КӮШИШИ ХУРДЕ АНДАР ШИНОХТИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ ДАВЛАТСОЗ

1019

Дар бораи ҳайсият ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштан кори осон нест.

Зиндагӣ, корнома ва фаъолияти рӯзмарраи ин чеҳраи пешгому пештоз ва қосиди сулҳу ваҳдати миллӣ дар даҳҳо китобҳои хурду бузург инъикос гардиданд. Маҳз натиҷаи ин кӯшишҳо ва азхудгузаштанҳо буд, ки Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Ва инак, 16-уми ноябр, минбаъд ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Роҳи тайкардаи Пешвои миллат тӯли ин солҳо росту ҳамвор набуд.

Хатар ба ҷисму ҷон дар каф ӯ ба сӯйи қуллаи мурод – таъмини осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ дар сартосари Тоҷикистон мудом ҳаракат мекард. Мардум мехостанд дар кӯчаю хонаҳояшон дигар садои тиру туфанг ва гиряи модарону нолаи фарзандони падаргумкарда баланд нагардад. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро дарёфтанд, ки ҳастии худро аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои Ватани маҳбуби худ бахшид.

Дар он иҷлосияи воқеан таърихӣ қарор шуд, ки ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид гардад. Бо пешниҳоди вакилони халқӣ вакили мардумӣ, раиси комиҷроияи вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо гирифтани 186 овоз (аз 197 вакил) раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Даъвату баромади Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ёдамон ҳаст: «ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд бародар бошем, то вазъиятро ором намоем». Вакилон аъзои ҳукумат, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Шӯрои Олиро интихоб карданд.

Таърих гувоҳ аст – ҳангоми пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда на ҳамаи номзадҳо розӣ мешуданд, ки бори масъулияти раисиро бар дӯш бигиранд ва борҳо низ Пешвои миллат зимни баромаду вохӯриҳои худ бо аҳли ҷоме зикр мекарданд, ки ин тоифа ба ҳукумат эътимод надоштанд. Муҳимтарин қонунҳои даври Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бора авф», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва ғайра қабул гардиданд, амнияти мардум таъмин шуд. Дар ин иҷлосияи таърихӣ бештар аз 50 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки дар заминаи онҳо низоми ҳуқуқӣ ба мароми муайян ворид шуда, ҷиҳати таъмини осоиштагии мардум чораҳои таъхирнопазир андешида шуданд. Дар ин хусус зиёд гуфтанд ва боз ҳам ба такрор мегӯем. Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омад, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон талафоти зиёди молию ҷонӣ дида буд. Сангинтарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷонӣ буд, ки мутаассифона, ҷуброннопазир аст. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар ин солҳои шуму бесоҳибӣ беш аз сад ҳазор нафар қурбон шуданд. Садҳо ҳазор нафари дигар гуреза. Зарари иқтисодӣ бошад, то ба 10 миллиард доллар шуморида шуд. Дар чунин шароити вазнин, вақте ки умеди охирин фано меёфт, Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон гашт. Дар кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ эътирозу овезаҳо, таҳдиду фишор ва хуни ҳамватанон дида мешуд. Роҳбарони давр ҳамагӣ барои наҷоти миллат дасткӯтоҳ гардиданд. Касе набуд, ки онҳоро дар вазъияти бӯҳрони сиёсӣ раҳнамоӣ намояд. Бесарусомониҳои солҳои 90-ум нишон дод, ки донишу нерӯи роҳбарони давр дигар барои идораи давлати кофӣ нест. Мардум ба нерӯи наву устувор ва қудратманде ниёз дошт, ки сохтори давлатиро дубора таҷдид ва халқро иттиҳод гардонад. Зарурат пеш омад, ки маҳорату ҷасорати роҳбарӣ таҷдид шуда, қарорҳои фаврии дахлдор қабул гарданд. Аз фурсат истифода бурда, қувваҳои зиёду мухталиф ба майдон омаданд, ки мақсадашон ба орзуҳои халқ – бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мутобиқат намекард. 

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти мунтазами худ собит намуд, ки ӯ ғаюр, далер ва дар қабули қарорҳои муҳим қотеъ асту талошу иқдомҳояш дар зимоми давлатдорӣ ӯро ба сиёсатмадору сарвари тавоно табдил хоҳад дод.

Корҳои муҳимму шоистаи ӯ – фаъолмандии қатъӣ дар музокироти сулҳ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, хотимаи ҷанги бародаркуш, барқарор намудани артишу дигар сохторҳои низомӣ, оғози ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор намудани сохторҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, бо маводи ниёзи аввал таъмин намудани мардуми кишвар ва ҳифзи суботу амнияти ҷомеа то имрӯз дар хотираҳои мост.

Дар замони Истиқлол зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як мамлакати ободу амн ва пешрафта табдил ёфт. Албатта, бояд холисона иқрор шавем – ҳанӯз камбудиҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳалли зудтари онҳо ба манфиати миллат аст, аммо мо хуб дарк мекунем – рафъи ин масоил кори як рӯз набуда, заҳмати ҳамешагии натанҳо як шахсият, балки ҷомеаро тақозо мекунад.

Ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. 30 соли талошу кӯшиш ва марҳилаи ободкориҳо, ки бе шак, ба номи Пешвои миллатсоз Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.

Ба андешаи инҷониб, Истиқлол танҳо ифтихор ва лофи ватандорӣ нест. Истиқлол муборизаест, ки барои рушди миллат пояҳои устувор фароҳам меорад, ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ мустақилона ҳал мегардад ва ташаккули иқтисоди замонавӣ таъмин шуда, арзишҳои давлати демократӣ ҳифз мегарданд.

Давлати соҳибистиқлол бояд қадру қимати ҳар як шаҳрвандро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, барояш зиндагии шоистаро таъмин гардонад. Ин кӯшишро мо дар фаъолияти ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мекунем.

Яке аз нақшаҳои стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бармеояд, эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст. Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон ташкили аҳзоби сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекард.

Пешвои мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлатро бар уҳда гирифт. Нахустин сухане, ки ӯ аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ гуфт, сулҳ буд ва роҳи мо ба сӯйи ин субот яксону ҳамвор нест. Хиради азалии миллати тоҷик муқобили ҷаҳолат ғолиб омад ва мо дасти ҳам гирифтему дар талоши наҷоти миллат ва бақои давлат гардидем.

Муҳимтарин ҳуҷҷат – Созишномаи истиқрори сулҳ байни тоҷикон ба оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ – бозсозию ободкорӣ дар асоси ғояи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо шуруъ шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки таҷрибаи арзишманди гузаштагони мо дар мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт ва ин масъала то ҳанӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва баррасиву таҳқиқи ҷомеашиносон ва таърихнигорон қарор нагирифтааст. Дар охири асри ХIX ва оғози садаи ХХ миллати тоҷик таҳти таъсири омилҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки ҳастии хеш қарор дошт.

Дар таърихи миллати мо баъди садсолаҳо имкони амалии таъсис додани давлати озод ва мустақили миллӣ фароҳам омад. Талоши Ҳукумат барои бартараф намудани буҳрони фарогир дар асоси барномаҳои мақсаднок аз тариқи таъмини рушди иқтисодиёт, муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ ва ташаккули воқеии сохторҳои иқтисодӣ пайдарпай амалӣ гардонида шуд. Корхонаҳои муштараки зиёд бунёд шуданд, робитаҳои мутақобилан судманд бо мамолики дигар густариш ёфта, савдои озоди беруна ҷорӣ шуд, ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи молиявӣ ва иқтисодии байналмилалӣ тавсеа ёфта. самараи хуб доданд, роҳи оҳани дохилӣ азнавсозӣ гардид, силсилаи роҳҳои автомобилгард аз Шимол то Ҷануб ва аз Ғарб то Шарқ тармим шуда, нақбҳои мошингард ва пулҳои байналмилалӣ бунёд ёфт, ки онҳо барои аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ берун баровардани кишвар саҳми бузурге доранд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон, пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳои Истиқлол таҳким бахшида шаванд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон хуб дарк менамоянд, ки сатҳи рушди иқтисодиёт ва сифати зиндагии мардум нисбат ба бисёр давлатҳои пешрафта ҳанӯз ба беҳбудӣ ва таҷдиди ҷиддӣ ниёзманд аст. Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди чашидани меваи талхи ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо бо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо Истиқлоли давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Танҳо инсони хирадманду бомаърифат ва ватандӯсту фарҳангпарвар дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, дастовардҳои Истиқлолро ҳифзу пуштибонӣ карда метавонад.

Ҳама роҳбарон, новобаста ба мансаб, бояд содиқона ба халқ ва ҷомеаи худ гӯш диҳанду раъйи онҳоро дар фаъолияти рӯзмарра ба асос бигиранд. Банда чунин мепиндорад, ки моҳияти ҳамаи мансабҳо хизмат ба халқ асту бас, балки каъбаи умеди мо халқ будааст. Роҳбар бояд мардумро ба иттиҳоду ҳамдилӣ даъват кунад ва ғояи бунёдкориро тақвият бахшад. Дар ин самт дар симои Пешвои миллат мо намуна дорем.

Ғасби ҳокимият дар давлати ҳамсояи Афғонистон барои мо бояд дарс бошад, ки агар барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеа талош накунанд, дар дасти абарқудратҳо бозичае беш нахоҳем шуд. Интихоботи гузаштаи президенти Амрико бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дод ва гӯшзад намуд, ки бузургтар аз халқ дар рӯйи замин дигар қуввае нест. Ва беҳуда нагуфтаанд: «зӯри мушт дар ваҳдати панҷ ангушт».

Метавон хулоса кард, ки мардуми тоҷик низ ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва барои нигоҳ доштани бузургтарин неъмат – Истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ки бо талоши ин марди накусиришт ба даст омадааст, талош хоҳанд кард.


Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 

номзади илмҳои филологӣ, дотсент