ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ ДОКТОРАНТИ PH.D – И ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ РАҲИМЗОДА АМРУЛЛО СИКАНДАРШО ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

252

Дар Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалии давлатҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) баргузор гардид. Дар конференсияи болозик докторантӣ Ph.D соли якуми ихтисоси “гидрология” аз кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология, Раҳимзода Амрулло Сикандаршо иштирок ва дар мавзуи “Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим” баромад намуд.

Дар баромади худ Раҳимзода Амрулло Сикандаршо аз ҷумла чунин қайд намуданд – “Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои зиёди табиӣ буда, яке аз ин сарватҳои пурарзиш об ба ҳисоб меравад. Оби ошомиданӣ ба мисли нафту газ, маъдану сангҳои қиматбаҳо сарвати бебаҳои миллист ва мо бояд ба қадри ин неъмати худодод бирасему барои афзун намудани он саъю кӯшиш намоем. 60 фоизи захираи оби Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон ташаккул меёбад. Захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил мекунанд.

Воқеан инсоният бояд дар якҷоягӣ ба омӯзиши дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфҳои доимӣ, тармаҳо ва хусусиятҳои экологии онҳо диққати махсус диҳад. Дар шароити имрӯза тоза нигоҳ доштани хусусан оби дарёҳо аз ифлосшавӣ ва хусусиятҳои экологии онҳо яке аз масъалаҳои муҳими тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин сабаб ҳар як нафар, ҳар як ташкилоту муассисае, ки бо иншоотҳои обтозакунӣ сару кор доранд, деҳқононе, ки заминҳоро обёрӣ мекунанд, бояд обро сарфакорона истифода баранд ва тоза нигоҳ доранд. Барои ифлос нашудани дарёҳо ба қадри имкон чораҳои зарурӣ андешанд. Беҳуда нагуфтаанд: “Об омили саломатии инсон ва ҷомеа аст”. Аз ҳамин хотир истифодаи сарфакорона ва тоза нигоҳ дошатани захираҳои обӣ нишондиҳандаи мавҷудияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеаи кунунӣ маҳсуб меёбад. Бояд захираҳои об мафҳуз дошта шаванд ва идоракунии пурсамари онҳо дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад”.