НАҚШИ ТАЪРИХИИ ШАХСИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА ИНКИШОФИ ЗАМИНАҲОИ ИҶТИМОӢ – ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН

563

Ҷомеа ҳамеша дар ҳар давру замоне барои худ шахсиятҳои бонангу номус, ватанпарвару сулҳҷӯ ва хирадмандеро тавлид мекунад, ки онҳо барои бартараф кардани эҳтиёҷоти ҷомеа мусоидат менамоянд. Бузургии ингуна шахсиятҳо дар он аст, ки онҳо манфиатҳои умумимиллиро ифода менамоянд ва баҳри ҳимояи он кушишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Дар ҷомеаи навини тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз чунин шахсиятҳо Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Зеро ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҳақиқи давлат тавонистанд бо қаҳрамониву ҷонфидоикунинҳои худ дар рушду нумӯъи миллату Ватани худ нақши муборизе гузоранд. Аз ин хотир оммаи мардум он касро ҳамчун Президенти мардуми шинохта, чун Пешвои миллати худ эътироф намуданд.

Ба вуҷуд омадани падидаи Президенти мардумӣ чун навъи олии роҳбарият дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик – нишони худшиносию ифтихори миллӣ, қадаме ба сӯи муташаккилшавии миллати тоҷик, нишондиҳандаи болоравии сатҳи масъулиятшиносии гурӯҳҳои фаъоли иҷтимоӣ мебошад. Аз ин хотир дарки андешаи миллӣ ва зарурияти густариш додани он дар шуури халқи тоҷик, муташаккилии олӣ дар бунёди фарҳанги маънавию моддӣ, гӯш додан ба сухани мардуми оддӣ, маслиҳатпазирӣ аз зиёиёни равшанфикри замона, ғамхории падарона нисбати насли наврас ва ҷавонони Тоҷикистон, кўшишҳо оиди таъмини амнияти иҷтимоии аҳли ҷомеа ва хусусан пиронсолон ва нафақахӯрон ва монанди ин иқдомотҳо аз тарафи Президенти кишвар амалӣ мегарданд. Саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз бағоят бузург буда, номи он кас дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон, Маҳатма Гандӣ, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчил ва дигар давлатмадоронӣ сатҳи байналмиллӣ меистанд. Фаъолияти президенти давлатамон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври колим дар китобҳо, матбуот, барномаҳои радиову телевизион ҳамаруза мебинем ва мешунавем. Тоҷикистониён Президенти худ ва корҳои мушаххасе, ки ў тайи солҳои роҳбарикунандаашон, аз солҳои барои кишвар ва халқ вазнину фоҷеабор сар карда, то давраи рушди босуботи он анҷом додаанд, хеле хуб медонанд. Маҳз барои Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки истиқлолияти комили сиёсии кишварро ба вуҷуд оварда, худшиносии миллиро ташаккул дода, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонид. Ин сифатҳое мебошад, ки дар зеҳни на ҳар як Президенти давлат дида мешавад (мсл, М.Горбачев, М. Саакашвилӣ, П.Порошенко ва дигарон).

Ба ҳайси Пешвои миллати тоҷик пешбарӣ шудани як шахсияти барҷастаи сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши омилҳои субъективӣ нест, он яке аз меъёрҳои интихобии бозорӣ ҳам нест, балки хизматҳои беназиру содиқона барои халқу миллати тоҷик мебошад, ки ба он кас додаанд. Пешво барои мардум чароғи ҳидоят аст. Вай дар ҳар давру замон чун машъали роҳнамои самти ҳаракат дар раванди рушди ҷомеа, ифодагари талаботу манфиатҳои гурўҳӣ, ки дар симои шахсияти барўманду шоистаи замона аз рўи қудратмандӣ ва кайфияту сифатҳои фардии шахс дар ҷомеа густариш ёфта, мақбули умум мегардад. Ягон ҷомеа дар ҳолатҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ бе пешвои шинохтаи худ ба таври кофӣ имконияти ҳалли мушкилот ва қонеъ гардонидани талаботҳои зарурии мардумро надорад. Пешвои миллат дар вазъи муҳиму тақдирсози ҳаёти ҷомеа аз номи миллати худ баромад карда, ҳуқуқи қабули қарорҳои қатъиро ба ўҳда мегирад, ки ин худ як масъулияти азим аст.

Таҳияи ғояи пешвои бузурги роҳбарикунанда ҳанӯз дар афкори файласуф Ф.Нитсше эҷод гардидааст. Ба ақидаи файласуф Пешво шахсест, ки дар ҳолатҳои тақдирсози таърихи миллат ниёзмандии мардумро ба ӯҳда гирифта, беғаразона – берун аз некию бадӣ истода, бо меъёрҳои мавҷудаи ахлоқӣ маҳдуд нашуда, амал мекунад. Пешвои миллат – таҷассумгари симои миллат ва оинаи зиндагии он аст,ки дар замони мо марҳилаи нави саҳифаи таърихи тараққиёти ҷамъиятӣ ва сохтмони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикро собитқадамона оғоз менамояд. Ҳувайдо шудани нақшу мақоми Пешвои миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол – ишора ба мавҷудияти ҷомеаи сарҷамъ ва муташаккил аст, ки дорои ташкили хеле нозукадо ва механизмҳои гуногуни интихобу ҷобаҷогузории ҳаёти иҷтимоии мардумест, ки рў ба сўи рушди сиёсӣ-иҷтимоӣ ниҳода аст. Ҳадафи аввалини Пешвои миллат будани, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар он таҷассум гардид, ки ин шахсият дар зеҳни миллати худ ташаккул додани ҳисси худшиносии миллиро аз рӯзҳои аввалини ба сари ҳокимият омаданашон тарғиб намуда, то имруз онро бо шиорҳои гуногун аз қабили “Тоҷикистон ба пеш”-ро ки дар вуҷудашон ҷой доранд руҳандози мекунанд. Солҳои охир масъалаи ниёзмандӣ ба пешвои миллӣ – чун хусусияти зеҳнияти мардум ва падидаи фалсафӣ-иҷтимоӣ дар заминаи низоми ниҳодӣ мавриди омўзиши илми фалсафаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Дар он нақшу мавқеи иҷтимоии пешвои миллат на ҳамчун падидаи алоҳидаи дур аз идоракунӣ, балки ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ, ки ба хотири наҷот додани миллат аз бўҳронҳои иҷтимоии глобалӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, омўхта мешавад. Таҳқиқи назару ақоиди фалсафӣ-иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки Пешвои миллат – чун падидаи иҷтимоӣ дар лаҳзаҳои мушкили идоракунии давлатӣ барои изҳори ақидаи сиёсӣ-иҷтимоии миллат ва шаҳрвандони кишвар оиди ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаётӣ густариш ёфта, тақдири миллионҳо шаҳрвандони оддиро ҳал мекунад. Аммо самаранок иҷро шудани ҳадафҳои миллӣ пеш аз ҳама ба хислатҳои фардии пешвои миллат, ба азму иродаи қавӣ, қудрату нерўи илҳомбахшанда доштани вай хеле вобаста аст.

Инак, давраи навбатии ташкили фаъолият ва масъулиятшиносӣ барои ба даст овардани муваффақияти умумӣ расидааст, ки ниёз ба иродаи қавии миллӣ дошта, дар давраи вазъияти фавқулодда амнияти миллату кишварамонро таъмин намояд. Пешвои миллат идоракуниро ҳамчун яке аз ниҳодҳои ҷомеа, новобаста аз мушкилоти роҳбарӣ аз нуқтаи расмӣ намояндагӣ мекунад. Маълум аст ки ташкили фаъолияти низомноки сиёсӣ-иҷтимоии ҳар як ҷомеа мувофиқи ҳадафу манфиатҳои миллӣ дар сатҳи давлатӣ, умумимиллӣ ва байналмиллалӣ ташкилу таъмин мешавад, танҳо ба тавассути садоқати иҷтимоӣ-равонии дарозмуддату муштараки Пешвои миллат ва ҷомеа, имконпазир мегардад. Бинобар ин ҷомеаи имрўзаи тоҷик ба як пешвои барўманду солеҳ ва абарқудрат, ки аслан шахсияти шоиставу вафодор ва пуршуҷоъ аст, комилан ниёз дорад. Қонеъ гардидани ниёзи мазкур ҳаргиз мансабхоҳӣ нест, балки хусуссияти менталитети мардуми муддати тўлонӣ дар ҳалқаи маданияти “худии бегона”- турку муғул арзи вуҷуд доштани халқи ҷабрдидаи тоҷик аст, ки бо тақозои замона ва гардиши айём имрўзҳо чун падидаи азнавкоркардашуда зоҳир мегардад.

Воқеаҳои таърихии давраи пасошӯравии Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша дар талоши фароҳам овардани муҳити осоиштаю ором ва амнияти ҳаёти мардуми ҷомеаи тоҷикистонӣ буданд ва то имруз низ ҳастанд. Вазъияти сиёсии имрузаи кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки пешбари ёфтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат нақш ёфтани симои шахсияти барҷастаи ҷумҳурӣ бамавқеъ ва лозим аст. Шуҷоати шахсӣ ва ҷасорату пайдарҳамии амалҳо, некбинию қобилияти сари вақт қабул намудани қарори дуруст ва монанди ин хислатҳои нек буд, ки воқеан, мо тавонистем, ки пас аз ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ ба сулҳи миёни тоҷикон бирасем ва бо ташаббусҳои беназири худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоем.

Ҳамчун Президенти мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо бародарони мухолифин забон ёфта, чун инъикосдиҳандаи саъю талош барои барқарории сулҳ дар сатҳи давлатӣ ва ҷаҳонӣ қадамҳои муҳими тақдирсоз намуда, роҳҳои бартараф сохтани на танҳо ҷанги дохилӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, балки барои хомўш намудани басе низоъҳои сарҳадии байни миллатҳои мардуми кишварҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳад, аз ҷумла узбекҳо ва қирғизҳо ҳиссагузорӣ намуданд. Муҳимтарин принсипи иҷтимоиву сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба андешаи Президенти Тоҷикистон, дар такя намудан ба ягонагию муттаҳидии табақаҳои васеи аҳолӣ, нерўҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар сулҳи устувор ваэҳёи миллӣ ҳаётан манфиатдоранд, зоҳир мегардад . Бо назардошти воқеиятҳои иҷтимоиву иқтисодии имрўза, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кору зиндагӣ мекунанд, тарҳрезӣ ёфтани андешаи миллӣ ва амалӣ гардидани ғояву принсипҳои фарҳанги миллӣ, ки барои бо роҳи осоишта ва оқилона ҳал кардани низоъ ва мушкилоти умумимиллӣ дар бунёду созандагии истиқлолияти миллӣ аз тарафи Президенти кишвар саҳми бузурге буд. Дар ҷомеае, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, ҳангоме ки сарнавишти мардум ва тақдири умумии ҷомеа ҳал мегардад, Пешвои миллат шудани Президент Эмомалии Раҳмон – изҳори ақидаи танҳо гурўҳи ашрофон ва ё ҷамъи арбобони давлату Ҳокимият нест, балки он иродаи аксарияти аҳолии кишвар, зиёиёни равшанфикру аксарияти аҳолии Тоҷикистон низ мебошад. Ин ақидаи ҷомеашиносоне мебошад, даст дар набзи рушди иҷтимоии мамлакат доранд ва аз дастовардҳои воқеии Тоҷикистони имрўза шукрона мегўянд. Вазифаи амалии мардум дар ин маврид, – изҳори боварӣ намудан ба Пешвои миллати бебақои худ, садоқатмандӣ, муттаҳидӣ, ҳамкории дастҷамъона ва ҳамдастии муташаккилона дар созандагии ҷомеа мебошад.

Ҳамин тариқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дурахшонтарин шахситятҳоест, ки ин рисоалти муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукуҳи тамом таҷаллӣ ефтааст. Ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи намуда, обрӯю нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати дорои худшиносии миллидошта муаррифӣ намуд. Аз ин хотир таҷлили рӯзи Президенти мамлакат низ амри зарури буда, дар шароити имрузаи пешрафти Тоҷикистон хело муҳим мебошад.

Маҳмадизода Н.Д. доктори илмҳои фалсафа, профессор, декани факултети фалсафаи ДМТ

Ҳаитов Фирдавс Қаюмович,н.и.ф., дотсент, и.в мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон