ҲИЗБИ ФАРОГИР АЗ МАНФИАТҲОИ МАРДУМӢ

660

Яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳони мутамаддин мавҷудияти сохтори бисёрҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Баробари ба истиқлоли давлатӣ расидан ҷиҳати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарурат пеш омад, ки дар доираи Қонуни асосӣ сохтори бисёрҳизбӣ ташаккул ва рушд дода шавад. Ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ заминаи ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд. Ҳизбҳои сиёсии нав ташкилшударо зарур буд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадфҳои барномавии худ, роҳҳои осоишта ва муфид ба ҷомеаро пеш гиранд. Баробари ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ зарурат ба миён омад, ки вазъи мавҷуда танзим карда шавад. Вале бетаҷрибагии азҳоби сиёсӣ дар роҳи ба даст овардани ҳокимият боис гардид, ки вазъият боз ҳам шадид гардад. Акунун баробари ташкили ҳукумати нав баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ раванди эҳё ва ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тезонида шуд. Яке аз ин ниҳодҳои ташаккулёфта ва рушдкарда азҳоби сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 идеяи ташкили Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Бинобар сабаби он, ки Тоҷикистон роҳи демократиро пеш гирифта буд, зарурат ба миён омад, ки мафҳуми демократия илова шуда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш (10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард) ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, маҳбубият ва мақоми хосса пайдо намуд. Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зарурати ташкили ҳизбро ба таври мушаххас чунин таъкид намудааст: «Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз – замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.

Баъд аз таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дар назар доштани назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад».

Баъдтар раванди муборизаҳои сиёсӣ дар ҷомеа собит намуд, ки аҳзоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи як гурӯҳи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардиданд ва қисми зиёди ҷонибдорони худро аз даст доданд.

Дар воқеъ Сарвари муаззами ҳизб тавонист дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардорад. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби донишмандону меҳансолорон зиёд гардида истодааст. Имрӯз фаъолияти назарраси ҲХДТ-ро мо, пеш аз ҳама, дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ мушоҳида карда метавонем. Дар сохтори бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ имрӯз ҳамон ҳизби сиёсие пирӯз гардида соҳиби мақому мартабаи хоса мешавад, ки барномаи он фарогир аз манфиатҳои тамоми ҷомеа бошад. Мазмуну муҳтавои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарогир аз манфиатҳои мардумӣ буда, муҳтавои асосиашро дар умум амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлату миллат ташкил медиҳад.

Дар воқеъ таҷрибаи 27 солаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳизби мардумӣ буда, ҳамеша дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дорад. Ин фаъолияти назарраси ҳизб, пеш аз ҳама, аз иродаи Асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст. Имрӯз аъзо будан ба ҲХДТ ва фаъолияти назаррас нишон додан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномавии он шарафи бузург аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.

27-умин солгарди таъсисёбии ҳизби фарогир аз манфиатҳои миллӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз муборак бошад.

Хушвахтзода Қ.Х., ректори ДМТ, профессор