ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – КАФИЛИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОН

110

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст. Боиси ифтихор аст, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сокинони Тоҷикистон дар муддати 30 соли сипаригардида мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузашта, ниҳоятан ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд. Зеро миллати тоҷик барои расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатию сиёсӣ мубориза тӯлонӣ бурдааст. Ташкили давлати Сомониён, таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ва ниҳоятан, 9 – уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари муборизаҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошанд. Хушбахтона, тӯли 30 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми кишвар мебошанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардан, ҳифз намудан ва таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд имконпазир гардидааст.

Мавқеъҳои гуногуну мухолиф ва дар нисбати якдигар оштинопазири неруҳои сиёсӣ имкон намедоданд, ки «озодӣ», «истиқлолият» ва «мустақилият» барин мафҳумҳо дар иродаи сиёсии мардум ифода гарданд ва ҳамчун неру ташаккул ёбанд. Дар ин давраи барои давлату миллат ҳассос бо иштироки ҷонибҳои даргир Ҳукумати муросои миллӣ ташкил гардид. Аммо он ҳам натавонист ҳолати муқовимати қувваҳоро аз байн барад. Неруҳои мухолифин бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамуданд, ки ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ доранд ва ба сари мардуми Тоҷикистон идеологияи бегонаро таҳмил диҳанд. Чунин тамоюлоти зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлат ба вуҷуд омада буд. Тибқи оморҳои расмӣ, дар ин фоҷиаи миллӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, садҳо объектҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маишию фарҳангӣ вайрону валангор гардиданд. Хисороти ҷангро мутахассисон 10 млрд доллар муайян кардаанд. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин ва асоситарини ҷомеаи тоҷикистониро ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ташкил медод.

 Дар чунин шароити ҳассос 16 –уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, масъалаҳои муҳимтарини ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, таҳкими сохти иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллиро мавриди муҳокима қарор дод. Дар инҷлосияи мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат интихоб мегардад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш барномаи сиёсии худро барои аз байн бурдани буҳронҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва маънавӣ равона намуда буд. Аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳ, ба ватан баргардонидани гурезагон ва муттаҳид намудани мардум дар атрофи ғояи ваҳдати миллиро ҳадафи асосии худ қарор дода буд. Дар шароити вазнине, ки мамлакат қарор дошт, амалӣ намудани чунин мақсадҳои азим хеле душвор буд. Зеро дар кишвар, асосан беҳокимиятӣ ва бенизомӣ ҳукмрон буд. Иқтисодиёти миллӣ дар ҳолати вазнину буҳрони фавқулода қарор дошт. Неруҳои зиддидавлатӣ ва зиддимардумӣ аз вазъияти баамаломада истифода намуда, ба ғорати мардум ва боигариҳои миллӣ даст зада, онро ба авҷи аъло расидаанд. Дар кишвар неруҳои силоҳбадаст ҳукмрон буданд ва ҳеҷ гуна низомро эътироф намекарданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда, чунин иброз намудаанд: «Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басе мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд. Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳимояти устувори мардуми шарифи кишварамон ба мо муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем» (Раҳмон Э. Уфуқҳои истиқлол. –Душанбе: “Ганҷ – нашриёт”, 2018. С.6-7).

Дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардидани гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргир, ба имзо расидани Созишномаи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, хомӯш гардидани оташи ҷанг, ташаккули низоми нави давлатдории миллӣ, бартараф намудани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ, оғоз гардидани ободонию созандагӣ ва бунёдкорию таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ маҳсули талошу заҳматҳои сарвари давлат ва сокинони баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин давра Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, рамзҳои миллию давлатӣ таҳия гардида, мавриди истифода ва ифтихори ҳамагон гардиданд. Дар рафти давлатсозӣ пояҳои асосии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуда, парламенти дупалатагӣ таъсис дода шуд. Давлати Тоҷикистон дар самти инкишофи хеш бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳалли масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, инкишофи мутаносиби хешро таъмин менамуд. Чунин дигаргуниҳо имкон дод, ки дар партави истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва ташаккули минбаъдаи давлатдории миллӣ шароити муосид фароҳам оварда шавад.

Дар солҳои минбаъда ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқию сиёсии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангии ҷомеа, бедор намудани хотираи таърихии миллат, рушди иқтисоди миллӣ, арҷгузорӣ ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Раванди оштии миллӣ ва барқарор намудани сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ дар Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи беназири ҳалли мусолиҳатомези моҷарои сиёсӣ дониста шуда, бори дигар таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро нишон дод. Инчунин, дар солҳои минбаъда ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд. Чунин омилҳо боиси он гардиданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи низоми муносибатҳои байналмилалӣ симои худро ба таври мусбат муаррифӣ намояд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. То имрӯз беш аз 150 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 130-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд.

Таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар низ вобастагии калон дорад. Захираҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи асосии инкишофи истиқлолияти сиёсӣ баромад менамоянд. Бо дарки ин воқеият Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои халосӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат интихоб намуданд. Инчунин, дар кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат нигаронида шудааст. Тӯли ду даҳсолаи охир дар Тоҷикистон бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат як қатор иншоотҳои азими дорои аҳамияти стратегӣ сохта ва ба истифода дода шуданд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони кишвар хеле муҳиманд. Аз ҷумла, кандани нақбҳо ва сохтани роҳҳо ва шоҳроҳҳо, сохтани неругоҳҳои обии барқии хӯрду бузург, оғоз бахшидан ба раванди саноатикунонии иқтисодиёт ва сохтани корхонаҳои хӯрду миёнаи саноатӣ ва ғайра.

Дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши назаррас бозидаанд. Ҳамасола дар мамлакат 27 – уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин санаи таърихӣ барои ҳифзи суботи сиёсӣ, муттаҳидӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон аҳамияти бузургро касб намудааст. Ваҳдати миллӣ заминаи асосии ғоявию сиёсии инкишофи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон шинохта мегардад. Зеро ҳамдигафаҳмӣ, ватанпарварӣ, давлатсолорӣ барин арзишҳои асосии таҳкими истиқлолияти давлаӣ дар заминаи ваҳдати ҷомеа ташаккул ёфта, ба сатҳи қудрат инкишоф меёбанд ва барандаи муносибатҳо мансуб мегарданд.

Мутассифона, ҳанӯз ҳам як зумра ҳизбу ҳаракатҳое мавҷуданд, ки ба сулҳу суботи кишвар ва оромию осоиштагии сокинони Тоҷикистон халал расонида истодаанд. Чунин неруҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ хуб медонанд, ки аз байн бурдани сулҳу ваҳдат ва ба вуҷуд овардани парокандагию нифоқ пояҳои истиқлолияти давлатиро заиф мегардонанд. Онҳо барои расидан ба ин ҳадафи нопоки худ кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ҷомеаи мо парокандагиро ба вуҷуд оваранд. Дар Паёми солонаи худ моҳи январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд». Чунинт ҳолат ва муносибатҳо собит месозанд, ки истиқлолияти давлатӣ доимо ва дар ҳар марҳилаи таърихӣ ниёз ба ҳимоя ва инкишоф дорад. Аз ин рӯ, вазифаи мову шумо зиёиёну равшанфикрон аст, ки дар ҳифзу бақои истиқлолият дар баробари давлату ҳукумат саҳми арзандаи худро гузошта бошем ва дар муқобили душманони миллат истодагарӣ намоем.

Ҳамин тариқ, таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳи он аст, ки истиқлолияти давлатӣ ба осонӣ насиби мо нагардидааст. Онро бар ивази қурбониҳои зиёд ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст овардем. Аз ин рӯ, бақои истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои он барои мо тоҷикистониён вазифаи ҷонӣ мебошад. Зеро ҳамаи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони фарзандони мо аз ҳолати ҳимоятшавандагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.

Хушвахтзода Қ.Х.,

ректори ДМТ, профессор

ЭЗОҲ: Мақола дар Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Масъалаҳо ва роҳу воситаҳои таҳким ва такмили истиқлолияти Тоҷикистон» (12. 05.2021) ҷойгир шудааст.