НБО-И “РОҒУН” НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛХАЛҚИСТ

196

Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ба таври пурра ба истифода додани НБО-и «Роғун» нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

НБО-И “Роғун” саҳифаи наву комили соҳаи энергетикиву саноатии даврони соҳибистиқлолии мо ба шумор меравад. Ба он ваҷҳсаҳифаи нав мегӯем, ки маҳз Истиқлолият тавонист ба сохтмони ҳақиқии он сурати оғоз бахшад ва маҳз Истиқлолият буд, ки баъди интизориҳову мушкилоту монеаҳои зиёд аввалин агрегатҳои он ба истеҳсоли неруи барқ оғоз намуданд. Ҳамзамон, танҳо бо шарофати Истиқлолият моҳияту мақоми байналмилалии НБО-и Роғун барои ҷомеаи башарӣ пурра собит гардид ва бидуни ҳамагуна андешаи дигар НБО-и “Роғун” давоми мантиқии ҳамаи ташабаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин андеша ба он нуқта тавъам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб мебошад, ки ин худ як нишондиҳандаи нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аст.

Оғози соли 2017 ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гашта буд, ки пешниҳоди навбатии Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 – 2028) аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардид. Ахиран чанде пештар пешниҳоди панҷуми Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо низ пазируфта шуд, ки далели қатъии дар арсаи ҷаҳонӣ кишвари тасмимгузор будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Бояд махсус таъкид намуд, ки НБО-и Роғун дар партави ҳаминпанҷ ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон қарор дорад ва дар доираи ҳама панҷ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мувофиқу созгор мебошад. Ин пеш аз ҳама ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робита дорад, ки мубрамтарин масъалаҳои глобалиро дар арсаи байналхалқӣба миён гузошта тавонистаанд ва дар партави онҳо ҳамагуна баҳсу монеаҳоро дар масъалаи бунёди ин Неругоҳи бузург аз байн бурдаанд. Ба таври мисол “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”” барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши амиқ дорад, НБО-и “Роғун” ба тамоми маъно ба он ҳамоҳанг гардидааст, бунёди он рушди иқтисодии минтақаро таъмин менамояд ва дар ҳалли масъалаҳои экологии марбут ба об нақши амиқ дорад.

Яке аз ҳадафҳои қабул ва эълон гардидани даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ба масъалаҳои иқтисодиву беҳдошти зиндагӣ алоқаманд мебошад, ки дар заминаи он бояд зина ба зина дар самтҳои гуногун тарҳу лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардонида шаванд.

Яъне, дар шароити фоҷиаҳои бузурги экологӣ, ки дар натиҷаи истифодаи нафту газу саноати вазнин ба миён омадаанд, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан барои ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатҳои беҳудуд дорад. Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон кишваре мебошад, ки дорои имконоту воситаҳои бузурги тиҷоративу саноатиии ҳанӯз коркарднашуда аст. Чандин маротиба натиҷагириҳову ташхисҳову хулосаҳои комиссияҳои махсуси баландпояи байналмилалӣ собит намудаанд, ки захираҳои об асоси захираҳои энергетикии ҷумҳурии мо ба шумор мераванд. Факту рақами возеҳ аст, ки аз иқтидори гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда мешавад, имрўз қисматихеле ками он мавриди истифода қарор дода шудааст. Яъне Тоҷикистон бо риояи ҳама уҳдадориҳо ва бо назардошти манфиати кишварҳои поёноб ҳуқуқу имкон дорад, ки аз ин захираҳои худ васеъ истифода намояд.

Дар гузаштаи начандон дур ҳалли масъалаи бунёди ин Нерӯгоҳ шебу фарозҳои зиёде дошт, ки дар маҷмӯъ таърихи беш аз панҷоҳсола дорад. Дар таҷрибаҳо ва сиёсатҳои ҷаҳонӣ чунин масъалагузориҳо ва аз байн бурдани ихтилофҳо дар самти пурбаҳстарин лоиҳаҳо иқдому амали беназир мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори пуртаҷриба бо беҳтарин роҳи дипломатӣ ва бо пешниҳодҳои созандаашон барои ҷомеаи башарӣ ба ҳама ихтилофу гумонҳои ботил дар бунёди ин Неругоҳи аср нуқта гузоштаанд. Дар арсаи байналмилалӣ нуфузи рузафзун пайдо намудани кишвари мо аксари муаммоҳову баҳсҳои бепояро ба таври муназзам аз миён бурд ва дар масъалаи бунёди ин Неругоҳ ҷонибдорони зиёдеро ҳам пайдо намуд. Аз ҷумла, дабири кулли СММ Антониу Гутереш дар заминаи мушоҳидаҳои бевосита ҷонибдори рушди энергетикии кишвари мо буда, дар ин самт ба иқдомҳои Пешвои миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо пешниҳоду мавқеи торафт устуворшавандаи байналхалқии худ дар доираи арзёбии созмонҳои байналхалқӣаз рўи 98 фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра дохил мешавад.

Ҷомеаи башарӣ дар чанд соли охир бевосита шоҳид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳои бесобиқа захираҳои оби тозаву ошомиданиро дар рӯи сайёраи Замин кам гардонид. Дар Осиёи Марказӣ захираҳои оби минтақа бештар дар ҳудуди ду кишвари болооб – Тоҷикистон (ҳудуди 60%) ва Қирғизистон (зиёда аз 25%) ба вуҷуд меояд. Қисмати бештари ҳаҷми ин обҳо аз пиряхҳо ташакул меёбанд ва ин маънои онро дорад, ки захираҳо беохир нестанд. Чунин ҳолат хоси дигар манотиқи ҷаҳон низ ҳаст ва бесабаб нест, ки ҳамасола 22 март чун рӯзи захираҳои обӣ таҷлил мешавад ва таваҷҷуҳи оламиён ба ин масъала торафт ҷиддитар мегардад. Аз ҷониби СММ ба роҳ гузоштани ин таҷлил даъват ба ҳалли проблемаҳои марбут ба об аст. Дар Тоҷикистон дар давоми чанд даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пирях бо иллати гармиҳои бесобиқа аз байн рафтаанд ва ин раванд идома дорад. Обанбори ояндаи Роғун як василаи нигаҳ доштани захираҳои об мегардад ва дар солҳои гарму камобӣ имкон ҳаст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳаҷми муайяни об таъмин намояд.

НБО-и Роғун аҳамияти байналхалқӣ дошта, раванди бунёди он ошкоро сурат мегирад ва ҳама лоиҳаву нақшаҳои онро комиссияҳои зиёд даҳҳо маротиба омӯхтаанд. Баръакс, Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки тамоми ниҳодҳои марбутаи байналмилалӣ ҷараёни сохтмонро омӯзанду аз раванди корҳо огаҳ бошанд. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки “…ташкил ва таъмин намудани мониторинги техникиву технологии сатҳи байналмилалӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё иборат аст, зарур ва ҳатмӣ мебошад”. Ҳанӯз дар соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхису ҷавобгӯ гардидан ба тамоми талаботҳои фанниву техникии бехатарӣ дар бунёди ин Неругоҳ ба Бонки ҷаҳонӣ тамоми лоиҳаҳову ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуда буд. Дар маҷмӯъ ин омӯзишу таҳлилҳо 7 сол идома ёфт ва моҳи сентябри соли 2014 раванди ҳама ташхисҳо бо баҳогузории мусбат ба анҷом расид.

То имрӯз барои корҳои сохтмонии иншооти мазкур миллиардҳо сомонӣравона гардидааст. Моҳияти байналхалқии ин неругоҳаст, ки бо мақсади ҷалби маблағгузорӣбарои анҷом додани НБО –и «Роғун» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣва дигар шарикони рушд ҳамкориҳои пайвастаро ба роҳ гузоштааст. Яъне мувофиқи ҳама арзёбиҳо, лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» аз нигоҳи муҳандисӣ, техникӣ, бехатарӣ, экологӣ, меъёрҳои зиёди байналмилалӣ ва аз ҳама муҳим – масъалаи иқтисодӣ ҷавобгӯи ҳама ченакҳову муқарарот мебошад ва бо назардошти манфиати умумии давлатҳои зиёди сераҳолии минтақа бунёд мегардад.

Моҳи июни соли 2017 ташрифи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» (12 июни соли 2017) гувоҳи он аст, ки НБО-и Роғун ва дигар масъалаҳои вобаста ба онро бузургтарин созмони ҷаҳонӣ эътирофу пуштибонӣ менамояд. Антонио Гутерреш дар доираи ин ташриф чунин иброз дошта буд: “Яке аз мақсадҳои рушди устувор масъалаҳои марбут ба об ва экология дар сатҳи минтақаву ҷаҳон аст, ки дар ҳалли он ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳиму саривақтӣ мебошанд”.

Дар ҳошияи ин таъкиди А. Гутериш бояд махсус зикр намуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, дар меҳвари он бидуни ҳамагуна баҳс бунёди НБО-и “Роғун” қарор мегирад. Бунёди Неругоҳи мазкур танҳо рушди иқтисодии Тоҷикистон нест, балки дар оянда ҷумҳуриҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Афғонистону Покистон соҳиби энергияи арзону дастрас мегарданд.

Таваҷҷуҳи оламиён ба Неругоҳи мазкур, ки дар Осиёи Марказӣ бузургтарин аст ва бо баландии сарбанди худ дар ҷаҳон дар радифи даҳгонаи аввал қарор мегирад, хеле зиёд мебошад.

Бесабаб нест, ки танҳо дар давоми соли 2023 зиёда аз 700 нафар сайёҳи хориҷӣаз он дидан кардаанд. Бо назардошти мақоми байналмилалӣ доштани иншооти мазкур моҳи июни соли ҷорӣНоиби Президенти Бонки ҷаҳонӣоид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан намуда, дар заминаи шиносоӣба раванди корҳои бунёдкорӣва умуман, сатҳу сифату суръати корҳо баҳои баланд дод. Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини, ки дар бунёди неругоҳ саҳм мегузорад, соли 2016 чунин таъкид намуда буд, ки «…бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳама корҳо дар он барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд».

Дар моҳият ва таъйноти байналхалқӣдоштани иншооти мазкур ягон баҳси дигаре вуҷуд надорад ва онро Роҳбари давлатамон ба таври пайваста таъкид менамоянд. Агар ба таърихи бунёди сохтмони он назар афканем, замоне давлатҳое чун Русия, Чин ва Покистон ҳавасманди ба уҳда гирифтани сохтмони он буданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар дар ташрифи нуздаҳуми худ ба маҳалли сохтмон дар суҳбаташон бо ҷамъияти меҳнатии ин коргоҳ чунин қайд карда буданд: “…Чун “Роғун” барои садсолаҳо на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои минтақа бунёд мешавад, муҳимтар аз ҳама, ба сифати баланди корҳои сохтмону васлгарӣ аҳаммияти аввалиндараҷа додан зарур аст”. Моҳи июни соли 2017 мутахассисони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва коршиносони ширкати «Oppenheimer» барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом дода буданд. Нисбат ба шаффофияти корҳои сохтмонӣ намояндагони ин ширкати бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ ба чунин натиҷагирӣ расида буданд, ки «…раванди татбиқи лоиҳаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде дар ин сохтмон анҷом дода шудаанд ва таассуроти мо барои ҳамкории минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард”.

Ҳамзамон, Тоҷикистон аъзои Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал мебошад ва дар оянда обанбори Роғун дар ҳалли мушкилоти баҳри Арал мусоидат менамояд. Дар мавриди дигар ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ҳамсоякишварҳои поёнобро дар масъалаи таъмини об зери фишор қарор намедиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳи сентябри соли 2019 дар ин масъала зимни мусоҳибаашон бо хабарнигори шабакаи маъруфи телевизионии «Ал-ҷазира»-и Давлати Қатар чунин гуфта буданд: “Асосан он обе, ки дар ин обанборҳо ҷамъ мешаванд, барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мешаванд, мо кишвари кӯҳистонӣ ҳастем, наваду се фи сади Тоҷикистонро кӯҳҳои бениҳоят баланд ташкил медиҳанд… Яъне, обро мо асосан барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мекунем ва дигараш ба кишварҳои поёноб меравад…”

Дар ҳақиқат Тоҷикистон ба бунёди иншооте рӯ овардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он баҳои мусбат медиҳад. Моҳи майи соли 2018 ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ таҳти сарварии Падамжа Ханделвал, ки роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон мебошад, зимни боздид аз ин иншооти бузурги стратегӣ чунин бардошт ҳосил карданд, ки НБО-и «Роғун» иншооти хеле бузург ва стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт Тоҷикистон кори ниҳоят бузургро азм кардааст.

Моҳиятибайналхалқӣ доштани ин Неругоҳ ҳеҷ гоҳ аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намемонад. Моҳи ноябри соли 2018 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” чунин таъкид намуда буд: “Ин лоиҳа барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро дар доираи лоиҳаи интиқоли неруи барқи «Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (маъруф ба CASA-1000) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз истифодаи неруи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда манфиат ба даст меоранд”. Нависанда, адиб ва таҳлилгари бузурги сиёсӣ Александр Проханов соли 2016 нисбат ба ин сохтмони аср чунин таъкид кардаааст: “Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шуравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро франсузҳо, итолиёвиҳо ва германиҳо низ гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Япония, Германия ва Беларус кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дўстдоштаи умумӣ парастиш мекунанд”.

Сарбаландиву нишони нангу номуси баланди халқи тоҷик дар назди ҷомеаи башарӣ мебошад, ки ду агрегати ин Неругоҳи бузурги ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ин баъд равобити кишварҳои минтақа бо Тоҷикистон гармтар мешавад ва ҳамчун як давлати содиркунандаи бузурги неруи барқ дар инкишофи иқтисодии дигар давлатҳо мусоидат карда метавонад.

Аз ҷониби дигар Тоҷикистон ҳамчун тавлидкунандаи “иқтисоди сабз” дар ҳалли проблемаҳои эклогиии сайёра ҳисса мегузорад.

Равандҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ собит гардонидааст, ки инкишофи ояндаи ҷомеаи башарӣ маҳз ба “иқтисоди сабз” алоқаманд аст. Бо ин ҷиҳат Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2050 истеҳсоли ин навъи энергиятро ду маротиба афзоиш диҳад. Имрӯзҳо натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ низ аз пешрафти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ҳавасманду манфиатдор мебошанд.

Илёс ҒАФФОРЗОДА ,

доктори илмњои ҳуқуқ, профессор,

муовини ректор оид ба

муносибатҳои байналмилалии ДМТ