МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

521

«Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд.”

Ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, ба меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият, пайравӣ намудан ба дину мазҳабҳои гуногун ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд. Ҳамаи ин халқи баору номуси ватанро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намоем ва барои риояи қонунҳову адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоем.

Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷмарҳиларо аз сар гузаронидааст.

Марҳилаи якум: Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ Сотсиалистӣ Тоҷикистон Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард, ки он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 тайёр карда шуда буд.

Марҳилаи дуюум: Анҷумани фавқулодаи шӯроҳои Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро қабул кард.

Марҳилаи сеюм: Вобааста ба он, ки ИҶШС Конститутсияи нав қабул кард, дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШСТ қабул гардид.

Марҳилаи чорум: Санаи 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-туми ғйринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ даъвати 9-ум Конститутсияи 4-уми ҶШСТ-ро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.

Марҳилаи панҷум аз соли 1978 сар шуда, соли 1994 дар даврони Истиқлолияти давлатӣ анҷом ёфт.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Хушбахтона6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хоссаеро доро мебошанд.

Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.

Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.

Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Бо боварии том метавон изҳор намуд, ки 28 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ