда шуданад, мумкин набуд, дар шакле навишта шуда бошанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башари имрӯз амалкунанда, ки барои тамоми ҷаҳон таҳия карда шудааст, мураттаб сохта мешуд. Муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар – Куруши II Кабир дар шароити мушаххаси таърихӣ – дар оғози асри ХVIII то милод, замоне дар Бобул ба сари ҳокимият меояд, ки шоҳи собиқи Бобул Набонид нисбат ба халқ ва муқаддасоти миллию динии он ба бедодгарии маҳз роҳ додааст. Дар ин шароити ҳассос ва фоҷеабор Куруши Кабир тавонистааст, ки дар Бобул оқибатҳои бедодгарии Набонидро сарбаландона бартараф намояд, нисбат ба Набониди ҷиноятпеша ҳам чора андешид.

Бояд дар назар дошт, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир воқеияти таърихии дар Бобули беш аз 2480 – соларо ифода кардааст, гарчанде қисме аз ғояҳои Эъломияи Куруши Кабир дар Байнаннаҳрайн ва кишвару минтақаои дигари Шарқи Қадим низ хеле барвақт ба миён омада буданд, чунки режимҳои сиёсӣ дар аксарияти онҳо истибдодӣ буд ва мардум аз ин режимҳои сиёсӣ азият кашида, дар бораи шоҳи одил ору мекарданд. Дар шахси Куруши Кабир чунин шоҳи одолатпеша дар Бобул ба сари ҳокимият меояд ва орзую умеди онҳоро пиёда мекунад.

 Вале Куруши Кабир дар Бобул ба сари ҳокимият омада, чандин мушкилӣ дошт, ки онҳо ба ӯ халал мерасонданд. Мушкилӣ дар он таҷассум ёфтаааст, ки шоҳ Куруши Кабир дар Эъломияи ҳуқуқи башар дар чанд нақш омадааст: ҳам дар нақши шоҳи адолатпешаи барои Бобул интихобкардаи худо Мардук, ҳам аз зери ҳокимияти шоҳи разил Набонид озодкунандаи мардуми Бобул, ҳам подшоҳи ҳукумат, ҳам додгоҳу додхоҳ, ҳам ҳимоятгари ҳуқуқу оздиҳои мардум, ҳам дар нақши рӯҳонии аввал, ҳам иҷрокунандаи супоришҳои Мардук ва ниҳоят, батартибдарорандаи идораи давлати Ҳахоманишиён.

Барои ҳамин дар Эъломия Бобулро Куруш аз рӯи иродаи худо Мардук идора мекунад, гарчанде дар аввал ӯ дар Бобул ба ҷои худ писараш Камбуҷияи II-ро ҳоким таъйин карда буд. Вале баъди чанде ӯро дар канор монда, дар баробари шоҳаншоҳи давлати Ҳахоманишиён будан, идораи Бобулро низ ба зима мегирад. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар чунин шароити таърихӣ рӯи кор омадааст.

Сарфи назар аз ин, Эъломияи Куруш он ҳолати иҷтимоию сиёсиеро ифода намудааст, ки натанҳо хоси Бобул ва тамоми Шарқи Қадим, балки тавре аз таърихи башар маълум гардид, барои ҳамаи давру замонҳо хос будааст.

Дар баробари ин, СММ тасмим мегирад, ки «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» ҳамчун хиради дастаҷамъонаи ҷомеаи тараққихоҳу башардӯсти ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шавад. Дар он натанҳо ғояҳои башардӯстонаи муқобилони ҷанг, балки ғояҳои хирадмандона ва абадзиндаи Куруши Кабир оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар низ инъикос гардидаанд. Дар ин бора муҳаққиқони зиёд фикри худро баён сохта ба Эъломия ва муаллифи он Куруши II Кабир баҳои баланд додаанд.

Таъкид бояд кард, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба таҳияи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таъсир расонидааст. Ҳанӯз замоне, ки (10 декабри соли 1948) ин санади муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалии муосир қабул карда шуда буд, маълум гардид, ки он ҳанӯз тамоми паҳлӯҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар нагирифтааст. Чунки ин санад бештар масъалаҳои умумии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар гирифтааст. Бинобар ин, Иҷлосияи III Кулли СММ дар соли 1948 тасмим гирифт, ки дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ду санади дигари ҳуқуқи байналмилалӣ низ таҳия карда шавад: «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ» ва «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ». Ин се санади ҳуқуқии СММ Билл дар бораи ҳуқуқҳоро таҷассум менамоянд.

Вале ин санадҳо ба мақоми худ яку якбора соҳиб нашуданд, чунки онҳоро аввал бояд аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзои СММ маъқул (ратификатсия) медонистанд, баъди ин онҳо ба мақоми воқеии худ соҳиб мешуданд. Бинобар ин, боз қариб 10 соли дигар лозим шуд, то ки ба ин мақом соҳиб шаванд. Ҳамин тариқ, «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ» 3 январи соли 1976 ва «Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ» 23 марти соли 1976 ба мақоми ҳуқуқи байналмилалӣ соҳиб шуданд.

Таъкид бояд кард, ки дар таҳияи ин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар баробари Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ғояҳои зиёди ҳуқуқӣ ва ахлоқии дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши II Кабир инъикосёфта мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Тавре муҳаққиқони зиёди муосир қайд мекунанд, чор моддаи аввали «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар»-и муосир аз ғояҳои ҳуқуқию ахлоқии «Эъломияи ҳуқуқи башар»- и Куруши II Кабир гирифта шудааст.

Мирзозода Ф., номзади илмҳои ҳуқуқ