ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

472

Баъди чанд рӯзҳо дар пойтахти азизамон вохӯрии дар сатҳи олии (саммити) роҳбарони сиёсии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Инҷо оид ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари сиёсии он дар инкишофи ин созмон фикру мулоҳизаҳо менамоем.

Кишвари мо дар қатори надоштани иқтисоди бузурги худ тавонист дар ташаккул ва қадамҳои аввали инкишофи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) нақши назаррас бозад. Дар оғоз ғояи таъсиси чунин як созмони минтақавӣ дар толор ва долонҳои гуфтушунидҳо байни Хитой аз як тараф, ва аз тарафи дигар гурӯҳи кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили сарҳад ва баланд бардоштани эътимод дар назди сарҳад пайдо шуд. Бо мувафаққият хотима ёфтани ин гуфтушунидҳо оид ба масалаҳои сарҳадӣ ва болоравии эътимод дар ҳудудҳои сарҳадӣ байни ин панҷ кишварҳои ҳамсоя сабаб шуд, ки апрели соли 1996 дар Шанхай таъсиси «Панҷгонаи Шанхай» ба ҷаҳониён эълон шавад. Тоҷикистони азизи мо ба мушкилиҳои дохилӣ (ҷанги шаҳрвандӣ) нигоҳ накарда, дар ташаккулёбии ин созмони бунуфузи минтақавӣ фаъол ширкат варзид. Зарурати бунёди чунин як созмони минтақавӣ, ки масъалаҳои амният ва инкишофро ба мадди аввал мегузорад, солҳои аввали фаъолияти худ собит сохт. Дар аввалин саммити «Панҷгонаи Шанхай», ки дар Душанбе (моҳи июли соли 2000) баргузор шуд, кишвари мо хеле хуб омодагӣ гирифт. Беҳтарин коршиносони кишвар, ки аз марҳилаи бесарусомонӣ ба марҳилаи бунёдкорӣ гузашта буд, ба корҳои омодагирии вохӯрии дар сатҳи олии Душанбе сафарбар шуданд. Дар кори саммити Душанбегии созмон дар қатори сарварони панҷ кишвар-аъзоҳои созмон, президенти Ӯзбекистон низ иштирок намуд. Иштироки сарвари кишвар, ки сарҳад бо Хитой надорад, ба ҷаҳониён баръало нишон дод, ки созмони «Панҷгонаи Шанхай» аллакай дар муддати хеле кӯтоҳ (4 сол) ба заррурати васеъ намудани сохтори худ ва гузаштан ба марҳилаи нави инкишоф ниёз дорад. Ҳамаи сарони кишварҳо, ки дар саммити Душанбе ширкат варзиданд, оид ба зарурати гузаштан ба марҳилаи навро таъкид намуданд. Дар ҷаласаи матбуотии саммит президенти нави Русия Владимир Путин оид ба гузариш аз «Панҷгонаи Шанхай» ба «Форуми Шанхай»-ро қайд намуд, ки дигарон бо ӯ розӣ буданд. Ба ҳамагон маълум шуд, ки кори босамари нахустин саммити Душанбе имкон дод, ки ин созмон аз масоили сарҳадӣ раҳо ёфта, рӯ ба инкишофи иқтисодӣ ва амнияти устувори минтақа ва ҷаҳон ниҳод.

Дар соли 2001 дар вохӯрии сарони кишварҳои созмон дар Шанхай оид ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҷои «Панҷгонаи Шанхай» эълон шуд. Аз таъсиси созмони нав (СҲШ) дере нагузашта дар минтақа бозингарони нави ҳарбӣ-сиёсии ғайриминтақавӣ пайдо шуданд. Ба ҳамагон маълум, ки баъди 11-уми сентябри соли 2001, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористон ба ду бинои бузурги Амрико дар Ню-Йорк, неруҳои ҳарбии НАТО ба хоки Афғонистон ворид шуд. Ҳадафи асосии онҳо сарнагун намудани гурӯҳи террористии «Ал-Қоида», ки дар «фоҷеъаи Ню-Йорк» даст доштанд ва дар хоки Афғонистон бо ризояти ҷунбиши «Толибон» фаъолияти худро давом медоданд. Тоҷикистон сулҳхоҳ чун дигар кишварҳои ҳамсоя ва аъзоёни СҲШ дар ин ҷунбиши ҷаҳонӣ бар зидди терроризм фаъол ширкат варзид. Дар сохтори СҲШ низ маркази зиддитеррористӣ таъсис ёфт. Лекин баъди ворид шудани қувваҳои ғайриминтақавӣ (НАТО) ва фаъолияти тӯлонии онҳо дар Афғонистон нишон дод, ки онҳо ҳадафҳои худро доранд. Онҳо бо Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамкории судмандро оид ба амнияти Афғонистон ва кулли минтақа ба роҳ намонда, ин созмонро чун рақиби геополитики худ қабул намуданд. То саммити дуюми Душанбе (августи 2008) ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум шуд, ки бозингарони берунӣ (ғайриминтақавӣ) ба амнияти боустувор не, балки ба ивазнамудани ҳокимиятҳои маҳал тавассути «инқилобҳои ранга» (дар Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон) майл доранд. Дар ин давр дар Тоҷикистон бо кумакӣ кишварҳои аъзои СҲШ, асосан Хитой, сохтмонҳои азим (роҳи автомобили Душанбе- Хуҷанд- Чанок, хатти баландшиддати барқи «Ҷануб- Шимол») босуръат идома меёфт. Дар тӯли 7 соли мавҷудияти Эътилофи байналхалқии зиддитеррористӣ дар Афғонистон бо роҳбарии Амрико ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ба роҳ монда нашуд, баръакс зиддияти геополитики онҳо боло рафт. Барои ҳамин дар саммити дуюми Душанбе (27-уми августи соли 2008) ҳамаи сарварони кишварҳои –аъзои созмон тарафдори Русия ба эътидол овардани вазъият дар Осетияи Ҷанубӣ (августи 2008) буданашонро якдилона эълон намуданд. Ин якдилӣ рамзи он буд, ки сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дуруст дарк намуданд, ки ин созмони рӯ ба инкишоф ниҳода, аллакай рақибони геополитики худро дорад. Акнун марҳилаи боз ҳам устувор намудани амнияти минтақа ва инкишоф додани иқтисодиёти миллии кишварҳои аъзо рӯзмарра шуд.

Имрӯз дар пешомади вохӯрии Душанбе бӯҳрони суриявию афғонӣ ба ҷаҳониён нишон дод, ки арзишҳои бузурги ҳуқуқи башар қурбони як гурӯҳи кӯчакӣ ғаразноки геополитикии ғарб гардидааст. Охирин бӯҳрони украинӣ ин мулоҳизаҳо боз пурзӯр намуд. Барои ҳамин ин вохӯрии таърихӣ дар пеши чолишҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Чӣ бояд кард? Ба фикри мо яке аз ҷавобҳои арзанда ба чолишҳо ҳамоҳонгсозии ду ташаббуси роҳбарони сиёсии Тоҷикистону Хитой (аъзоёни СҲШ) мебошад: 1) Ташаббуси Президенти Тоҷикистон «камари амният дар атрофии Афғонистон», ки моҳи июни соли 2008 дар Маҷмаи Умуми СММ эълон гардида буд; 2) Ташаббуси Раиси Хитой Си Тсинпин «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим», ки моҳи сентябри соли 2013 дар донишгоҳи ба номи Назарбоев дар Қазоқистон эълон гардида буд.

Кишварҳои азияткашида чун Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигарон имрӯзҳо рамзӣ карда гӯем ниёз ба «абрешими хитоӣ» ва «кӯмакҳои русиву авроосиёӣ», яъне барои эҳё намудани ҷомеаи ҷангзадаи худ ва пурзӯр намудани сохтори амният ба кӯмакҳои беруна ниёз доранд.

 Хитой омода аст, ки «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим» ба самти ғарб, ки метавонад ба барқарорсозии иқтисодии миллии ин кишварҳои азияткашида бевосита кӯмак расонад, бунёд намояд. Лекин ба ҳамагон аз даври фаъолияти шоҳроҳи абрешим маълум аст, ки пеш аз баромадани корвонҳо ба роҳ (ва долонҳо) сорбон ва дигарон дар мадди аввал масоили таъмини амнияти онро ба назар мегиранд. Бо суханҳои дигар амалисозии нақшаи «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим» бо «камари амнияти он» пайваст карда шавад , яъне нақшаи муштарак «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим бо камари амнияти он» амалӣ карда шавад. Ин заруратро аз ҳама беҳтар тоҷикон-меросхӯрони сорбонҳои суғдиву бохтар медонанд. Барои ҳамин ба сохторҳои пешбурди сиёсати берунаи кишвари мо лозим меояд, ки ташаббуси саривақти сарвари сиёсии кишвари моро оид ба «камари амният»-ро эҳё намуда, талаботи замонро ба инобат гирифта онро нисбат ба як кишвар (Афғонистон) не, балки ба ҳамаи масофаи шоҳроҳи абрешими нав паҳн намояд.

Ба назари мо, амалисозии нақшаи дигар «Хитои Ғарбӣ- Аврупои Ғарбӣ», ки дар воқеъ дар хатсайри шимолии шоҳроҳи абрешим (хатсайри Сиан (пойтахти қадимаи Хитой)- Олмато- Санкт-Петербург бо баромад ба Скандинавия) мегузарад, ба мо имкон медиҳад, ки нақшаи «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим бо камари амнияти он»-ро дар хатсайри асосӣ ва ҷануби шоҳроҳи абрешими эҳё шуда амалӣ созем. Ин хатсайрҳо: 1. Сиан- Самарқанд- Сочи (баромад ба соҳили шимолии баҳри Сиёҳ) ва 2. Сиан- Душанбе- Стамбул (бо идомаи он дар кишварҳои Аврупо). Нақшаи роҳи оҳани «Хитой- Қирғизистон- Ӯзбекистон», ки асосан хатсайри «Сиан- Самарқанд- Сочи»-ро дарбар мегирад, аз ин лиҳоз мо таваҷҷуҳи худро ба хатсайри манфиатовар «Сиан- Душанбе- Стамбул» равона месозем.

Вохӯрии саввуми Душанбегии сарварони СҲШ (сентябри 2014) барои баррасӣ шудани ташаббуси муштараки ду сарвари кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Тсинпин («долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим бо камари амнияти он») дар сатҳи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва ҷаҳонӣ фазои корӣ фароҳам овард. Оғози амалишавии ду ташаббуси таҳлилшаванда, ки дар як нақша «долонҳои иқтисодии шоҳроҳи абрешим бо камари амнияти он» таҷассум ёфтааст, тавонист чун оғози як марҳилаи нави таърихии эҳёи баробарии «аспҳо дар шимол» ва «киштиҳо дар ҷануб» қабул шавад.

Саммити Душанбе ба ҷаҳониён эълон намуд, ки замони «киштиҳои ҳарбӣ» гузашт ва оғози даври «аспҳои тиҷоратӣ» омад. Имрӯз рисолати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар самти некуаҳволии мардуми кишварҳои аъзо бештар гардида, дар фазои соҳибистиқлолии кишварҳо имкониятҳои назаррасро ҷорӣ намудааст.

Мамадазимзода А., дотсент