КОРНОМАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

505

Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик дар интиҳои садсолаи гузашта рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарват – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, ки ин санаи муқаддас дар таърихи навини рушди давлатдории миллӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Истиқлолият ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳимму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар дарозои сӣ соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаву бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд. Бояд иқрор шуд, ки тамоми дастовардҳои Ватани маҳбубамон дар масири 30-соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ бевосита ба хизматҳои арзандаву беназир ва кушишу талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат иртибот доранд.

Ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулотҳои босуръати солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти ин сарвати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди ноогоҳ, бетаҷрибагии сиёсӣ ва дахолати бевоситаи аҷнабиён Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ба хоҷагии халқи мамлакат талафоти зиёди молӣ расонида шуда, ҳазорон шахсони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафти он зери суол қарор гирифта буд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати пароканда, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд метавон аз дигар дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ эътироф намуд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешрафиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам оварда, дар қалби ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурузон намуд.

Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари давлат тавлид намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Сарвари давлат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик роҳи ягонаи ҳалли низоъи дохилии тоҷиконро танҳо аз тариқи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулҳи деринтизор камари ҳиммат бастанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамин гуна шароити ҳассос 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо дастгирии шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки қабули он низ аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро Конститутсияи кишвар дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳувияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард.

Барои амалисозии шоҳкориҳои азим, ислоҳотҳои иқтисодиву иҷтимоии таъминкунандаи зиндагонии арзандаи сокинони мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди байналмилалӣ ҷанги шаҳрвандӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакатро дар он шабу рӯз ҳарчи тезтар хомуш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик ва рӯй овардан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкил медод.

Пеш аз ҳама, бо дарназардошти авзои ноороми кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, фалаҷ гаштани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, қарор доштани шаҳрвандон дар ҳолати яъсу ноумедӣ зарур буд, ки қонуну қарорҳои қабулшуда барои таъмини сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмии комил ва фазои орому субот дар кишвар мусоидат намуда, эътимоду боварии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба фардои ояндаи дурахшони ин давлату сарзамин бедор менамуд.

Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ такя ба дастгирии сокинони сарбаланди мамлакат дар як муддати кутоҳи таърихӣ барои хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, рафъи хатари парокандашавии миллат ва заволёбии давлати тоҷикон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳувияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста, заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.

 Дар робита ба ин масъала яке аз саҳифаҳои муҳимму дурахшони таърихи навини давлати ҷавони Тоҷикистонро ин ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил медиҳад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Москва, Теҳрон ва Ҳусдеҳи Афғонистон миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии нозирони байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Воқеан, санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати сартосарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳотҳои низоми давлатдорӣ рӯйи кор овард.

Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки Сарвари давлат барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд. Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷониби 178 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои устувори дипломатӣ ба роҳ мондааст. Бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Бо шарофати заҳматҳои хастанопазири ин абармарди саҳнаи сиёсат Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт. Ҷойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба оби тоза, таъмини амният ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо қаноатмандӣ қабул шудаанд. Давлати Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи чаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо туфайли фаъолияти густурдаи сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ дар арсаи байналмилалӣ, хосатан миёни роҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа нуфузу эътибори баландро соҳиб буда, барои кушишу талошҳои босамар бо мукофотҳои байналмилалии сатҳи баланд қадршиносӣ гардидааст. Тавре иттилоъ дорем, санаи 6-августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимухамедов бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дустӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахусин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд. Гузашта аз ин Тоҷикистон давоми солҳои соҳибихтиёрӣ ба як макони баргузории чорабиниҳо ва ҳаммоишҳои гуногуни сатҳи баланди сарони давлату ҳукуматҳои хориҷ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, соли равон Тоҷикистон раёсати ду созмони бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба зимма дорад, ки баргузории онҳо барои боз ҳам боло рафтани мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб беназиранд. Иқдомҳои амалинамудаи Пешвои миллат дар ин ҷода беихтиёр ба шинохт ва эътирофу эҳтироми дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, гиромидошти мероси бою пурғановати ниёгонамон, густариши ҳуввияти миллӣ ва боло рафтани ғуруру нангу номуси меҳанпарастӣ мусоидат намуданд.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ ва меҳварии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ин бунёди давлати иҷтимоӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар ташкил медиҳад. Дар пайвандӣ ба ин масъала мо шоҳиди ҳолем, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати кишварро ин таъмини шароити арзанда ва муносиби зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳад. Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад қайд намуд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик дар асоси роҳандозии сиёсати бобарор ва дурбинонаи Пешвои миллат дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гашт. Бунёду таъмир ва ба истифода додани роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Дар умум, бояд эътироф намуд, ки бо шарофати Истиқлолият давоми се даҳсолаи охир таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятии кишвари маҳбубамон таҳаввулотҳои азим ва дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста, дар самти пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат як ҷаҳиши бузург ба миён омад.

Бо шукргузорӣ аз самараву баракати Истиқлоли давлатӣ, дар натиҷаи ибтикороти пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои бузург амалӣ шуда истодаанд.

Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҷиҳати таҷлили сазовори бузургтарин ҷашнвораи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани он самаранок меҳнат кунем ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯй биёрем.

Маҳмудов И.Т., мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент