ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

28

КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ
МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ

КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ
МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)

«Масъалаи соҳибихтиёрӣ барои Роҳбари давлат хусусияти танҳо хуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надорад. Чунин мафҳуми муқаддасро ӯ дар ҳамоҳангӣ бо алоқаи диалектикии моҳиятӣ мебинад. Ҳидоят менамояд, ки маънии онро бояд ҳамагон омӯзанд ва андеша кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 12).

«Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб, худро соҳибватан мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).

«Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15-16).

«Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).

«Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 18).

«Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва сатҳи масъулиятшиносии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя мекунад. Ҳидоят менамояд, ки миллат марҳалаҳои ҳассосу мушкили хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар амал ва сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 21).

«Сарвари давлат ба мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» маънои низомсоз медиҳад ва онҳоро бо ҳамдигар зич, вобаста медонад. Дар ҳамин асос муътақид аст, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26).

«Таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат решаҳои амиқи гносеологӣ дорад. Ҳангоми асоснок кардани муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти халқи тоҷик мекӯшад, ки мардум, алалхусус ҷавонон қонунмандиҳои ба истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷикро фаҳманд. Донанд, ки чунин дастоварди бузург чӣ асоси таърихӣ дорад. Марҳалаҳои аслии таърихи навтарини миллати тоҷик – ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ аз чиҳо иборатанд» (Ҳамон ҷо. – С. 27).

«… истиқлолияти давлатӣ дар таълимоти Сарвари давлат аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Ин мафҳум тавассути истилоҳоти «таърихи панҷҳазорсолаи миллат», «забони тоҷикӣ», «мероси илмӣ, таърихӣ, адабӣ», «ёдгориҳои таърихӣ», «ҳокимияти сиёсӣ дар давлати Сомониён», «ҳувияти миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик» ва монанди инҳо асоснок ва тафсир карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 58).

ТАЪРИХ ВА ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ

«Ҳангоми таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик, ду намунаи барҷаста, мондагори таърих ва фалсафаи сиёсат намудор мегардад: корномаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Боиси таваҷҷуҳи махсуси илмӣ аст, ки соҳиби қудрати давлатдорӣ ва давлатсозӣ шудани ду шахсияти бузург омил ва хосиятҳои фавқулода (the situational factors) дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлол касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт» (Ҳамон ҷо. – С. 8).

«Дар мантиқи баёни Пешвои миллат мазҳари омӯхтан, аз худ кардани арзишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад» (Ҳамон ҷо. – С. 14).

«Дар фармудаҳои Сарвари давлат аз замони вакили Маҷлиси Олӣ будани ӯ (солҳои 1990-1992) то ба имрӯз, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал мантиқи такя кардан ба илм, маориф, истифода аз роҳу усулҳое, ки дар таҷрибаи сиёсии давлатҳои мутамаддини олам санҷида шудаанд, барҷаста ба назар мерасад. Роҳи муборизаи ӯ ба хотири пешравӣ, рӯз ба рӯз беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми одӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15).

«Дар таълимоти Сардори давлат таърихи миллат аз ҷузъиёти сифатии эҳсоси ҳастӣ – забон, адабиёти пурғановат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва ваҳдат иборат мебошад. Дар ин истилоҳот кӯшиши ба тарзи амалӣ нишон додани таҷрибаи таърихӣ – дастовардҳои муайян ҳамчун далели раднопазирии ҳастии миллати тамаддунсози мо возеҳ мушоҳида мегарданд ва онҳо ҳамчун арзишҳои эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 28).

«Раҳбари давлат ҳангоми тафсир ва муаррифӣ кардани таърихи миллат эътиқодмандона ва бо ифтихор сухан мегӯяд. Дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва истиқлолият худкифо будани онро таъкид месозад. Сарчашмаи аслии рушд, аз як давра ба давраи дигар гузаштан, аз лиҳози сифат, маънавиёт ба мақоми таърихӣ расидани миллатро аз табиати ботинии худи ӯ медонад. Тақдири таърихии халқро аз лиҳози диалектикӣ шарҳ медиҳад. Инкишофи онро натиҷаи рақобат, зиддиятҳо, шикасту рехтҳо, эҳё ва дар набарди ҳастӣ пирӯз гаштанҳо мешуморад. Андешаи се даҳсолаи ахир ба амри тақдир, ки ӯ раҳнамои халқ аст, барои таърих, имрӯз ва оянда далели кофии чунин натиҷагириҳо мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 33).

«Мантиқи ҷолиби таваҷҷуҳи истифодаи принсипи таърихият дар таълимоти Пешвои миллат ноил гаштан ба дарки воқеият – сарнавишти миллӣ ва натиҷаи он – худшиносии миллӣ аст. Таҳқиқоти ӯ дар ин маврид халқӣ, огоҳона, дастрас ва барои ҳамагон фаҳмо мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 33).

«Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 39).

«Баҳои Пешвои миллат нисбат ба шахсияти бузурги таърихӣ – Имоми Аъзам фавқулода муҳим аст. Тавассути ибрози чунин эҳтиром ва эътиқод Сарвари давлат ба ходимони дин намунаи олии миллатдӯстӣ ва ватанпарварии як мутафаккири тоҷикро дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ муаррифӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).

«Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки насли ҷавон ба омӯхтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадими худ фаро гирифта шавад. Хотиррасон менамояд, ки панду ҳикмати гузаштагони мо на танҳо барои миллати тоҷик, балки дар ғанӣ гардонидани афкори пурҳикмати умумибашарӣ саҳми босазои худро гузоштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).

«Сарвари давлат таърихи миллатро бо диққати хосса омӯхтааст. Сабабҳои бурду бохти онро таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст. Аз онҳо хулосаҳои барои миллат ҳаётан ибратбахш ва шоистаи пайравиро гулчин кардааст. Принсипҳо, меъёрҳоеро муайян намудааст, ки тавассути амалӣ кардани онон фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар тули таърих барои манзалат пайдо кардан, устувор гаштан, оламиёнро шиносонидан ва моил намудани онҳо барои эътирофи миллат, инчунин ҳимояи халқи тоҷик хизмати сазовор кардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47-48).

«Принсипи таърихияти тадқиқот дар таълимоти Сарвари давлат мавқеи калидӣ дорад. Тавассути он мехоҳад алоқамандии воқеият – тақдири миллати тоҷикро дар вобастагии пурра – бурду бохти ҳадди ақал ҳазорсолаи ахир амиқтар таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ кунад, хулосаи асоснок барорад. Ба дигарон, ба мардум фаҳмонад» (Ҳамон ҷо. – С. 60).

«Имкони таърихӣ ба миллати тоҷик инқилоби бузург – Истиқлоли давлатиро ато намуд. Тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Кишвар рӯ ба инкишоф ва тараққӣ ниҳод. Ҳамасрони мо шоҳиди ин таҳаввулоти куллӣ мебошанд. Чунин дигаргуниҳо ва пешрафт дар шароити ниҳоят мураккаби зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Онҳоро нодида гирифтан мумкин нест» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5).

«Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 19)..

«Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 21).

«Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тули таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 31-32).

«Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст» (Ҳамон ҷо. – С. 32).

«Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон Сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).

«Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 236).

«Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, баръало ба чашм мерасад» (Ҳамон ҷо. – С. 248).

«Пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 40).

«Рӯзи 2-юми ноябри соли 1992, дар шароити ниҳоят мушкили вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб сессияи вилоятӣ гузашт. Дар он вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси вилоят интихоб карданд.
Мардум медонист, ки ин вазифа мушкилтарин, хатарноктарин ва масъулиятноктарин дар шароити онрӯзаи Тоҷикистон аст.
Раиси вилояти Кӯлоб бо вуҷуди вазъи сангини иқтисодии минтақа, гуруснагӣ, қаҳтӣ, нодорӣ, бесарусомонӣ, паҳншавии касалиҳои сироятии марговар, адами имконоти пурраи ҳарбӣ дар муқобили терроризм ва ҷанги хонумонсӯз, ҳамакнун масъулияти роҳбарии ғайрирасмии Ҷабҳаи миллии мубориза барои барқарор кардани сохти давлатдорӣ ва қонуниятро бар уҳдаи худ гирифт» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 280).

«Бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси вилояти Кӯлоб ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бо мардум, сафарҳои пайдарпай ба маркази вилояти Қурғонтеппа, ки тақдири давлатдории тоҷикон дар он ҷо, дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ҳаллу фасл мешуд, дар кӯтоҳтарин муддат вазъ ба манфиати барқарор кардани сохти конститутсионӣ тағйир меёфт» (Ҳамон ҷо. – С. 281-282).

«… дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки худ ба худ соҳибдавлат гашта, мустақилият ва рушду нуму пайдо кунад, агар доҳиёни сиёсӣ, пешравони ҷонфидо ва қаҳрамононе надошта бошад, ки ҳамин ҳаракат, ҳамин ҷараён, ҳамин нияту мақсад ва ҳамин ормонҳоро бо сифатҳои бузурги шахсияти худ таъмин карда тавонанд.
Аммо дар бораи шахсияти бузург ҳамон вақт сухан мегӯянд, ки ӯ барои миллати худ хизматҳои бузург кардааст.
Дастоварди Иҷлосияи ХVI-ум, нуктаи бунёдии барои сарнавишти миллати тоҷик таъйинкунандаи он, бозёфт ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлати тоҷикон буд.
Ва баръакс, бузургии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо ҷонфидоӣ ва корнамоиҳои дар тули таърихи ҳазорсола нотакрор, манзалати ин Иҷлосияро ҳамчун ифодаи хиради азалии миллати тоҷик абадӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 282-283).

«Бо гузашти даҳсолаҳо дар бораи нақши аввалин поягузори давлатдории миллии тоҷикон дар ҳазораи ахир, ки бидуни шак, ба номи Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, бояд изҳор дошт: «кам аст, ки андеша ба ифода кардани воқеият кӯшиш намояд, бояд худи воқеият ҳам ба муҳтавои тафаккур тамоюли мутассил дошта бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 283).

«Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар шуурнокии ҳақиқӣ, дарки реалии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст.
Аз диди Роҳбари давлат, офарандаи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Вазифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 653).

«Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо супориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 655).

НАҚШИ ШАХС ДАР ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

«Боиси ифтихор аст, ки даврони Истиқлол сабк, шева ва усули давлатдории миллати тоҷикро воқеият бахшид. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мудофиавиро дар бар мегирад. Мактаби давлатдории миллӣ усулан созмон ёфт. Бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зарур аст, ки ин мактаб ба таври фарогир мавриди таҳқиқоти илмӣ, таҳлил, омӯзиш ва баҳрабардорӣ барои имрӯзу фардо қарор бигирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Аристотел: давлат ва сиёсат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 4-5).

«Хиради азалӣ, интихоби ягона роҳи дурусти раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, иродаи қавии сиёсӣ, кордонӣ, ҷавонмардӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва манзалати иҷтимоӣ, ба як мақсад сафарбар карда тавонистани оммаи мардум аз омилҳои асосии обрӯ, эътироф, эътимод ва ба маҳбубияти умумимиллӣ сарфароз гаштани Раҳбар ва Пешвои миллати тоҷик мебошад. Дар ин вазъият, Пешвои миллат ва мардум дар якҷоягӣ ба қувваи бузурги умумихалқӣ мубаддал гаштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).

«Асарҳои офаридаи Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва монанди инҳо, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, намунаҳои олии таҳлили паҳлуҳои ҳаётан муҳимми зиндагии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ва замони муосир мебошанд.
Асарҳои Пешвои миллат таҳқиқи ҳамаҷонибаи воқеият ва таҷрибаи таърихии ташаккулёбии миллати тоҷик, дастовард, мушкилот ва бурду бохтҳои онро дар гузашта ва даврони мо дар бар мегиранд. Дар паёмҳо, суханрониҳо, муколама бо мардум самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва раҳнамоӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).

«Таълимоти Пешвои миллат – таҳлили илмиву назариявии таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ва ҷараёни амалии бунёди давлати миллии тоҷикон дар замони Истиқлол аз ниёзҳои воқеии иҷтимоии давлатдории мо барои имрӯз ва фардо аст.
Ҳангоми чунин таҳқиқ бори дигар муайян мегардад, ки чӣ гуна ин назария ва амалияи давлатдорӣ – ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ва дастоварди таърихии мо – на танҳо хоси заковатмандии миллати тоҷик аст, аз таърихи илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ сарчашма мегирад, балки илм ва тамаддуни ҷаҳониро бо сифатҳои арзишманди худ ғанӣ мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).

«Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон шуданд. Сарвари давлат – сарвару сарпарасти бепарасторон гашт» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 299).

«Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 655).

«Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт» (Ҳамон ҷо. – С. 655).

«Насли охири асри ХХ ва оғози нимаи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳукумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 656).

«Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан, воқеияти талхи солҳои аввали мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои андешамандонаи дар умқи фикр сайқалдида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард» (Ҳамон ҷо. – С. 657).

«Эҷоди асарҳои илмӣ, ибрози мавқеи сиёсӣ дар шакли паём, баёния, суханронӣ, гуфтугӯи мустақим бо халқ аз ҷониби Сарвари давлат аввалин таҷриба дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо ва ибрози ақидаҳо муҳимтарин сабк, усул, роҳ ва воситаҳои давлатдорӣ, раҳбарии ҷомеа дар лаҳзаҳои мураккаб ва тақдирсози миллати тоҷик ифодаи худро ёфтаанд.
Ҳаётан зарур аст, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда ин хирадсолорӣ ва оини давлатдории Пешвои миллат дар асоси методологияи илмӣ мавриди тадқиқ қарор бигирад. Чунин омӯзиш фарогири тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 62).

ДУРАХШОН АСТ БО РАФТОР, БО КИРДОР,
БО ГУФТОР

«Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.
Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст.
Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷавонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 657-658).

«Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 32).

«Дар нигоштаҳои Пешвои миллат фарзандони содиқи халқи тоҷик ҳамчун мардоне тасвир ёфтаанд, ки дар лаҳзаҳои барои миллат ҳассос ва басо хатарнок ба майдон омада, ҳаёту мамоти худро ба хотири ҳимоя, пойдорӣ, бардавомии давлати тоҷикон бахшидаанд. Шахсият, рӯҳи ботинии онҳо ба пуррагӣ ба мақсадҳои бузург ва тақдири таърихии миллат тавъам омадааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 59-60).

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ –
ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ

«Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар ҷойи аввал мегузорад ва таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот вақте зуҳур меёбад ва аз худ қотеона дарак медиҳад, ки мафҳумҳои «замини аҷдодӣ», «Ватан», масъулияти шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҷузъиёти муҳимми ҷаҳонбинии шаҳрвандон мубаддал гардад, яъне дарки воқеияти маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 23).

«Пешвои миллат ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллиро бо далелҳои эътироф ва эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардумӣ омили муҳим барои худшиносии миллӣ мешуморад. Дар ин лаҳза на танҳо қудрати истодагарӣ карда тавонистани фарҳанги миллати тоҷик ба бегонагон, балки ба маънавиёти истилогарон таъсир расонидан, бар онон пирӯз гаштан ишора карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 24-25).

«Дар таълифи Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Ӯ гаштаву баргашта хотиррасон мекунад, ки инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад ва худкифо бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).

«Дар таълимоти Пешвои миллат таърихи халқ маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳое мебошад, ки худи фарзандони миллат офаридаанд ва ба онҳо муваффақ шудаанд. Ҳамзамон бо ин, шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки худро ҳамчун қаҳрамон ва номбардорони миллат муаррифӣ кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурати аз онҳо ибрат гирифтан ва ба онҳо пайравӣ карданро таъкид месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).

«Панду андарзҳои Сарвари давлат дар масъалаи тақвияту таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон решаҳои боэътимоди илмӣ доранд. Муттаҳидии мардум, пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳамчун шартҳои ҳифзи манфиатҳои кишвар ва афзоиши неруи иқтисодии мамлакат ҳамчун омилҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26-27).

«Нақди ганҷинаи идеяи Пешвои миллат сохтани давлати миллӣ аст. Ғарб маҳз тавассути фарзандони бонангу номусаш ҳанӯз чорсад сол қабл ба чунин хулоса омада буд. Ва ин шакли давлатдориро пазируфт. Онро бунёд кард. Афзалият ва самараи ин сохт дар олам маъруф гашт. Ба чунин ниҳоди сиёсии дар таҷрибаи пешқадами инсоният санҷидашуда бо заҳмат ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар сарзамини тоҷикон асос гузошта шуд. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва воқеӣ бунёд гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 29).

«Агар суханони Сарвари давлат дар бораи ин фидоиёни халқи тоҷик гаштаву баргашта мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, намунаи олии ватандорӣ, сифати комили шахсият, ки барои сохтан, рушд кардани давлати миллӣ, ҳифз кардани манфиатҳои он зарур аст, баръало намудор мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 48).

«Дар таълимоти Сарвари давлат масъалаи тарбияи инсон характери муназзам, сохторӣ ва амалӣ дорад. Он тамоми ҷанбаҳои ташаккули инсонро дар бар мегирад. Аммо тарбияи ахлоқиву маънавӣ дар он мавқеи марказиро ишғол мекунад. Тавассути заҳматҳои бедареғу шабонарӯзӣ Пешвои миллат мекӯшад дар ботини ҳамватанон, ки ӯ ҳаёту мамоти худро ба онҳо бахшидааст, ҳиссиёти баланди арзишҳои меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташаккул ёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 51).

«Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони ниҳоят аҳаммиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ – зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳимме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 308-309).

«Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 27).

«Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар масири пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 224).

«Роҳбари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ, масъалаи эҳёи миллиро эълон ва давоми се даҳсолаи ахир онро аз лиҳози назариявӣ коркард, тасдиқ ва дар таҷрибаи амалӣ ҷонфидоёна роҳандозӣ намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 5).

«Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд» (Ҳамон ҷо. – С. 28-29).

«Таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 652).

«Ман, ҳамчун шаҳрванд шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.
Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).

«Яке аз самтҳои омӯзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ӯ дар ҳолати динамикӣ – қудрати пешрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд кардааст, маҳсуб мегардад.
Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).

СУХАН ҶОН МЕГИРАД АНДАР КАЛОМАШ

«Қудрати суханварӣ, маъниофаринӣ, ифодаи бурро ва шевои Пешвои миллати тоҷикон ниёз ба таҳлил, тадқиқ, омӯзиш, арзёбии дақиқ ва пайравиро дорад.
Ҳангоме ки Сарвари давлат дар боби муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ватанпарварӣ, истиқлолият, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ҳарф мезанад, аз перояи нангу номус ва ҷавонмардӣ баҳс меорояд, аз маъниҳои барҷаста, калима ва таркибҳои суфтаву дилчаспу форам ва муассиру ҷозибадор устодона истифода мекунад.
Пешвои миллат ба тани сухан ҷон ва ба дили пурармони мардуми азиятдида ва меҳнатқарини кишвараш дармон мебахшад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019.– С. 9-10).

«… суханҳои Пешвои миллат шакли мансури Суруди миллии мо мебошанд: Ватан модари ягона аст. Бақои он бақои хонадони мо мебошад. Ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, дар сурате ки мо соҳибватан бошем» (Ҳамон ҷо. – С. 16).

«Дар масъалаи тарбия мантиқи суханҳои Сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносӣ ва донишҳо аз насл ба насл намегузаранд. Падару модар, мактаб, маориф, васоити ахбори воқеан миллӣ, муҳити атроф бо такя ба таҷрибаи таърихии халқи мо, намунаҳои олии қаҳрамонӣ, ҷавонмардии фарзандони он ва мероси адабӣ, бояд бикӯшанд, ки насли ба ниёзҳои имрӯза ва оянда посухгӯи давлатдории миллиро тарбия кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 49).

«Маҳсули эҷоди Пешвои муаззами миллат ганҷинаи суханҳои пандомӯз аст, ки «гарди баёнаш ба сад рисола барояд». Мутолиаи гаштаву баргаштаи ин хазинаи маънӣ, бешубҳа, натиҷаи таҷрибаи воқеияти зиндагии Қаҳрамони миллат – аз овони ҷавонӣ, камолот, бурду бохти раҳи ниҳоят мушкил ва озмудани бахти хеш дар уқёнуси пурталотуми сиёсат ба манфиати сарҷамъ кардани миллати парешони худи ӯ мебошад. Гавҳар аз баҳр баровардан – гузаштан аз ҷон аст. Дар олам ҳақиқати номуайян нест. Ҳақиқат доимо мушаххас аст. Давлат сохтан аз сарзамине, ки аз он амалан ва танҳо номи ҷуғрофӣ боқӣ монда буд, ҳамин мантиқро дорад. Ҳарорат ва ҷозибаи маъниҳои ифодакунандаи Пешвои миллат чунин воқеиятро тасдиқ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 61).

«Воқеан, сухандонӣ, суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст.
Суҳбати қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа – кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзуъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани руҳияи қишрҳои гуногун – аъзо ва авзои ҷомеа, шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Барояш муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун «муродбахши дили беқарори мардум», «аниси хотири умедворон» ва «ғамгусор»-и (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли ӯ ва дар пайравии ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 306).

«Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 8).

«Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 66).

«Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест» (Ҳамон ҷо. – С. 66-67).

«Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзуи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад» (Ҳамон ҷо. – С. 67).

«Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу баррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст. Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сару кор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 67-68).

«Аввалин суханронӣ ва муколамаи Роҳбари давлат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ моро дар мубориза барои барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ дар мамлакат дилпур намуд.
Мо, дафъатан, эътимоди пурра пайдо намудем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсиятест, ки зери роҳбарии ӯ метавонем тамоми мушкилоти ҷомеаро паси сар созем. Тартибот ва волоияти қонунро дар давлат барқарор кунем. Ба терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшем. Душманони миллати тоҷикро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун дасткӯтоҳ намоем» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 284).

«Руҳу қавииродагии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо суханронии буррову ҷавонмардона, масъулиятшиносии огоҳона, дар тасаввури мо эҳсоси таҳамтани мубориз ва фидоии ҳақиқии Ватан, эҳёкунандаи давлати миллии мо, тоҷиконро ба вуҷуд овард» (Ҳамон ҷо. – С. 284).

«Мо бошем, бояд вазифаи худро иҷро мекардем. Мо дастпарварони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ки доимо таъкид мекард: «Мо давлатдор ҳастем! Мо бояд миллати худро сарҷамъ кунем. Онҳоро парасторӣ намоем. Миллати мо ғайр аз худи мо дар ягон гӯшаву канори дунё пуштибони дигар надорад. Таъмини ваҳдату ягонагӣ – вазифаи ҷонии мост»» (Ҳамон ҷо. – С. 340-341).

«Аз ҷумлаи сифатҳои инфиродии Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки мавриди эътирофи умум гаштаанд, волотарин мақом дар байни аҳли сухан дорад. Болотарин манзалат дар иҷрои қавлу амал ӯрост. Ба ҳамин васила, шуҳрату шарафу обрӯ касб кард. Мардум ӯро Пешво хонд» (Ҳамон ҷо. – С. 654).