МАОРИФ БУНЁДУ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ АСТ

783

(Дар партави Паём)

Масъалаҳои таълим, илму омӯзиш ва умуман маориф дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солҳои қаблӣ бо чанд ҷиҳат фарқ дошт. Якум Паёми имсола ба таври фишурда як навъ натиҷагириҳоро аз бурду бохти соҳаи мазкур ифода мекард. Зеро, имсол халқи тоҷик 30-солагии истиқлолияти миллии худро ҷашн гирифта, афзалияту бартариҳо ва пешрафтҳои соҳаро дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ амиқан дарк намуд. Дар ҳақиқат дастоварду комёбиҳо дар давоми сӣ сол дар соҳаи маориф хеле зиёданд ва истиқлоли маорифи миллӣ дар тамоми самтҳо роҳҳои инкишофу таҳаввули онро боз намуд. Низоми замонавии таълим ва талаботи ҷомеаи нави рушдёбанда бисёр монеаҳои дар давоми ҳафтод сол вуҷуддоштаро аз байн бурд. Шумораи макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маротиб зиёд гардида, қолабҳои якнавохту аз як марказ идорашаванда шикаста гардид. Ҳазорон нафар зиёд гардидани шумораи омӯзгорону устодон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот далели дар замони истиқлолият муҳимияти бештар пайдо кардани масъалаи таълиму омӯзиш мебошад. Дар давоми се даҳсолаи истиқлолият дар қиёс бо соли 1991 сеюним маротиба зиёд гардидани шумораи донишҷӯён натиҷаи пешрафти куллии соҳаи маориф дар зинаи таҳсилоти олӣ дар самти соҳибихтисос гардидани ҷавонони кишвар аст. Ҳамаи ин таҳаввулот асосу пойдевори академияи миллии илмҳо гардида, дар чандин самтҳо раванди табодулу равобити мустақили ҷумҳурии моро бо мамолики зиёди минтақаву ҷаҳон суръат бахшида тавонист.

Дуюм шаклгирии маорифи миллӣ дар мадди назари Пешвои миллат қарор гирифта, нақши соҳа дар баланд гаштани худшиносиву худогоҳии миллӣ беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ гашт. Чунин рисолат ба он робита дорад, ки феълан равандҳои ҷаҳонишавӣ торафт ҷараёнҳои нав ба навро соҳиб гардида, ҷомеаҳои дар ғафлату ҷаҳолат қарордоштаро ба бархӯрдҳои манфӣ бештар мувоҷеҳ месозад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демокративу дунявӣ бар хилофи низоми шӯравии собиқ низоми маорифу илмро ба як василаи иртиботӣ ба ҷаҳони муосир табдил дод. Дар солҳои истиқлолият маорифи миллӣ рушд намуд ва “…ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ” ба яке аз самтҳои рушди сиёсати хориҷии кишвари мо табдид ёфт. Дар Паёми имсола нуқтаи муҳим, ё як ҷузъи сиёсати байналхалқии Тоҷикистон, ин барои таҳсил ба хориҷи кишвар равон кардани ҷавонони лаёқатманду бомаърифат ҳисобида шуд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст”. Ин раванди идомаёбанда гувоҳи он аст, ки давлату ҳукумати кишвар сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаву бо ҷаҳони мутамаддин ҳамқадам будан мехоҳад. Соҳиби ҷаҳонбиниҳои нав гардидани ҷавонон дар доираи гуногунандешиҳову демократия яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату ҳукумат дар самти сиёсати кор бо ин неруи ояндасоз ба шумор меравад. Яъне давлати мо демокративу ҳуқуқбунёд аст ва табиист, ки чунин ҷомеа бидуни гуногунандешӣ пешрафт дошта наметавонад. Аз ҷониби дигар гуногунандешиву озодиҳо маънии гаравидан ба ҳар як ҷараёни номатлубу зарароварро надоранд. Таъкидҳои алоҳидаи Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ (махсусан, зиракии сиёсии ҷавонон) саривақтист ва он як омили дар оянда омодаву устувор гаштани наслҳои минбаъда дар муқобили ҳар як ҷараёни манфиву номатлуб мебошад. Ҷомеаи кунунии мо ҳар он чизеро, ки барои ободиву шукуфоиву тараққиёт аст, қабул медорад (таҳсили ҷавонон дар Аврупо, Амрико, Осиё ва ғ.) ва қатъи назар аз мавқеъҳои мухталиф дар ин самт монеае ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки дар замони яккаҳизбии шӯравӣ дар давоми 70 сол таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ангуштшумор буд, ё ин ки тамоман вуҷуд надошт. Айни ҳол бошад, тавре дар Паём таъкид гардид «…ҳар сол беш аз 5000 нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд».

Сеюм таҷдиду ҳамқадами замон гардонидани таълиму омӯзиш як омили аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафт ноил гардидани ҷумҳурӣ ва муаррифии кишвари мо дар арасаҳои байналмилалӣ дониста шуд. Дар ин самт омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷараёни нави таълим дар бахши илмҳои табииву риёзӣ яке аз шартҳои муҳимми амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат баҳогузорӣ гардид. Баъзе андешаҳо дар Паёми имсола таҳрики бузурге барои афкори ҷомеа ба шумор мераванд ва дар самти маориф барои хурду бузурги кишвар чун як шиори роҳнамо солиёни тӯлонӣ боқӣ хоҳанд монд. Ишораву таъкид ба он ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад” ҳамаи омӯзгорону устодонро водор менамояд, ки мавқеи устувори роҳбарияти олии давлату ҳукуматро нисбат ба соҳаи маориф дурусту оқилона дарк намоянд. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналхалқӣ мавқеи устувори худро пайдо намуда истодааст. Ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар аз минбарҳои баланди умумибашарӣ барои рушди ҳаёти босамари аҳли сайёра вобаста ба масъалаҳои глобалӣ талошу тасмимҳои зиёдро роҳандозӣ карда тавонистааст. Тоҷикистон имрӯз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро меомӯзад ва дар ин самт дар оянда аз худ кардани забонҳои хориҷиро шарти аслии пешрафт медонад. Дар ин ҷода “масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот” устодони макотиби олиро водор менамояд, ки донишҳои худро мутобиқ ба талаботи замона нав созанд. Зеро татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – ба кишвари аграриву индустриявӣ табдил додани Тоҷикистон беш аз ҳама ба донишҳои устувору замонавии шаҳрвандони кишвар ҳамбастагии амиқ дорад. Аз ин ҷиҳат, аз мазмуни баъзе нуктаҳои Паём хулоса бардоштан мумкин аст, ки акнун дар ояндаҳои наздик дар низоми маориф гардишҳои куллие дар роҳи пешрафту такомул ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат масъалаи “омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забони хориҷӣ”-ро махсус таъкид намуданд. Мункир наметавон гашт, ки имрӯз донистану омӯзиши забонҳои хориҷӣ шарти аслии дар бахшҳои иқтисодӣ ба пешрафту дастовардҳо ноил гардидани мост. Дар робита ба ин таъкиду дастурҳо дар Паёми имсола моро зарур аст, ки нисбат ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотиби олӣ масъулияти бештар зоҳир намоем: “…таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шӯъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад”.

Чорум дар Паёми имсола вазифаву масъулияти намояндагони соҳаи маориф ногузиру муҳим дониста шуда, дар назди ҳамаи мо – омӯзгорону устодон уҳдадориҳои ҷиддиро пеш гузошт. Ин ҷиҳатро бояд як қадами устувори дигар дар роҳи таҷдиду ислоҳоти соҳа донист. Дар давоми панҷ соли оянда ба нақша гирифтани бунёди “1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот” маънои онро дорад, ки рушди соҳа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Яъне бо назардошти зиёд гардидани шумораи аҳолии кишвар бунёди муассисаҳои таълимӣ яке аз барномаҳои муҳимми дар оянда фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба таҳсилу омӯзиш аст. “Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд” гуфтани Пешвои миллат ҳар як намояндаи соҳаи маорифро водор менамояд, ки дар бобати тарбияи наврасону ҷавонон нақши бевоситаи худро гузорад. Дар Паёми имсола ишора аз он гардид, ки таъсиси он ихтисосу ҳунарҳое ба роҳ монда шавад, ки барои бозори меҳнат заруранд. Ин ишораи Роҳбари давлат моро водор менамояд, ки дар мавриди ихтисосҳои имрӯз камталаботанд андеша намоем. Ин фарзияро нуқтаҳои алоҳидаи Паём тақвият бахшида метавонанд ва дар робита ба пешрафти ҷаҳони муосир ногузир мебошад, ки барои кушодани ихтисосҳои нав чораандешиҳои қатъиро ба роҳ гузорем. Махсусан, амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат аз мо омода намудани мутахассисони арзандаро тақозо менамояд ва дар ин самт таҷдиду такмили нақшаҳои таълимӣ ногузир мебошад: “Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад”.Таҳияи “…лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, гувоҳи он аст, ки дар ояндаҳои наздик дар соҳаи маориф ҷараёни таҳавулоту ислоҳоти ҷиддӣ шакл пайдо хоҳад кард. Зеро дар ҳақиқат рушди технологияи иттилоотии муосир ҳар як ҷомеаи огоҳро ҳушдор медиҳад, ки аз имрӯз пойдевори таълими наву муосирро роҳандозӣ намояд. Ин ҷиҳат кафолати рушду пешрафти илми ватанӣ ба ҳисоб рафта, тамоми олимонро водор менамояд, ки барои инкишофи кишвари саноатӣ ва ҳамзамон “иқтисоди сабз” назарияҳои нави илмиро ба вуҷуд оваранд.

Абдулмуминзода Насимҷон, муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим