КОНСТИТУТСИЯ, СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

26

Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ, санаи таърихӣ, ки нақши созанда дар барқарории шакли муосири давлатдории тоҷик гузошт, қарор дорад. Ин санаи тақдирсоз, рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи давлат мебошад. Соли ҷорӣ аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту ҳашт соли таърихӣ сипарӣ мегардад, ки дар ин давраи таърихӣ бо шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои ин санади муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ барои эъмори давлатӣ озоду мустақил, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки якдилона бо изҳори иродаи мардуми шарафманди диёри куҳанбунёдамон дар марҳилаи басо мураккабу тақдирсози солҳои навадуми асри гузашта қабул гардид, воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ ва бузургтарин дастовард дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.

Гузашти солҳо аз қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамон андоза аҳамияти онро афзалтар мегардонад, зеро ин ҳуҷҷат равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳнатпараст буда, омӯзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд. Таҷрибаи давлатдории ҷаҳон шаҳодати он аст, ки ҷамъияти демократию ҳуқуқбунёд маҳз ба он шаҳрвандоне такя мекунад, ки саводи сиёсӣ ва маърифати волои ҳуқуқӣ дошта, волоияти қонунро асоси ҳаёт ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд.

Конститутсия пойдевори давлату давлатдории навини мо мебошад. Конститутсия барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги бойи қадима мебошад, таҳия шуда, бо дарназардошти шароити муосир таҷассумгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати озоди мо мебошад. Дар мустаҳкамии соҳибистиқлолӣ ва рушди давлатдории миллии тоҷик нақши Конститутсия беҳамто аст. Ин падидаҳои нодир, яъне соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ аз ҳамин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ маншаъ мегиранд.

Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу тақдирсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Арзишҳои муқаддаси Қонуни олии мамлакат муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа буда, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд. Бешубҳа қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид. Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дарбар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудаанд. 

Ин санади олӣ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлатӣ тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, ки он лаҳза Раиси ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд, таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: «асоси конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои қабулнамудаи ин Иҷлосияи таърихӣ ва дар амал татбиқ кардани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар овардашуда дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ бо суръат идома дода шуда, зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ ва вазъияти ҳамонвақта ба миён омад.

Дар ҳамин асно, дар Иҷлосияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.

Баъд аз муҳокимаҳои тулонӣ Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш, таҳлили аслии воқеият ва талаботи ҷомеаи кишвар ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шакли ҷумҳурии президентиро пешбинӣ менамояд, ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия карда шавад. Ҳамин тавр, пас аз муҳокимаи пешакӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар он ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои муосири давлатдорӣ таҷассуми худро пайдо намуданд.

Воқеан ҳам қабули Конститутсия имкон дод, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил карда шуда ва заминаи рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён омада, сиёсати амиқи пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.

Бо итминон метавон иброз дошт, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ тавонист дар рушди соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳми созгор ва назаррас гузорад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба куллии тоҷикону тоҷикистониён  муборакбод мегӯям.

Ғаффорзода Илёс – д.и.ҳ., профессор,муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ