ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ КОНСЕПСИЯИ ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

590

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дар саҳнаи сиёсат муввафақ гардидан ва муаррифӣ намудани давлати тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рӯ ба омӯзиш ва инъикоси таърихи тамаддуни халқи тоҷик овардааст. Оид ба зарурати омӯзиши таърихи тамаддуни тоҷикон Пешвои миллат чунин таъкид намудааст: “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмӯи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад”.

Омӯзиши таърихи тамаддуни халқи худ яке аз роҳҳои асосии таҳкими худшиносию инкишофи тафаккури миллӣ баҳри созандагӣ ва бунёдкорӣ дар натиҷаи ибрат гирифтан аз гузаштаи пурифтихори худ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори консепсияи омӯзиши таърихи тамаддуни тоҷикон бештар чунин нуқтаҳоро дар осори хеш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст:

– дар заминаи таҳқиқоти бостоншиносон ва маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, исботи масоили мубрами таърихи ақвоми ориёӣ ва инъикоси он. Махсусан, масъалаҳое ба монандӣ нахустватан, муҳоҷирати ниёгони тоҷикон – ориёиҳо ва машғулияти онҳо, ки солҳои зиёд баҳсҳоро миёни муҳаққиқон ба вуҷуд овардааст, ба таври таҳлилӣ ва муқоисаи маълумоти муаррихон дар осори Эмомалӣ Раҳмон равшану возеҳ инъикос гардидааст, ки хонандаро ба хулосаи амиқ оварда метавонад; – таҳлили объективӣ ва нишон додани нақши барҷастаи ориёиҳо дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ. То имрӯз доир ба таърихи тамаддун ва давлатдории ориёиҳо муҳаққиқони зиёди ватаниву хориҷӣ таҳқиқот анҷом додаанд, вале на ҳамаи онҳо ба таври объективӣ нақши хоссаи ин ақвомро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ баҳо додаанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон дур аз таъсироти идеологӣ ва дар заминаи таҳқиқотҳои муҳаққиқони ватанӣ мавқеи тамаддуни ориёӣ ва унсурҳои онро бо далелҳои исботшуда аз ҷониби бостоншиносон аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ дар осори хеш инъикос намудааст. Ҳамчунин хусусият ва умумиятҳои таърихии ақвоми ҳиндуаврупоиҳо бо ҳиндуэрониҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд; – масъалаҳои мубрами давлатдории ниёгони тоҷикон – ташаккули нахустдавлатҳо, хусусияти сохтори идорӣ, инқироз ва саҳми онҳо дар рушди тамаддун. Дар осори Пешвои миллат аз ташаккули давлатҳои нахустини ақвоми ориёитабор шурӯъ намуда, раванди инкишофи сохтори давлатдорӣ, ташкилёбии аввалин шоҳаншоҳӣ, нақши шоҳаншоҳони ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, омилҳои инқирози давлатҳои ориёитабор мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтаанд. Истифодаи беҳтарин арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва унсурҳои он, ба монанди давлатдорӣ омили баланд бардоштани худшиносӣ ва хувияти миллӣ дар роҳи мустаҳкам намудани давлати миллӣ бо заминаҳои он – ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ дар осори Эмомалӣ Раҳмон ба таври барҷаста инъикос гардидааст;

– дар осори Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои асосии ташаккул, рушд ва паҳн гардидани забон ва дину оини халқи тоҷик дар аҳди бостон мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтаанд. Ин осорест, ки нахустин маротиба ба таври бунёдӣ таърихи ташаккули забонҳо ва мазҳабу дини ниёгони тоҷиконро, ки унсурҳои ҳастии фарҳанг ва рушди тамаддун маҳсуб меёфтанд, дар заминаи таҳқиқоти чандсадсолаи муҳаққиқон инъикос менамояд. Инъикос дар заминаи шиори “забони миллат – ҳастии миллат” роҳандозӣ шудааст;

– бо ташаббуси пайгиронаи Пешвои миллат эҳёи арзишҳои волои тамаддуни ориёӣ дар замони муосир ва дар ин замина исбот намудани тоҷикон ҳамчун халқи тамаддунофар ва саҳмгузор дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидаистодааст. Дар радифи навишти осори таърихӣ, имрӯз бо ташаббуси Сарвари давлат бо мақсади эҳё ва муаррифии ин тамаддун як қатор чораҳои амалӣ роҳандозӣ шудаанд. Махсусан, эълони соли 2006 – Соли тамаддуни ориёӣ, ҷаҳонӣ гардонидани иди Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Садда, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни 5500 – солагии шаҳри бостонии Саразм ва ворид гардидани он ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ғайра аз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии тамаддуни бузурги ориёист. Ҷашнҳои мазкур миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати бебаҳс ҳидоят намуда, дар вазъияти пур аз мухолифату таҳавуллоти замона танҳо мардум ва давлати муттаҳиду иттифоқ, худшиносу худогоҳ ва соҳиби ифтихори миллӣ хешро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта метавонад.

Бояд қайд кард, ки нақши тамаддун дар замони муосир калидӣ буда, бесобиқа баланд арзёбӣ мегардад. Баъзе аз халқияту миллатҳои ҷудогона имрӯз даъвои дар гузашта доштани тамаддуни волоро намуда, бо ин мехоҳанд, нақши худро дар густариш ва шакл гирифтани тамаддуни умумиҷаҳонӣ нишон диҳанд. Саҳми бузурги ақвоми ориёитабор агарчӣ барои аксарият равшан аст, вале бархеҳо инро нодида гирифтаанд.

Тамаддуни ориёӣ аввалин саҳифаи таърихии тамаддуни башарият ва эъморкунандаю заминасози тамаддунҳои замони муосир бо тамоми падидаҳояш маҳсуб меёбад. Дар осори Эмомалӣ Раҳмон таҳлили адабиёти аврупоӣ, ки аксар бо забонҳои англисию фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шудаанд, бартарии зиёд дорад.

Зарурати истифодаи ин осор аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар асрҳои гузашта аксар минтақаи ориёинишин аз ҷониби муҳаққиқони аврупоӣ таҳқиқ шуда буд. Дар айни ҳол наметавон ақидаҳои муҳаққиқони ғарбиро дар бобати таърихи тамаддуни ақвоми ориёитабор холисона қабул намуд. Ҳамин аст, ки дар омӯзиши таърихи аҳди бостон Эмомалӣ Раҳмон ин маълумотҳоро бо натиҷаи таҳқиқотҳои охирини бостоншиносон муқоиса намудааст.

Муқоисаи мазкур баъзе аз мушкилотро дар роҳи омӯзиши масъалаи тамаддуни ориёӣ кушод.

Эътиқод, расму русум ва оинҳои динӣ инъикоскунандаи рамзи волоияти тамаддуни бузурги ориёӣ дар аҳди бостон маҳсуб меёбанд. Таҳқиқотчӣ бо ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои тамаддуни ориёӣ ва нишон додани дараҷаи инъикоси он дар осори Эмомалӣ Раҳмон ба таври махсус ба таҳлилу таҳқиқи эътиқод, расму русум ва оинҳои динии ориёиҳо пардохтааст.

Агарчӣ паҳлуҳои мухталифи масоили мазкур аз ҷониби файласуфону фарҳангшиносон ва муаррихон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале ба таври умум ва комлексӣ ин масъала то ҳол таҳқиқ нагардидааст. Омӯзиш ва таҳлили асарҳои ба таърихи тамаддуни ориёӣ бахшидаи Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаи дигар, ки дар маркази диққати ӯ қарор гирифтааст, таърихи оинҳо, эътиқод ва бовариҳои ориёитаборҳо мебошад.

Дар ин хусус ӯ оид ба оинҳои то зардуштӣ (меҳрпарастӣ ва зурвония), оини зардуштӣ (махсусан, замон ва макони Зардушт, Авесто ва бахшҳои он, таълимоти Зардушт дар бораи ҷаҳон, инсон ва ахлоқ), монавия ва маздакия маълумотҳои мукаммали илмӣ пешниҳод намудааст, ки натиҷаи таҳқиқотҳои ду асраи муҳаққиқони мухталиф ва таҳлилу муқоисаи худи ӯ мебошад. Муаллиф дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва осори Эмомалӣ Раҳмон дину оинҳои ибтидоӣ, яъне қадимтарини ақвоми ориёиҳоро, ба монанди меҳрпарастӣ ва зурвония аз лиҳози таърихӣ таҳлилу баррасӣ намуда, саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар инъикоси ин падидаҳои ҳастии тамаддун нишон додааст.

Масъалаи дигари таҳқиқшаванда дар осори Пешвои миллат таҳлилу омӯзиши давомияти тамаддуни ориёӣ мебошад. То имрӯз аксар муҳаққиқон даъво бар он доранд, ки тамаддуни ориёӣ баъд аз барҳам хӯрдани давлати Сосониён ва ворид гардидани ислом ба манотиқи ориёиҳо рӯ ба суқут оварда, мавҷудияти худро аз даст додааст. Вале як чизро қайд намудан ба марвид аст, ки то вақте меросбарони тамаддун вуҷуд доранду соҳибмулк мебошанд, он аз байн нахоҳад рафт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки тамаддуни ориёӣ таъсири худро ба тамаддуни исломӣ ва дигар халқҳои ба сарзамини Ориёно воридшуда расонида, мазмуну муҳтавои худро боз ҳам васеъ намуд. Мисоли барҷастаи давомияти тамаддуни ориёӣ то имрӯз маҷудияти забонҳои ориёӣ (забонҳои помирӣ, яғнобӣ ва ғ), ҷашну анъанаҳои мардумӣ дар мисоли Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва пос доштани унсурҳои ба ин монанди тамаддуни оламшумул маҳсуб меёбад. Арзишҳои тамаддуни ориёӣ насли ҷавони меросбари онро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ ифтихор аз гузаштаи хеш, бунёдкорӣ ва ягонагӣ даъват менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ин хусусиятҳои барҷастаи тамаддуни ориёиро ба назар гирифта, бо мақсади мустаҳкам намудани ваҳдат миёни меросбарони ориёиҳо – тоҷикон ва ба баланд бардоштани ҳувияти миллии насли наврас ба инъикоси таърихи тамаддуни гузаштаи хеш пардохт.

Омӯзиши таърихи тамаддуни ориёиҳоро агарчӣ юнониён дар давраи атиқа шурӯъ намуда бошанд ҳам, лекин то имрӯз баъзе аз тарафҳои масъала ҳалли пурраи хешро наёфтааст. Дар осори Эмомалӣ Раҳмон дар қатори таҳлили асарҳои мутахассисон вобаста ба таъриху фарҳанги бостонии ориёиҳо ба сарчашмаҳои бостоншиносӣ бештар такя кардааст. Албатта ягона далели раднопазир дар муайян намудани таърихи аҳди бостон ин натоиҷи ҳафриёти бостоншиносӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки имрӯз муҳаққиқон кӯшиш бар он доранд масъалаҳои баҳсталаби таърихи тамаддуни ориёиҳоро дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, махсусан ковишҳои бостоншиносӣ ҳал намоянд.

Таъкид бояд кард, ки дар ҳар давру замон тамаддун хусусиятҳои хос ва умумии хешро доро аст. Ҳеҷ тамаддун дар ҷаҳон дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст ва он натиҷаи заҳмати бевоситаи инсоният мебошад. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи омӯзиши таърихи тамаддунро чунин шарҳ додааст: “Таҳқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ ба хотири эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян кардани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад”.

Таҳқиқу таҳлили осори таърихии Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки ӯ бо як усулу методикаи хосаи илмӣ, махсусан таҳлили сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва муқоисаи осори муаррихони сатҳи ҷаҳонӣ, ки натиҷаи бевоситаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи муҳаққиқон мебошад, таърихи тамаддуни ориёиҳоро ба тафсил инъикос намудааст. Таърихи тамаддуни тоҷикон бо тамоми паҳлуҳояш бурду бохт дар самтҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра мавриди омӯзишу таҳлил қарор додааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи таҳлили борикбинонаи сарчашмаҳои бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забонишиносии муқоисавӣ аз ташаккулёбии ақвоми ориёитабор шурӯъ намуда, то соҳибдавлат гардидани онҳоро дар осори хеш инъикос намудааст.

Бо ин ӯ саҳми бузурги худро дар омӯзиш ва равшан намудани таърихи аҳди бостони халқи тоҷик ва дигар халқҳои ориёӣ гузошт.

Ӯ дар қисмати ибтидоии осори хеш ҳалли масъалаҳоеро вобаста ба таърихи тамаддуни ориёиҳо пеш гузоштааст, ки тӯли ду қарни охир миёни муҳаққиқон баҳсҳои зиёдро ба вуҷуд оварда буд.

Умумияти қавмҳои ҳиндуаврупоиро бо ҳиндуориёӣ таҳлил намуда, нахустватани ягона доштан, омилҳои ҷудошавӣ, густаришёбии доираи ҳудуд аз ҷумлаи он масъалаҳое мебошанд, ки дар маркази диққати ӯ қарор гирифтаанд. Ӯ дар заминаи омӯзиши осори муҳаққиқон ва муаррихони барҷастаи ориёишиноси ҷаҳонӣ ва дастовардҳои илмҳои бостоншиносӣ, забоншиносӣ, сиккашиносӣ, этнография аз як реша маншаъ гирифтани забонҳои оилаи дигари ҳиндуаврупоӣ, махсусан арманӣ, юнонӣ, албанӣ, келтӣ, балтӣ, славянӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, булғорӣ, сербӣ ва ғайраро ба забонҳои ҳиндуэронӣ таъкид намудааст.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар инъикоси таърихи ташаккулёбии қавми бузурги ҳиндуаврупоиҳо, ки яке аз қавмҳои паҳншудатарин дар рӯи олам ба ҳисоб мераванд, то ҷое саҳми худро гузоштааст.

Ӯ ҳиндуаврупоиҳоро яке аз қавмҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи ориёиҳо дониста, хешовандии наздики онҳоро бо ориёиҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон, ки қадимтарин халқият дар ин сарзамин ба ҳисоб мераванд, мансуб медонад.

Масъалаи ҳиндуориёиҳоро, ки аҷдодони бевоситаи ориёиҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон мебошанд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар осори хеш ба сифати масъалаҳои асосии омӯзиш ва дақиқ омӯхтани таъриху тамаддуни ориёӣ ҳалли як қатор проблемаҳои ҷойдоштаро зарур ва муҳим донистааст. Пеш аз ҳама дар асоси маводҳои бостоншиносӣ ва маълумотҳои муаррихони атиқа муайян намудани нахустмеҳани қавмҳои ҳиндуориёӣ. Дар ин бобат ӯ аксаран ба ёдгориҳои бостоншионсӣ, ки тӯли солҳои охир аз ҷониби бостоншиносон дар нуқтаҳои мухталифи Русия, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон таҳқиқ ва кашф гардидаанд такя намудааст. Баъдан масъалаи тақсимшавии ин қавми бузург ва омилҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Ӯ нисбатан дар хусуси масоили муайян намудани хусусиятҳо ва умумиятҳои тамаддуни ҳиндуориёиҳои аз сарчашмаҳои забонӣ ва осори боқимондаи он, ки намунаи беҳтараш дар китобҳои Авесто ва Ведҳо инъикос ёфтааст, истифода намудааст. Ҳамакнун, натоиҷи таҳқиқотҳо дар илми забоншиносии муқоисавӣ, ки тӯли солҳои охир яке аз воситаҳои асосии омӯзиши аҳди бостон маҳсуб меёбанд, дар осори Эмомалӣ Раҳмон истифода шудаанд.

Масъалаи таҳқиқшавандаи Эмомалӣ Раҳмонро омӯзиши масъалаҳои мубрам оид ба ориёиҳои Осиёи Марказӣ фаро мегирад. Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд аз ҷониби аксар олимон Осиёи Марказӣ ба сифати нахсутмеҳани ориёиҳо эътироф гардида бошад ҳам, вале то кунун баҳсҳо идома доранд. Инро ба назар гирифта Эмомалӣ Раҳмон дар осораш бештар ба роҳҳои ҳалли он диққат додааст. Он мавзеъҳои кашфнамудаи муҳаққиқон, ки Эмомалӣ Раҳмон дар осори хеш нишон додааст, аксар ба сарзамини Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамҷавори он вобастагӣ дорад. Тамоми маводи бадастомада бевосита инъкосгари тамаддуни дерини ориёиҳо ва аз қадим дар Осиёи Марказӣ зистани онҳо дарак медиҳад.

Дар осори Эмомалӣ Раҳмон мавқеи марказиро ҷараёни ташаккулёбии нахуст системаҳои сиёсии роҳбарикунанда – давлат дар сарзамини Ориёно ишғол менамояд. Таҳлили осори Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба осори дигар муаррихон нишон медиҳад, ки дар шинохти аввалин давлатҳои ориёитабор, ки нахустин нишонаҳои идорӣ ва оинҳои давлатдорӣ дар онҳо сабзида истода буд, то ҳол ақидаи ягона мавҷуд набуда, фарзияҳои зиёд омӯзиши масъаларо боз ҳам печидатар гардонидааст. Ӯ дар осори худ вобаста ба таърихи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёиҳо фасли махсусро ҷудо намуда, як қатор хусусиятҳо ва масъалаҳои ҳалталаби таърихи давлатдории аҳди бостони қавмҳои ориёиро, ки дар шакл гирифтани ин институти муҳимми ҷомеа саҳми бузургро гузоштаанд, нишон додааст.

Ҷараёни ташкилёбии нахустдавлатҳо ва империяҳои ориёиро ба инобат гирифта, ба инъикоси давлатҳои сарзамини Ориёнои шарқӣ ва ғарбӣ пардохтааст. Ин ҷиҳати масъаларо Эмомалӣ Раҳмон дар доираи хронология (даврабандӣ), ки инъкисогари таърихи синфии ҷомеа мебошад, нишон додааст. Ӯ дар баробари муаррихони касбӣ хусусиятҳои хоси давлатдории ориёитаборҳоро бо ташаккулёбии тамаддунаш инъикос намуда, дар доираи меъёрҳои хронологӣ марҳилаҳои давлатдории ин қавми бузурги оламшумулро мавриди омӯзиш қарор додааст. Бояд қайд намуд, ки чунин иқдом бори аввал аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба таври мукаммал роҳандозӣ шудааст. Агар Бобоҷон Ғафуровро асосгузори илми таърихи халқи тоҷик эътироф намоянд, пас Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо чунин ташаббусҳои бузургаш дар хусуси омӯзиш ва равшан намудани таърихи ташуккули давлаторӣ ва тамаддуни ориёиҳо, яке аз асосгузорони эҳёи таърихи қавмҳои ориёитабор номид.

Ҳамин тавр, новобаста аз душворӣ дар роҳи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи аҳди бостон, ки кушодани саҳифаҳои он аз мушкил ва мураккабтар мебошад ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, ки проблемаҳои ҷойдоштаро дар хусуси таърихи тамаддуни ориёиҳо дар осораш инъикос намуда роҳҳои ҳалли онро нишон диҳад. Ба воситаи асарҳои илмии худ ба монанди “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар се ҷилд, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат–ҳастии миллат” ва “Чеҳраҳои мондагор” тавонист, ки саҳми бузурги хешро дар рушди илми таърихи аҳди бостони халқи тоҷик ба хусус ориёишиносӣ гузорад.

Шарипов Ҷамолиддин – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ